Лутфи бузургон
Шоир Салимшо Ҳалимшоро дар шиноснома «Алимшоев Салимшо» ном аст. Чанд шеърашро дар газетаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») чоп карданд ва имзояшро «Салимшоҳ Ҳалимшоҳ» ниҳоданд. Ҳамкорон хонданд, табрикаш карданд ва хостанд андешаи ӯро бидонанд. Салимшо гуфт:
– Кори хубе нашуд, акнун занам ҳам номамро талаффуз карда наметавонад.
ДУОИ САЛИМШО
Шоир Салимшо Ҳалимшо аз пеши хонаи ҳамсояаш мегузашт. Писараки хурдсоле, ки пеши дар нишаста буд, бо камоли одоб ба устод салом гуфт ва ба хона даъват кард. Салимшо пурсид:
– Ту писари кистӣ?
– Писари фалон шоир.
– Кош ҳамин ақлатро падарат медошт, – гуфт Салимшо ва роҳашро давом дод.
Ато МИРХОҶА.