ё худ меҳнати ноаёни кормандони соҳаи ободонӣ
Имрӯз масъалаи тозагӣ аҳамияти боз ҳам бештар пайдо кардааст. Кӯчаҳои пур аз партов, ҳавои олуда ва муҳити ифлос на танҳо ба ҳусни шаҳр таъсир мерасонад, балки ба саломатии инсон низ хатар эҷод мекунад. Табибон борҳо таъкид кардаанд, ки бисёр бемориҳо маҳз аз муҳити нопок сар мезананд.
Тозагӣ аз худи мо оғоз меёбад. Аз напартофтани як коғаз ба замин, аз ҳифзи як дарахт ва аз тоза нигоҳ доштани ҳавлие, ки ҳар саҳар рубучин мекунем. Агар ҳар як шаҳрванд худро масъул ҳис кунад, атрофу муҳит худ ба худ симои дигар мегирад.
Хушбахтона, дар ҷомеаи мо анъанаи покизарӯзгорӣ решаҳои чуқур дорад. Дар фарҳанги ниёгонамон тозагӣ ҳамеша ҳамқадами имон дониста мешуд.
Чуноне ки Паёмбари Ислом (с.а.в.) фармудаанд: «Тозагӣ нисфи имон аст». Аз ин рӯ вазифаи мо ин арзишро ба насли нав – на танҳо бо сухан, балки бо амал расондан мебошад.
Ҳар саҳар, вақте ки мардум ба кори худ мешитобанду ба ҳаёти рӯзмарра ворид мешаванд, гурӯҳе аз одамон аллакай ба кори пурмашаққати худ оғоз мекунанд. Инҳо кормандони соҳаи ободонӣ мебошанд – нафароне, ки бо меҳнати содиқонаи худ симои шаҳру деҳотро зебо ва зиндагиро бароҳат мегардонанд.
Тозагӣ, тартиб ва ободии кӯчаю хиёбонҳо натиҷаи заҳмати шабонарӯзии ҳамин кормандон аст. Онҳо дар гармои тоқатфарсои тобистон, дар сармои зимистон ва ҳатто дар рӯзҳои боронӣ аз кори худ даст намекашанд. Ҷорӯб ба даст бо масъулият, ҳар рӯз кӯчаҳоро тоза, партовҳоро ҷамъ ва муҳити зистро тоза нигоҳ медоранд.
Мутаассифона, на ҳамеша заҳмати онҳо қадр мешавад. Мо аксар вақт танҳо натиҷаи кори онҳоро мебинем, аммо дар бораи машаққат, сабр ва меҳнати онҳо кам меандешем. Ҳоло вақти он расидааст, ки ба меҳнати ин шахсон бо чашми дигар нигарем: бо эҳтиром, қадршиносӣ ва дастгирӣ. Як сухани сипос, як муносибати нек ва як риояи тозагӣ аз ҷониби ҳар яки мо метавонад қадре аз заҳмати онҳоро сабуктар намояд.
Имрӯз кормандони соҳаи ободонии ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд бо фаъолияти намунавии худ нишон медиҳанд, ки ободии маҳал аз ҳисси масъулият ва муҳаббат ба ҷойи зист оғоз меёбад. Онҳо бо фаъолияти худ на танҳо атрофу муҳитро тоза нигоҳ медоранд, балки фарҳанги шаҳрнишинӣ ва эҳтиром ба меҳнатро низ дар ҷомеа тарғиб менамоянд.
– Корҳои созандагие, ки дар кишварамон анҷом дода мешаванд, барои арҷгузории шаъну шарафи инсон ва беҳтар кардани зиндагии аҳолӣ равона карда шудааст, – мегӯяд сармутахассиси корхонаи ободонии ноҳияи Мирзо Улуғбек Луиза Зиёева. – Тибқи қарори Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба ободонӣ, кабудизоркунӣ ва куллан беҳтар кардани намуди зоҳирии маҳаллаҳо» як қатор вазифаҳо барои фаъолияти Раёсати ободонӣ муқаррар карда шудаанд.
Дар солҳои охир барои барқарорсозӣ ва муосирсозии шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ бо мақсади ба вуҷуд овардани инфрасохтори роҳу нақлиёт чораҳои васеъмиқёс амалӣ шуданд. Ободкунии шаҳрҳо, марказҳои вилоят ва ноҳияҳо, шаҳракҳо ва маҳаллаҳо, аз ҷумла тавассути тақвияти пойгоҳи моддию техникии шуъбаҳои ободонӣ ва муҷаҳҳаз кардани онҳо бо воситаҳои нақлиёти махсус ва муосир ба куллӣ беҳтар карда шуд. Як қатор чораҳо барои такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа андешида шуданд.
Ҳар сол саросари кишвар баҳри вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ чорабиниҳои васеъмиқёс баргузор мегарданд.
Тибқи фармони Девони Вазирон, дар доираи Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» дар «Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият» ва лоиҳаи миллии «Макони сабз», ду рӯз аст, ки таҳти шиори «Ободии кишвар, пеш аз ҳама, аз маҳалла оғоз мешавад!» ҳашари умумихалқӣ баргузор мегардад. Ҳадафи ҳашар татбиқи чораҳо оид ба ободонии маҳаллаҳо, майдонҳо, мавзеъҳои истиқоматӣ, майдончаҳои бозӣ, зиёратгоҳу қабристонҳо, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фарҳанги санитарию гигиенӣ мебошад.
Дар партави қарору дастурҳо ҷиҳати вусъат бахшидани ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар маҳаллаҳои «Алишер Навоӣ», «Шукур Бурҳонов», «Катта Қарасув», «Олтинтепа», «Султония», «Мевазор», «Гулзоробод» ва дигар маҳалҳои ноҳия корҳои зиёде анҷом меёбанд, ки ин иқдом барои беҳдошти муҳити зист ва таҳкими фарҳанги тозагӣ равона карда шудааст. Ин гуна ташаббусҳо ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақвият медиҳанд. Зеро ободии ҳар маҳал аз масъулият ва саҳми ҳар яки мо оғоз меёбад.
– Тозагӣ эҳтиром ба худ, ба дигарон ва табиат аст. Агар мо ояндаи солим ва зеборо хоҳем, пас бояд имрӯзро аз тозагӣ оғоз кунем. Зеро ҷомеаи тоза – ҷомеаи пешрафта аст, – мегӯяд сардори ҳудуди корҳои ободонии мавзеи Қарасу Соҳиба Юсупова. – Ман 40 сол инҷониб дар ин соҳа кор мекунам. Аз ноҳияи Янгиобод пагоҳӣ соати 7 ба кор меоям. Кори мо пурмашаққат, аммо шарафнок аст. Моҳонаам 4 миллион сӯмро ташкил медиҳад, аммо аз рӯйи собиқаи корӣ маошамон меафзояд, ки ин моро руҳбаланд мекунад. Аз ҷониби роҳбарияти корхона ва ҳокимият ходимони фаъол рағбатонида мешаванд. Инчунин барои хӯрок ҷубронпулӣ пардохт мешавад.
– Баъзан ба мо намояндагони баъзе ташкилот ё одамони саховатпеша чой, қаҳва ё хӯроки гарму ширинӣ пешкаш мекунанд, – гӯён ба суҳбати мо ҳамроҳ шуданд кормандони дигар Ойсулув Алпомишова, Холида Исроилова ва Наргиза Ғойибназарова. – Онҳо бо ин роҳ барои меҳнату заҳмати мо изҳори сипос мекунанд. Мо фахр мекунем, ки дар таъмини тозагӣ, зебою дилнишин шудани кӯчаю хиёбонҳои кишвар саҳм мегузорем.
Бояд қайд кард, ки дар бисёр минтақаҳо партовпартоӣ ба ҷойҳои номуайян, саривақт тоза накардани иншооти истиқоматӣ ва иҷтимоӣ, беэътиноӣ ба майдончаҳои бозии кӯдакон як ҳодисаи маъмулӣ аст. Ин аз як тараф, ба фарҳанги нокифояи экологии аҳолӣ ва аз тарафи дигар, ба он вобаста аст, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифаҳои худро ба таври кофӣ иҷро намекунанд.
Чуноне ки Президент Шавкат Мирзиёев таъкид кардааст, бунёдкорӣ ва ободонӣ рамзи асосии рушд ва шукуфоии Ӯзбекистон мебошад. Беҳбудиҳои бузурги инфрасохторӣ, кабудизоркунии маҳалҳо ва бунёди боғҳои нав намуди зоҳирии кишварро ба кулли тағйир дода, сатҳи зиндагии аҳолиро баланд мебардоранд.
Аз ин рӯ, сокинон бояд дарк кунанд, ки ҳар яки мо барои нигоҳ доштани тозагӣ ва тартибот дар кӯчаву хиёбонҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ масъулем, зеро ҳар минтақаи тоза макони солим ва ҷолиб барои зиндагӣ аст, ки дар он роҳат ва оромӣ ҳукмронӣ мекунад.
М. Мамаҷонова,
хабарнигори «Овози тоҷик».