Инъикоси ойинҳои наврӯзӣ дар «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ

Осори адабиву бадеӣ, илмӣ ва ёддоштҳои Устод Айнӣ он қадар серпаҳлу мебошанд, ки онҳо нафақат пояи адабиёти навини тоҷикро гузоштаанд, балки асоси илмии таъриху фарҳанги мардумро низ бозгӯ намудаанд.

 Устод Айнӣ бо «Намунаи адабиёти тоҷик», «Ёддоштҳо» ва дигар осори илмиву тадқиқотиаш аз нав ба халқи тоҷик ҷон бахшид. Бахусус, агар «Намунаи адабиёти тоҷик» шаҳодатномаи миллати мо бошад, «Ёддоштҳо» моҳият ва аҳамияти таърихии онро баррасӣ намудааст.

Бо гузашти солҳо таъсири осори илмию бадеии устод барои ташаккули маърифат ва маънавияти инсоният, хосатан Осиёи Миёна бештар мегардад.  «Ёддоштҳо», бидуни шубҳа, таърихномаи мардуми Бухоро буда, барои дарки таърихи нимаи дувуми асри XIX ва ибтидои садаи XX муҳимтарин сарчашмаи омӯзиш ва тадқиқ мебошад.

Хидматҳои устод Айнӣ натанҳо дар рушди адабиёти тоҷик, балки дар пешрафти илмҳои адабиётшиносӣ, таърих, мардумшиносӣ, яъне аз нав эҳё намудани урфу одат ва ҷашнҳои миллӣ беназир аст. Устод Айнӣ тавонист, ки адабиёт, таърих ва фарҳанги тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад, халқи бумӣ ва қадимӣ будани онро дар ҳудуди Осиёи Миёна собит намояд.

Чанде пеш мо нашри нави «Ёддоштҳо»-ро (Душанбе, «Адабиёти бачагона», 2020) хондем, ки аз панҷ қисм иборат буда, дар як китоб мунташир шудааст. Дар он навиштаи «Иди наврӯзӣ ва сайри Ширбадан» диққатамонро бештар ҷалб намуд. Зимни мутолиа дарк кардем, ки урфу одат ва анъанаҳои наврӯзӣ тайи ҳазорсолаҳо то ибтидои садаи ХХ иҷро мешудаанд. Солҳои ҳукмронии шӯроҳо таҷлили иди Наврӯз хеле маҳдуд гардида буд. Шукр, ки пас аз ноил шудан ба Истиқлоли давлатӣ ҷашни Наврӯз шукӯҳ ва шаҳомати нав пайдо кард, урфу одат ва анъанаҳои наврӯзӣ эҳё гардиданд. Аз 30 сентябри соли 2009 бошад, ҷашни Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ пайдо кард ва ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият (ЮНЕСКО) дохил гардида, соли 2010 бори аввал дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил шуд.

Дар бораи Наврӯз бисёр навиштаанду менависанд. Чунки Наврӯз достони зебоист. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки бардавомии анъанаҳои наврӯзиро дар заминаи осори барои мо вогузоштаи устод Айнӣ ба хонанда пешкаш намоем.

Наврӯз барои тоҷикон танҳо як иди фаслӣ нест. Ин ҷашн, дар зеҳну шуури мардум, рамзи «рӯзи нав», оғози ҳаракат, эҳёи табиат ва бедории инсон аст. Наврӯз ҳамзамон ойини таърихист, ки тавассути он метавон зиндагии маънавӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии гузаштагонро дарк кард. Аз ҳамин ҷиҳат, тасвири Наврӯз дар осори устод аҳамияти хоса дорад. Ӯ ҳамчун нависанда ва муаррих, бо чашми мушоҳидагар ва забони зинда, нафақат анъана ва расму ойинҳоро ба қалам медиҳад, балки заминаи амиқи иҷтимоӣ ва маънавии онҳоро низ ошкор месозад.

Дар «Ёддоштҳо» Наврӯз ҳамчун як падидаи фарогир ифода меёбад. Мо Наврӯзро ҳам дар ҷашнҳои мардумӣ, ҳам дар маросимҳои расмии аморат, ҳам дар сайру тамошоҳои баҳорӣ, ҳам дар шаклҳои гуногуни суруру бозӣ мебинем. Ҳатто он дар ҷое, ки Айнӣ гӯё танҳо хотираи як сафар ё як саҳнаи идонаро қисса мекунад, фарҳанги замон, шеваи зист, муносибати мардум ва рӯҳи ҷамъиятро нишон медиҳад.

Яке аз хусусиятҳои муҳими Наврӯз дар тасвири Айнӣ ин аст, ки ӯ онро ҳамчун иди куҳану миллӣ мебинад. Наврӯз аз назари устод ҷашнест, ки мардумро ба ҳам меорад ва ба онҳо эҳсоси ягонагӣ медиҳад. Ин ҷашн, пеш аз ҳама, бо баҳор пайвандӣ дорад. Баҳор гӯё зиндагӣ аз нав оғоз меёбад, табиат аз хоб бедор мешавад, инсон низ бо он ҳамнафас мегардад.

Ба қавли устод Айнӣ: «Дар замонҳои пеш деҳқонони тоҷик пеш аз соли нав ва  моҳи ҳамал дар ҳар деҳа ба майдонҳо ҷамъ шуда гӯштигирӣ ва дигар ҳаракатҳои баданӣ карда, гӯё ба тани аз сармои зимистон афсурдашудаашон қуввати нав медоданд ва дар аввали ҳамал се рӯз сайру гашти умумӣ карда, ба киштукор медаромаданд.» («Ёддоштҳо», саҳ. 584). Аммо барои табақаи ҳоким ва муҳити расмӣ Наврӯз як имкони намоиш, ҳам як абзори идоракунии ҷамъият буд. Устод ин фарқиятро бо мисолҳои ҳаётӣ ва бо муқоисаҳои табиӣ баён мекунад.

Аз ин ҷо хулосаи аввал бармеояд, ки Наврӯз дар «Ёддоштҳо» на танҳо иди баҳор, балки оинаи ҳаёти ҷомеа аст. Ба воситаи Наврӯз мо мебинем, ки ҷомеа чӣ гуна ташкил ёфта буд, мардум чӣ гуна зиндагӣ мекарданд...

Дар баробари ин, Наврӯз ҷашни сухан ва ҳунар низ будааст: ҳофизон суруд мехонданд, мусиқорон менавохтанд, дорбозон бозӣ ва мардум бо завқ тамошо мекарданд. Яъне, Наврӯз иди фарҳанг низ ҳаст. Дар он ҳатто шахсе, ки аз зиндагӣ хаста аст, рӯҳи тоза мегирад, хушумед мегардад. Шоирон илҳом гирифта шеър эҷод мекарданд. Ин ҳодиса дар фаъолияти эҷодии устод низ хуб ба мушоҳида мерасад. Айнӣ менависад: «... дар сайри Ширбадан сирки русиро аввалин бор дидам ва чунонки дар достони «Сайри Ширбадан» ёд карда шуд, аз бозигарони сирк Нина ном духтарча диққати ҳамаро ва аз он ҷумла, диққати маро ҷалб намуд, ман пеш аз навиштани достони мазкур дар бораи он духтарча ғазале ба тарзи мувашшаҳ тасвид намуда навишта будам». Чор мисраи аввали он ин аст:

Нозукбутеро дар сайргаҳ дӯш,
Дар сирк дидем, гаштем мадҳӯш.
Европазоде, русинажоде,
Насринбарудӯш, софибаногӯш...  

Дар «Ёддоштҳо» устод Айнӣ аз саҳнаҳои сайрҳои амирро низ ёд мекунад. Дар ин маврид ҷашн дигар шакли «халқӣ» надорад, он шабеҳи «маросими намоиши қудрат» мешавад.

