Қабули сайёри ҳокими вилоят

Дар бинои Маркази малакаҳои касбии шаҳри Бухоро қабули сайёри ҳокими вилоят Ботир Зарифов ба амал омад.

Дар чорабинӣ на фақат сокинони шаҳри Бухоро, балки намояндагони дигар ҳудудҳои вилоят низ иштирок карданд. Дар давоми қабул, ки қариб 10 соат идома ёфт, муроҷиати 147 нафар шаҳрвандон оид ба соҳаи коммуналӣ, рафъи бекорӣ, муолиҷа, кумаки моддӣ, соҳибкорӣ, сохтмон ва меъморӣ, манзилу замин, мурофиаи судию ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, масъалаҳои ба манфиати умум дахлдошта аз қабили таъмири роҳ, таъминоти барқ, тоза кардани рӯду заҳкаш низ шунида шуд. Масъалаҳое, ки имконияти ҳалкунӣ доштанд, фавран бартараф карда шуданд. Масъалаҳое, ки барои омӯхтанашон вақт, баҳри амалӣ гардонданашон маблағ талаб мекард, иҷрои он дар муддати муайян ба мутасаддиёни соҳа ҳавола гардид. Байни муроҷиаткунандагон шаҳрвандоне низ буданд, ки баъди ҳалёбии масъалаҳояшон пас аз муроҷиат ба ҳокими вилоят дар қабули пештара баҳри сипос омадаанд.

Дар доираи барномаи қабули сайёр назорати тиббии аҳолӣ низ сурат гирифт.

А. Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: