Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Тошлоқ» барои фарзандони оилаҳое, ки дар феҳристи ҳифзи иҷтимоӣ сабти ном шудаанд, муоинаи тиббии амиқ ташкил карда шуд.
Ин чорабинӣ бо мақсади мустаҳкам кардани саломатии кӯдакон, барвақт ошкор кардани бемориҳое, ки кӯдакон метавонанд дучор шаванд, баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ саломатии умумии кӯдакон аз ҷониби табибони соҳибмалакаву ихтисоси баланд мавриди муоинаи тиббӣ қарор дода шуд. Дар ҳолатҳои зарурӣ, ба беморон аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб тавсияҳои дахлдор дода шуд. Бо тавсияи пизишкон баъзе кӯдакон барои муоина ва табобати иловагӣ ба муассисаҳои тиббӣ роҳхат гирифтанд.
– Чунин чорабиниҳо, ки маҳз барои аҳолии қобили ҳифзи иҷтимоӣ роҳандозӣ мегарданд, самараҳои неки худро ба бор меоранд. Бахусус ҷавонон ва кӯдакон аз шароити зарурии барояшон фароҳам овардашуда баҳраманд мегарданд. Бешубҳа, чунин хидмати пизишкон барои солиму бақувват ба камол расидани онҳо мусоидат хоҳад кард, – мегӯяд масъули дафтари матбуоти ҳокимияти ноҳия Аҳрор Зиёдов.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.