Бунёди «Боғи Ҷопон» дар Тирмиз

  • Бунёди «Боғи Ҷопон» дар Тирмиз
  • Бунёди «Боғи Ҷопон» дар Тирмиз
  • Бунёди «Боғи Ҷопон» дар Тирмиз

Дар доираи сафари Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба вилояти Сурхондарё, - ҳангоми вохурӣ бо фаъолони вилоят, таъкид гардида буд, ки бо истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳии минтақа метавон дар як сол миллионҳо доллар ба даст овард.

Аз ин рӯ вазифа гузошта шуд, ки рушди босуръати соҳа таъмин гардад, аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии Ҷопон хатсайрҳои нави сайёҳӣ таҳия карда шаванд, ҳамчунин лоиҳаҳои таъсиси осорхона, ошхонаи муштараки ӯзбек-ҷопон ва бунёди «Боғи Ҷопон» амалӣ гарданд.

Дар доираи иҷрои ин супоришҳо лоиҳаи бунёди «Боғи Ҷопон» ва механизмҳои амалисозии он муҳокима гардид.

Мазмуни лоиҳа ғанӣ гардонида шуда, он дар асоси тарҳи муосири меъморӣ такмил дода мешавад ва дар ҳудуди Донишгоҳи технологии Ӯзбекистон – Ҷопон ҷойгир карда мешавад.

Сурайё НОРМАНӢ.

Вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: