Доруҳои бепул бояд саривақт дода шавад

Ҳифзи сиҳҳатии пиру ҷавони мамлакатамон ҳамеша дар мадди назар аст. Сарвари давлатамон аз рӯзи аввали вазифаи роҳбарӣ ба соҳаи тандурустӣ бахусус, фарматсевтика эътибори алоҳида дод.

 Аз ҷумла, рӯйихати дорувори беморони дар шароити амбулаторӣ муолиҷашаванда васеъ гардонда шуд.

Дар мамлакатамон беморони онкологӣ, сил, махав, эндокрин, рӯҳӣ, бемороне, ки ҷарроҳии протези сарпӯши дил ва кӯчонидани узвҳоро аз сар гузарониданд, гемодиализ мегиранд, нафақахӯрони якка, ки муҳтоҷи парвариши дигаронанд, иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон ва шахсони бо ӯ баробар ва ғайра ҳуқуқ доранд мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳифзи сиҳҳатии шаҳрвандон», «Дар бораи фаъолияти фарматсевтика ва воситаҳои доруворӣ» ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба «Таъмини дорувориҳои боимтиёз дар амбулатория» аз дорувориҳои барои касалии онҳо пешбинишуда ва бо пешниҳоди мутахассиси соҳа бепул истифода баранд.

Ба мақсади аз имкониятҳои фароҳамовардашуда то чӣ андоза истифода бурдани шаҳрвандонро донистан, роҳи поликлиникаи рақами 66-уми ноҳияи Янгиҳаёти пойтахтро пеш гирифтем.

Ҳамсуҳбатамон бошандаи маҳаллаи Гулшанобод Ҳақбердӣ Тилаковро аз соли 2012 инҷониб бемории фишори баланди хун безобита мекардааст. Баъдтар ба ӯ ташхиси касалиҳои қанд, аритмия ва хурӯҷи дилро гузоштаанд. Азбаски бо бемории диабети қанд ба рӯйихат гирифта шудааст, доруи «Метформин» ба ӯ бепул дода мешуд. Аммо аз сабаби норасоӣ моҳҳои ноябр, декабри соли гузашта ин дору ба ӯ дастрас нашудааст.

Ба гуфтаи Ҳ. Тилаков, вақтҳои охир касалии меъдаву рӯда низ ӯро азият медодааст. Баъди ташхисгузорӣ ба ӯ доруи «Sakolin»-ро додаанд, ки ба муддати охири истеъмоли он як моҳ монда будааст.

–  Табиист, ки ин дору то муддати охир дар дасти ман боқӣ мемонад. Ман хоҳиш мекунам, ки мутасаддиён сари вақт ва дар муддати тӯлонӣ додани доруҳои заруриро таҳти назорат гиранд. То ки чунин ҳолат сабаби асабонӣ шудани бемор нагардад, ҳазорон нафар беморон аз имтиёзот истифода баранд ва баробари ин буҷети давлат низ зарар набинад.

Пас аз он бо сардухтури поликлиникаи мазкур Сайидо Худойбердиев суҳбат оростем. Ӯ таъкид кард, ки ҳоло мувофиқи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав беш аз 80 намуди доруворӣ ба аҳолӣ бепул дода мешавад. Маблағе, ки барои ин ҷудо карда мешавад, се баробар зиёдтар гашт. Ҳоло дар саросари мамлакатамон ба беморони диабети қанд доруҳои инсулин ва метформин ва ба 300 ҳазор нафар, ки ба онҳо ташхиси фишори баланди хун гузошта шудааст, доруи эналаприл бепул дода мешавад. Инчунин дар поликлиникаи мо барои пурзӯр гардондани профилактикаи тиббӣ доир ба пешгирӣ ва саривақт муайян кардани касалиҳои онкологӣ, эндокринологӣ, фишори баланди хун, инсулт, инфаркт ва расонидани кумаки статсионарӣ чораҳои зиёд андешида мешаванд.

Далер Азизов,

хабарнигори «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: