Образҳои таърихӣ дар оинаи рангҳо

Дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд таҳти унвони «Қадрият» намоишгоҳи шахсии аъзои Иттиҳоди эҷодкорони бадеии Ӯзбекистон, намояндагони номии санъати минётура, рассомони шинохта Баҳодур ва Беҳзод Ҳоҷиматовҳо баргузор шуд.

Дар намоишгоҳ, ки зиёда аз 80 асарро дар бар мегирад, намунаҳои минётура ва санъати амалӣ ҷойгоҳи махсус доранд. Дар ин асарҳо воқеаҳои таърихӣ, образҳои миллӣ ва ғояҳои тарбиявӣ бо забони рангу тасвирҳо инъикос ёфтаанд. Мазмуну муҳтавои онҳо ба замони имрӯз ҳамоҳанг буда, аҳамияти маънавию тарбиявӣ доранд.

Мусаввирон дар Омӯзишгоҳи рассомии ба номи П. Бенков, Институти театр ва рассомии Тошканд ва Институти рассомии миллӣ ва дизайни ба номи Камолиддин Беҳзод таҳсил намудаанд.

Баҳодур Ҳоҷиматов соли 1951 дар шаҳри Тошканд таваллуд шудааст. Ӯ ба санъати миниатура ва наққошии амалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ташаккул ва рушди мактаби анъанавии минётура саҳми арзанда гузоштааст. Асарҳояшро дар рӯйи чӯб, коғаз, мис ва металл бо сабки хос офаридааст.

Дар эҷодиёти ӯ образҳои шахсони бузурги таърихӣ ҷойгоҳи махсус доранд. Ӯ бо медали «Шуҳрат» ва «Медали тиллоӣ»-и Иттиҳоди эҷодкорони бадеии Ӯзбекистон сарфароз гардонда шудааст.

Беҳзод  Ҳоҷиматов низ соли 1979 дар шаҳри Тошканд таваллуд шуда, аз бачагӣ дар устохонаи падар ба ин санъат меҳр пайдо кардааст. Ӯ дар институти таҳсилкардаи худ дар вазифаҳои мудири кафедра ва проректор кор кард. Барои Маркази тамаддуни исломи Ӯзбекистон як силсила асарҳо офарид.

Ӯ раҳбари шуъбаи «Миниатура»-и Иттиҳоди эҷодкорони бадеии Ӯзбекистон мебошад.

Асарҳои онҳо дар хонаҳои эҷодии мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон ба намоиш гузошта шудаанд.

Ҳасан АБДУНАЗАРОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: