Таърих ва анъанаҳои ҷашни Наврӯз

Наврӯз яке аз қадимитарин ҷашнҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Онро зиёда аз 3 ҳазор сол боз таҷлил мекунанд. Ҷашни мазкурро дар рӯзи баробарии баҳории сол – 21 март, ҳангоме ки табиат баъди зимистони дуру дароз бедор мегардад, қайд мекунанд.

Барои бисёр халқҳо ин рӯз рамзи оғози соли нав бинобар тақвими хуршедӣ мебошад. Манбаъҳои қадимӣ тасдиқ мекунанд, ки ҷашн аз маданияти зардуштиёни бостонӣ ибтидо мегирад. Дар тӯли асрҳо ин ҷашнро форсҳо, халқҳои турк, сокинони Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик таҷлил менамоянд.

Соли 2009 ҷашни мазкур ба рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО дароварда шуд, баъдтар, аниқтараш соли 2010 Ассамблеяи генералии СММ 21 мартро Рӯзи байналмилалии ҷашни Наврӯз эълон кард.

Дар Ӯзбекистон Наврӯз дар байни ҷашнҳои миллӣ мақоми хоса дорад. Барои сокинони мамлакат он нафақат ҷашни одии давлатӣ, балки боз қисмати муҳими анъанаҳои фарҳангист. Ҷашнест, ки аз қадимулайём дар қаламрави байни дарёҳои Сайҳуну Ҷайҳун, ки он ҷо шаҳрҳои машҳур чун Самарқанд, Бухоро, Хива ва Қӯқанд ҷойгузин мебошанд, истиқбол гирифта мешавад. Ин рӯз ҳамеша бо умеди ҳосили зиёд, ободониву сулҳу салоҳи олам алоқаманд буду ҳаст.

Яке аз рамзҳои асосии Наврӯз таоми анъанавии суманак ба шумор меравад. Вай бо омехтаи шираи сабзаи гандум, орд ва равған омода карда мешавад. Ҷараёни тайёр кардани суманак аксаран шабона бо дастҷамъӣ ва суруду рақсу бозӣ дар атрофи дегҳои бузург ба амал меояд, ки маросими воқеан халқӣ аст. Занон якҷо ҷамъ омада, бо навбат деги суманакро бо калбезҳои бузурги чӯбӣ меомезанд ва ҳамзамон бобати пухтани ин таоми идона қиссаву ҳикоя мегӯянд, сурудхонӣ мекунанд. Қисса ва ривоятҳое ҳастанд, ки гӯё ҳар касе деги суманакро меомезад, метавонад орзуву ормонеро дар дил бипарварад ва он, бидуни шубҳа, иҷро хоҳад шуд. Таоми тайёршударо чун одат ба ҳамсоягон, хешовандон ва дӯстон бахшу қисмат мекунанд, ки тимсоли саховатмандӣ ва ваҳдату ягонагии одамон аст.

Ҷашни Наврӯз бо сайру саёҳатҳои оммавии халқӣ идома мекунад. Дар шаҳру деҳот бозорҳо, намоишгоҳҳо, консертҳо, намоишҳои театрӣ ва мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ баргузор мегарданд. Яке аз бозиҳои машҳуртарини миллии он «гӯштӣ» ё «гӯштигирӣ» маҳсуб меёбад, ки то имрӯз идома дорад. Сабқати дигари варзишӣ, ки низ ба ҷашни Наврӯз марбут медонанд, бузкашӣ мебошад.

Ҳунармандону оҳангсозон бо сару либосҳои миллӣ бевосита дар хиёбонҳо баромад мекунанд. Онҳо таҳти садои асбобҳои мусиқии дутор, доира, рубоб, сурнаю карнай сурудҳои халқӣ ва эстрадӣ, ҳамчунин рақсҳои миллиро иҷро мекунанд.

Аз ин хурсандиҳо кӯдакону бачагон низ бебаҳра намемонанд. Барои онҳо пойга, арғунчакпаронӣ, бодпаракпарронӣ ва бозиҳои дигар ташкил карда мешаванд. Муҳити ҷашн бо хурсандии истиқболи баҳор, умедворӣ аз ҳосили фаровони Соли нав саршор мегардад.

Яке аз анъанаҳои хубу муҳими Наврӯз оштӣ додани одамони қаҳрӣ аст. Дар истиқболи Соли нав фаромӯш кардани озурдахотирӣ, ранҷишу аламҳои дерина, оштӣ шудану муносибатҳои неки байниҳамдигариро барқарор кардан аз ҷумлаи урфу одат ва анъанаҳои қадимаи Наврӯз мебошад. Аксаран пирону мӯйсафедони маҳаллаҳо ба онҳое, ки баҳсу талош кардаанд, аз ҳамдигар хафа ҳастанд, барои сулҳу салоҳ кардану оштӣ шудан кумак мерасонанд. Ин анъана маънои амиқи ахлоқӣ дорад, талқин менамояд, ки одамон тамоми ҳодисоти нохуши гузаштаи байниякдигариро фаромӯш кунанд ва ба соли нав бо орзуву омоли поку тоза ворид шаванд.

Дар рӯзҳои иди Наврӯз анъанаҳои меҳмоннавозӣ низ равшан падидор мешаванд, одамон аз хешу ақрабо ва ҳамсояҳои худ боздид ба амал меоваранд, таом ва кайфияти идонаи худро баҳам мебинанд.

Тавре ки зикр шуд, Наврӯз аз ҷумлаи маҳбубтарин ҷашнҳо дар кишвари мост. Дар шаҳрҳои бузург чун Тошканд, Самарқанд, Бухоро ва ғайра сайру саёҳатҳои бесобиқаи мардумӣ баргузор мешаванд, ки мардуми бисёрро муттаҳид менамоянд. Дар ин сайргоҳҳо метавон маҳсули дастони устоёни халқиро бо чашми худ бидид ва бо ҳунарҳои миллӣ шинос шуд, аз таомҳои ошхонаи миллӣ баҳра бурд, шарики шодиву хурсандии мардум шуд. Ҳамаи ин шаҳодат медиҳад, ки Наврӯз, воқеан, як ҷузви ҷудонопазири фарҳанги халқӣ аст ва бинобар ин аз насл ба насл идома дорад.

Ораш Акабоев,

донишҷӯйи соли чоруми Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: