Сабаби аслии хастагии баҳорӣ чист?

Бисёре аз одамон дар фасли баҳор ба тағйироти ҷисмонӣ ва рӯҳӣ дучор мешаванд.

Дар ин давра бемориҳои музмин шиддат мегиранд, ҳолати асаб бад мешавад, инсон зуд асабонӣ мегардад, тез хаста мешавад ва хобаш низ вайрон мешавад. Ба гуфтаи табибон, ин ҳолат асосан бо тағйирёбии биоритм, камбуди витаминҳо пас аз зимистон, тағйирёбии ҳарорат ва фишори ҳаво, инчунин аллергия ва паст шудани масуният вобаста аст.
Дар баҳор рӯзҳо дароз мешаванд ва тартиби истеҳсоли гормонҳои муҳим – серотонин ва мелатонин, ки ба кайфият, хоби хуб ва истироҳат мусоидат мекунанд, халал меёбад. Аз ҳамин сабаб инсон худро суст ҳис мекунад, бештар хоболуд мешавад, изтироб ва бепарвоӣ (апатия) зиёд мегардад.
Дар чунин ҳолат одам метавонад ба чизҳое, ки пештар хушҳолаш мекарданд, таваҷҷуҳро аз даст диҳад, хоҳиши кор кардан кам шавад ва ҳисси хастагии доимӣ пайдо гардад. Илова бар ин, хотира ва диққат суст мешавад, иштиҳо бошад гоҳ кам ва гоҳ зиёд мегардад.
Чӣ бояд кард?
Барои сабуктар гузаштани ин давра мутахассисон маслиҳат медиҳанд:
— Ғизои худро аз нав баррасӣ кунед
— Маҳсулоти дорои витаминҳои C, D, A ва гурӯҳи B-ро бештар истеъмол намоед:
(чормағз, меваҳои ситрусӣ, моҳӣ, лӯбиёгиҳо ва маҳсулоти ширӣ)
— Беҳтараш витаминҳоро бо маслиҳати табиб қабул кунед

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: