Ҳоло моҳи муборак ва пурфайзи Рамазон идома дорад. Ин моҳи шариф тӯли асрҳо барои ҳар як хонадони аҳли муслими мо чун анъанаи қадимии ниёгон азизу мукаррам буду ҳаст. Солҳои соҳибистиқлолии мамлакат эътибор ба ин моҳи пурфазилат хеле афзуд.
Дар қарори Президент «Дар бораи ба тарзи шоиста гузаронидани моҳи мубораки Рамазон» аз 16 феврали соли ҷорӣ аз ҷумла чунин омадааст: «Солҳои охир дар мамлакат ба шарофати ислоҳоти густурда, ки ҷиҳати таъмин кардани қадру манзалат, ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон, таҳкими фазои сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа, инчунин ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус табақаҳои ниёзманд амалӣ мегарданд, моҳи мубораки Рамазон, ки дар худ моҳияти инсонпарваронаи дини муқаддаси ислом, ғояҳои ҳамбастагӣ, саховат ва шукргузориро таҷассум менамояд, ба дили халқи мо боз ҳам наздиктар ва азизу муътабар мегардад».
Суҳбати мо бо имом-хатиби масҷиди ҷомеъи «Чаҳор Бакр» («Чорбакр»)-и ноҳияи Бухоро, директори Маркази илмию тадқиқотии «Баҳоуддини Нақшбанд», доктори фалсафа оид ба фанҳои исломшиносӣ (PhD) Азизхӯҷа Иноятов ба ин моҳи муборак марбут аст.
Азизхӯҷа Иноятов 6 майи соли 1974 дар деҳаи Ӯзбекони ноҳияи Бухоро дар оилаи омӯзгор таваллуд ёфтааст. Вай соли 1990 дар мактаби миёнаи рақами 22, солҳои 1990-1993 дар омӯзишгоҳи миёнаи махсуси «Мири Араб», солҳои 1994-1995 дар курси забони арабии Донишгоҳи «Ал-Азҳар»-и Миср, солҳои 1995-1999 дар Донишгоҳи исломии Мадинаи Арабистони Саудӣ, солҳои 2005-2011 дар Донишгоҳи давлатии Бухоро таҳсил гирифтааст.
Солҳои 1993-1994, 1999-2012 мударриси омӯзишгоҳи миёнаи махсуси «Мири Араб», солҳои 2011-2015 имом-хатиби масҷиди ҷомеъи «Хоҷа Таббанд»-и шаҳри Бухоро буд. Азизхӯҷа Иноятов аз соли 2025 директори Маркази илмию тадқиқотии «Баҳоуддини Нақшбанд» аст.
– Домулло, аввало моҳи Рамазони шариф муборак шавад. Медонем, ки «Қуръони Карим» дар ин моҳ нозил шудааст. Нахуст дар бораи фазилатҳои ин моҳ таваққуф мекардед.
– Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим, Аллоҳи таоло бо лутфу карами худ баъзе моҳҳоро аз дигарашон афзал кард. Аз байни дувоздаҳ моҳ баъзеашонро барои ибодатҳои маълум интихоб намуд. Байни ин гузидашудаҳо беҳтаринаш моҳи Рамазон аст. «Пайғамбарамон (с.а.в) ба саҳобаҳояшон гуфтаанд: «Эй саҳобагон, шаҳри (моҳи) мубораки Рамазон омад. Аллоҳи таоло дар ин моҳ ба шумо рӯзадориро фарз кард. Бояд бидонед, дар ин моҳ дарҳои ҷаннат боз ва дарҳои дӯзах баста мешаванд, шайтонҳои саркаш занҷирбанд мегарданд».
Дар ин ҳадис баъзе фазилатҳои моҳи шариф ифода ёфтааст. Аввало муборак будани Рамазон таъкид мегардад. Маънои муборак баракатнокист, яъне муҳлат ва рӯзҳояш маҳдуд бошад ҳам, аҷру савобаш зиёд, мукофоти ваъдакардааш бисёр аст. Яке аз ин арҷҳо боз намудани дарҳои ҷаннат мебошад. Зотан дарҳои ҷаннат ҳамеша кушодаанд, вале кушодашавии онҳо дар моҳи Рамазон дигар маънӣ дорад. Бо каме майлу хоҳиш ба он ворид шудан имконпазир аст. Аллоҳи таоло дарҳои ҷаҳаннамро занҷирбанд мекунад. Баъзе олимон ақидае доранд, ки ҳар шахси дӯзахӣ, агар дар ин моҳ вафот кунад, бо шарофати Рамазон аз азоби ҷаҳаннам наҷот меёбад, яъне эмин мемонад. Дар ин моҳ на ҳамаи шайтонҳо, балки фақат шайтонҳои саркаш занҷирбанд карда мешаванд. Онҳо одатан ба одамоне таҳдид мекунанд, ки ба ибодат, ба амалҳои нек, корҳои савоб майл доранд, зеро аз касони беибодат, аз Аллоҳ барканор, Худоношинос, аз ғаму ташвиши мардум берун умед нест. Онҳо бефарқу бепарвоянд. Эшонро шайтонҳои хурд ҳам бероҳа карда метавонанд. Аммо шайтонҳои саркаши ваҳшатовар ба мардуми боибодат ҳуҷум карда, ба халалдор шудани рӯза, кам кардани фазилати он саъй мекунанд, бо корҳои беҳуда гузарондани шаб водор месозанд. Пайғамбар алайҳиссалом водор месозанд, ки ба ибодат таъҷил намоем.
– Оё рӯза балогардон аст?
– Оре. Банда мехоҳад, ки аз азоби Аллоҳи таоло дар канор, эмин ва ҳамеша дар амон бошад. Барои ҳифзи худ аз ҳар гуна офату балоҳои заминию осмонӣ бояд сипар, паноҳе дошта бошад. Тавре ки гуфтем, ин сипар рӯзадорист. Ҳоло, ки моҳи соҳибшавӣ ба сипари рӯҳу пайкар (вуҷуд) фаро расидааст, бояд аз он самаранок истифода барем ва аз Офаридгор паноҳ ёбем. Касе, ки дар ин рӯзҳо як нафл, яъне ибодат некӣ кунад, Аллоҳи таоло ба вай аҷру мукофоти ҳафтод некиро медиҳад. Дар ривояти дигар аҷру савоби 70 фарзро медиҳад, – гуфта шудааст.
– Рӯзаро моҳи сабру қаноат низ меноманд...
– Ҳақ аст. Аллоҳи таоло дар моҳи Рамазон барои онҳое, ки сабру қаноат рӯза мегиранд, инъоми беҳисоб дорад. Дар ин моҳ бояд ҳам аз неъматҳои моддӣ ва ҳам маънавӣ собир бошем, яъне сабру қаноат кунем. Худдорӣ аз неъматҳои моддӣ чандон душвор нест. Алҳол дар ин фасли сол, ки ҳаво аксаран муътадил асту гармою сармо надорад, сабр кардан душвор нест, вале худдорӣ аз амалу рафтори мамнӯъкардаи Илоҳӣ кори саҳл нест. Хусусан, ба онҳое, ки дурӯғгӯй ҳастанд, «тарки одат амри муҳол» аст. Ҳар касе, ки дар моҳи Рамазони шариф аз гуфтори дурӯғ, амалу корҳои номатлуб худдорӣ намекунад, гуруснанишинии вай нафъе надорад. Ин яке аз талабҳои асосии қоидаи рӯзадорӣ аст. Сохтакорӣ низ хилофи рӯзадорист. Ҳатто табассуми сохта, суханони сохта, салому муомилаи сохта, таълифоти сохта ва ғайра рӯзадориро халалдор месозанд ва чунин рафтор аҷру савобе надорад.
Абуфазл ҳадисе оварда: «Рамазон – моҳи сабр, савоби сабр – ҷаннат» гуфтааст.
– Яке аз талабҳои асоситарини моҳи муборак тиловату қироати «Қуръон» аст.
– Бешубҳа, мубораку фазилатнокии моҳи Рамазон туфайли «Қуръон»-у рӯза аст. Беҳуда нест, ки ин моҳро моҳи Қуръон низ меноманд. Қироати Қуръон, зикри Аллоҳ дар арзу само обрӯю эътибори инсон аст.
Усмон ибни Аффон гуфтаанд: «Агар дилҳоятон тоза мешуд, аз тиловати Каломи шариф сер намешудед. Дар диле, ки ғаш дорад, ин кирдори бад қалбашро ба санг табдил додааст, «Қуръон» намегунҷад.
Имом Ҷалолиддин Суотӣ (с) «Қуръон муъҷизаҳо дорад, яке аз онҳо он аст, ки хонандаи «Қуръон» ҳаргиз дилгир намешавад», – гуфтаанд. Аз Абдуллоҳ ибни Амр (р.а) ривоят кардаанд: «Расулуллоҳ (с.а.в) рӯзаю Қуръон – ҳар ду бандаро Рӯзи қиёмат шафоат мекунанд: Рӯза: «Эй худо, ман ӯро рӯзҳо аз ғизо ва шаҳват боздоштам, шафоатамро дар бораи вай қабул кун», – мегӯяд. «Қуръон» – «Ман ӯро шабҳо аз хоб боздоштам шафоатамро нисбати вай қабул фармо», – мегӯяд. Яъне, ҳар ду шафоат мекунанд», – гуфтаанд.
– Фикри Шумо дар бораи хайру саховат, ифтори моҳи Рамазон чист?
– Саховат, эҳсон, дилёбӣ... инҳо фазилатанд. Ибни Моҷа (р.а) ривоят дорад. «Набӣ (с.а.в) «Касе, ки ба як рӯзадор ифторӣ диҳад, ба вай ба андозаи аҷри рӯзадорон аҷр мерасад, аз ҳисоби аҷри онҳо (рӯзадорон) чизе кам намешавад», – гуфтаанд. Боз гуфтаанд: «Касе ба як рӯзадор ифторӣ диҳад, ин савоби озод кардани як ғулом (бандӣ) ва барои мағфират шудани гуноҳҳояш аҳамият дорад».
Шукр, ки дар моҳи пурфазилати Рамазон қарор дорем. Аз Аллоҳи таоло илтиҷо карда бо Каломи ӯ машғул шудан, бо ин Калом ошно гардидани фарзандон, зурриётҳоямонро мепурсем. Пайғамбар алайҳиcсалом гуфтаанд: «Онҳое, ки ба ҷавонон раҳму шафқат надоранд, ҳақи бузургонамонро намешиносанд, аз мо нестанд, яъне ҳамроҳи мо нестанд».
Пас, фарзандонро бояд ҳалолу покиза хӯронем, пӯшонем, муҳимтаринаш боодобу хушахлоқ карда, дар рӯҳи фазилатҳои беҳтарини инсонӣ тарбия кунем. Беҳтарини тарбия барои онҳо шиносоӣ бо Каломи шариф ва дарк намудани фарзҳои фармудаи Аллоҳ аст.
Рӯзадорӣ бошад як намуди тарбияи моддию маънавиест.
Умедворем, ки Худованди Карим имсол моҳи Рамазонро барои диёри азизу биҳиштӣ ва халқи ҳимматбаландамон ба моҳи пурфайзу барака ва фазилату манфиатҳои бузург табдил медиҳад.
– Барои суҳбати пурмазмун ташаккур.
– Саломат бошед.
Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.