Бо фарорасии фасли баҳор корҳои саҳроӣ, боғдорӣ ва фаъолияти соҳибкорон дар кишоварзӣ ҷараёни тоза мегирад.
Саволе ба миён меояд: чӣ бояд кард, то ҳосилнокӣ ва самаранокии боғу токзор ва заминҳои кишт зиёд шавад.
Барои ба ин савол ҷавоби қаноатбахш гирифтан вазири хоҷагии қишлоқ Иброҳим Абдураҳмонов дар ноҳияи Ҷомбой бо соҳибкорону боғбонону фермерҳо суҳбат орост. Дар чорабинӣ мутахассисони соҳа дар бораи усулҳои гуногуни истеҳсоли пахта ва ғалла, ҷорӣ намудани технологияи муосири кишт ва навовариҳо дар системаи тухмипарварӣ мубодилаи афкор карданд.
– Рост мегӯянд, ки ақл-ҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад, – иброз дошт роҳбари хоҷагии фермерии «Абдурауф Давронов»-и ноҳияи Самарқанд Абдуғаффор Давронов. – Мо ҳангоми қабули сайёр оиди ташкили чорабиниҳои агротехникӣ ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот бисёр чизҳои муҳимро омӯхтем. Ин гуна мулоқот ба фаъолияти мо неруи тоза мебахшанд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.