Дар шаҳри Намангон марҳилаи ҳалкунандаи ҷумҳуриявии озмуни «Оилаи ҷавони китобдӯст» баргузор гардид, ки он дар доираи «Олимпиадаи панҷ ташаббус» бо пешниҳоди Президенти кишвар ташкил карда шудааст.
Дар ин марҳила 14 ҷуфти оилавии то 30-сола аз Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, тамоми вилоятҳо ва пойтахт иштирок карданд.
Қайд кардан лозим аст, ки ин лоиҳа дар тарғиби фарҳанги китобхонӣ миёни оилаҳои ҷавон ва рушди муҳити эҳтироми мутақобил нақши муҳим мебозад. Мисоли равшани ин он аст, ки тақрибан 97 ҳазор оилаи ҷавон аз саросари кишвар барои иштирок дар мавсими нави озмун ба таври онлайн ариза пешниҳод кардаанд.
Аз рӯйи натиҷаҳои озмун, оилаи Эшонқуловҳо, ки дар маҳаллаи «Қуёш»-и шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканд зиндагӣ мекунанд, бештарин холҳоро ба даст оварда, ғолиби озмуни «Оилаи ҷавони китобдӯст» гардида, соҳиби автомобили барқии BYD Chazor шуданд.
Суратгир: Ҳ. Мамадалиев (ӮзА).