Дарбор Наврӯзро бо шукӯҳ таҷлил мекард, аммо ин шукӯҳ аксар вақт бо меҳнати маҷбурӣ ва хароҷоти мардум пайваст мешуд. Барои зебу зинат ва баргузории намоиш аз ноҳияҳо созандагон, паҳлавонон, ҳунармандон, одамонро меоварданд, то ҷашни амирро «диданиву зебо» кунанд. Вале ин тамошоҳо гоҳе тӯлонӣ мешуданд ва ба кори мардум таъсири нохуш мерасонданд, яъне кишту кори баҳорӣ ақиб меафтод, зиндагии одӣ халалдор мешуд. Устод Айнӣ ин равандро хеле хуб ба тасвир додааст. Ӯ менависад: «Аз амирони Бухоро он касе, ки иди Наврӯзро аз шакли халқигӣ бароварда ба вай ранги расмият дод, амир Музаффар буд...  Ӯ дар ҳар ҷо, ки манзил кунад, чавкӣ (базми умумӣ) барпо карда, мардумро ба тамошои он машғул мекард, то ки ба ин восита оммаи халқро водор кунад, ки аз кирдорҳои нописанди ӯ чашм пӯшанд... Аз ин ҷумла, ӯ дар Ширбадан ном чорбоғи худ, ... ҳар баҳор сайри наврӯзӣ ташкил медод, ин сайрҳои вай то ду моҳ, ҳатто то ҳафтод рӯз давом мекард.Ӯ дар ин сайр аз туманҳо (районҳо), Бухоро ҳама созандагон ва паҳлавонони халқро ба тарзи маҷбурӣ меовард ва онҳоро чор ҳокими туман (қозӣ, раис, амлокдор ва миршаб) ғундошта меоварданд».

Ин ҷо устод ба як масъалаи муҳим ишора мекунад. Наврӯз, ки дар асл иди эҳёи табиат ва меҳнат аст, дар муҳити расмӣ метавонад ба амри баръакс, ба сабаби бозмондани меҳнат табдил шавад. Ин зиддият худ як паёми иҷтимоӣ дорад, ойин вақте ҳақиқатан зинда мемонад, ки бо зиндагии мардум ҳамоҳанг бошад, на ба намоиши зоҳирӣ табдил ёбад.

«Бо сабаби дар аввали баҳор, дар вақти ба ҳаракат омадани тамоми растаниҳо рост омадани ин иди табиат инсон ҳам ба ҳаракат меомад. Аз ин ҷост, ки тоҷикон «ҳамал-ҳама дар амал» мегӯянд. Дар ҳақиқат, ин ид ба ҳаракат омадани киштҳои ғалладона ва сар шудани кишту кори дигар ҳосилоти заминӣ буд, ки инсонро сер карда, сабаби бақои ҳаёти ӯ мешуданд», мегӯяд устод.

Яке аз арзиши «Ёддоштҳо» устод ҳамин ҷанбаи тарбиявӣ доштани он аст. Устод Айнӣ насли наврасро бо расму ойинҳои гузашта шинос мекунад.

Умуман, ойинҳои наврӯзӣ дар «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ бо тамоми рангу бӯйи худ инъикос ёфтаанд. Устод Наврӯзро ҳамчун иди куҳан ва миллӣ, оғози баҳор ва эҳёи табиат, ҷашни мардумӣ ва маросими расмӣ ба қалам медиҳад.

Инъикоси ойинҳои наврӯзӣ дар «Ёддоштҳо» танҳо як мавзӯи этнографӣ ё худ мардумшиносӣ нест, он як воситаи нишон додани ҷомеа, таърих ва рӯҳи миллат аст. Вақте асарро мехонем, мо танҳо аз анъанаҳои наврӯзӣ огоҳ намешавем, балки дарк мекунем, ки ҷашнҳои миллӣ чӣ гуна метавонанд ҳамдилӣ эҷод кунанд, фарҳангро зинда доранд.

Ҳилола Ғуломова, муҳаққиқ.

Ӯзбакбойи Раҳмон, хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: