Дар ҷойе, ки таърих ба забон меояд, аз таърих сабақ мегиранд, албатта дониш ва маърифат, пешрафт ва адолат пойдор мегардад

  • Дар ҷойе, ки таърих ба забон меояд, аз таърих сабақ мегиранд, албатта дониш ва маърифат, пешрафт ва адолат пойдор мегардад
  • Дар ҷойе, ки таърих ба забон меояд, аз таърих сабақ мегиранд, албатта дониш ва маърифат, пешрафт ва адолат пойдор мегардад
  • Дар ҷойе, ки таърих ба забон меояд, аз таърих сабақ мегиранд, албатта дониш ва маърифат, пешрафт ва адолат пойдор мегардад
  • Дар ҷойе, ки таърих ба забон меояд, аз таърих сабақ мегиранд, албатта дониш ва маърифат, пешрафт ва адолат пойдор мегардад
  • Дар ҷойе, ки таърих ба забон меояд, аз таърих сабақ мегиранд, албатта дониш ва маърифат, пешрафт ва адолат пойдор мегардад
  • Дар ҷойе, ки таърих ба забон меояд, аз таърих сабақ мегиранд, албатта дониш ва маърифат, пешрафт ва адолат пойдор мегардад
  • Дар ҷойе, ки таърих ба забон меояд, аз таърих сабақ мегиранд, албатта дониш ва маърифат, пешрафт ва адолат пойдор мегардад

Президент Шавкат Мирзиёев дар чорабинии кушодашавии расмии Маркази тамаддуни Исломи Ӯзбекистон ва маросими ифтор иштирок кард.

Ба маросим тавассути студияҳои минтақаҳо пиронсолон, олиму уламоҳо, намояндагони ҷамъиятӣ пайваст гардиданд. Инчунин, намояндагони миллатҳо ва конфессияҳои гуногуни динӣ, корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат намуданд.

Дар оғози чорабинӣ роҳбари давлат тамоми мардуми кишварро бори дигар бо моҳи мубораки Рамазон аз таҳти дил табрик намуд. Барои ба чунин рӯзҳои айёми бузург дар фазои сулҳу оромӣ ва сиҳату солим расидан ба даргоҳи Худованд шукргузорӣ карда шуд.

Моҳи Рамазон рамзи меҳру шафқат, некӣ ва амалҳои савоб аст. Имрӯзҳо аз ҷониби ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ, Иттиҳоди маҳаллаҳо, Фонди хайрияи ҷамоатии “Вақф”-и Идораи мусулмонон, марказҳои хидматҳои иҷтимоии “Инсон”-и минтақаҳо, инчунин соҳибкорони саховатманд ба пиронсолону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва ниёзмандон кӯмаки моддӣ ва маънавӣ расонида мешавад. Шӯъбаҳои тиббӣ ба минтақаҳои дурдаст сафарбар шуда, занон, кӯдакон ва пиронсолонро аз муоинаи тиббӣ мегузаронанд ва корҳои табобати беморони вазнин бо роҳи амалиёти ҷарроҳӣ анҷом дода мешаванд.

Гуфта шуд, ки чунин корҳои хайр барои арҷгузории қадри инсон ва таҳкими сулҳу ваҳдати умумимиллӣ дар ҷомеа хидмат мекунанд.

Роҳбари давлат таъкид намуд, ки дар шароити имрӯзаи пуртаҳдид, бояд боз ҳам амиқтар дарк кард, ки сулҳ неъмати бебаҳо аст ва чун халқи ягона, оилаи муттаҳид зиндагӣ кардани зиёда аз 38 миллион аҳолии кишвар сарвати бузургтарин мебошад. Иштироки намояндагони корпуси дипломатии Ӯзбекистон дар маросим, ҳамчун нишонаи эҳтиром ба арзишҳои инсондӯстона ва таҳаммулпазирии дини муқаддаси мо, инчунин сиёсати кушоди кишвар арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки ин рӯз барои мардуми кишвар боз як рӯйдоди таърихӣ –маросими ифтитоҳи расмии Маркази тамаддуни Ислом дар Ӯзбекистон баргузор гардид.

– Бо ин рӯзи фаромӯшнопазир, ки орзуву ният, армонҳои ниёи мо амалӣ шуданд, бо ҷашни воқеии илму маърифат ҳамаи шуморо аз таҳти дил табрик менамоям. Ин маҷмааи нодир ва бузург, ки оинаи таърихи пуршарафи сеҳазорсола ва фарҳанги ғании мамлакат, имкониятҳои Ӯзбекистони Нав мебошад, ба тамоми мардуми мо муборак бошад! – гуфт Президент.

Тавре зикр гардид, дар мамлакат барои бунёди пойдевори давлати мутараққӣ ва ҷомеаи озод, ҳадафи олӣ – “Пеш аз ҳама, илм ва таълим” амалӣ мегардад. Зеро, дини муқаддаси ислом низ инсонро ҳамеша ба илму маърифат даъват мекунад. Аз ин рӯ, дар пештоқи дарвозаи Улуғбеки Маркази тамаддуни Ислом ояти мубораки Қуръони карим – «Иқро!» («Бихон!») ҳаккокӣ гардидааст, ки дорои маънои рамзӣ ва амиқ мебошад.

Иқдоми накӯ дар бораи бунёди марказ, ки дар сессияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардида буд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус ҳамҷамъияти исломӣ, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт. Лоиҳа на шитобкорона, балки бо омӯзишҳои амиқи илмӣ ва таҳқиқот дар ҳамоҳангӣ амалӣ гардид. Дар натиҷа, дар назди маҷмааи Ҳазрати Имом як шаҳраки шарқиёна бо меъмории нодир, рӯҳи воқеан миллӣ ва симои миллӣ қомат афрохт.

Дар марказ метавон дурдонаҳои таърих ва тамаддуни қадимаи Ӯзбекистонро дар фазои ягонаи маърифатӣ тамошо намуда, дар ин замина, иқтидори зеҳнӣ ва фарҳангии халқро боз ҳам амиқтар дарк кунем.

– Ҳар шахсе, ки аз ин макон боздид мекунад, халқи мо, бахусус, ҷавонон, моҳияти инсондӯстонаи дини исломро дарк намуда, соҳиби чӣ гуна мероси бузург будани худро эҳсос менамояд ва дилаш саршори ғуруру ифтихор мегардад, – гуфт Президент.

Гуфта шуд, ки бо мақсади омӯзиши амиқ ва тарғиби ин сарвати бебаҳо дар сатҳи ҷаҳон, ки моликияти маънавии на танҳо кишвари мо, балки тамоми минтақа аст, тасмим гирифта шуд, ки онро таҳти унвони Тамаддуни исломӣ муттаҳид созанд. Таъкид гардид, ки тавре коршиносони байналмилалӣ эътироф намудаанд, имрӯз дар Ӯзбекистон ҷиҳати омӯзиш ва тарғиби мероси тамаддуни исломӣ мактаби бузурги илмӣ ташаккул меёбад ва мамлакати мо тавонист, ки иқтидори бузурги зеҳнии худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Президент дар бораи иқтидор ва имкониятҳои марказ таваққуф намуда, таъкид кард, ки ин маҷмааи нодир дар ҳудуди қариб 10 гектар ҷойгир буда, масоҳати умумии истифодашавандаи он 50 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо толорҳои намоишӣ, чун «Давраи тоисломӣ дар қаламрави Ӯзбекистон», «Ренессанси аввал ва дуюм» ва «Ӯзбекистони Нав – пойдевори Ренессанси сеюм» мавҷуданд.

Барои ташаккул ва ғанӣ гардонидани экспозитсияҳои осорхона корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Танҳо дар соли гузашта онҳо бо зиёда аз 1,5 ҳазор экспонат, аз ҷумла тақрибан 800 дастнависи қадимӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ ва харитаҳои таърихӣ пурра гардиданд. Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ бо хонаҳои музоядаи хориҷӣ, коллексионерони калон ва арт-дилерҳо ба роҳ монда шуда, ба кишвар 743 экспонати аслӣ оварда шудааст.

Дар толори асосии марказ – толори Қуръони карим, яке аз 6 нусхаи қадимтарини Қуръон дар ҷаҳон – Мусҳафи Усмон ҷойи шоиста ва фахрӣ ишғол намудааст. Ҳамчунин дар ин ҷо дастнависҳои нодири Қуръон, ки ба давраҳои гуногун мансубанд, ҷамъоварӣ шудаанд.

Тавре зикр гардид, Маркази тамаддуни исломӣ аллакай дар соли 2025 таваҷҷуҳи зиёди ҳазорон меҳмонони хориҷиро ба худ ҷалб кардааст. Дар байни онҳо сарони давлатҳо, парламентҳо ва ҳукуматҳо, депутатҳо, сенаторон, вазирон, сафирон, олимон ва арбобони ҷамъиятӣ, роҳбарони созмонҳои динӣ буданд. Дар корҳои тарҳрезӣ, сохтмони Марказ ва муҷаҳҳаз гардондани он бо технологияҳои муосири иттилоотӣ инчунин мутахассисони баландихтисос аз Фаронса, Чин, Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Аморати Муттаҳидаи Араб, Русия, Туркия, Олмон, Испания, Италия, Малайзия, Озарбойҷон, Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо фаъолона иштирок намуданд.

Сарвари давлати мо ба лоиҳакашон, сохтмончиён ва муҳандисони моҳир, олимон ва уламои дин, шарикони хориҷӣ ва коршиносон, аз ҷумла аъзои Ҷамъияти умумиҷаҳонии омӯзиш, ҳифз ва таблиғи мероси фарҳангии Ӯзбекистон, инчунин ба ҳамаи шахсони фидокоре, ки дар бунёди ин маҷмааи бузург саҳми арзанда гузоштаанд, изҳори сипоси самимӣ намуд. Ҳамчунин ба соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ, арбобони фарҳанг ва варзиш, ки дар сохтмони ин иншооти азим кумаки сарпарастӣ расонидаанд, миннатдории махсус баён кард.

– Ҳангоми оғоз намудани сохтмони Маркази тамаддуни исломӣ ман дар назди худ ҳадаф гузошта будам, ки ҳар гуна дастнавис ё экспонатеро, ки ба таърихи мо дахл дорад, новобаста аз он ки дар куҷои ҷаҳон қарор дорад, пайдо намуда, ба кишвари худ биёрам. Имрӯз, шукри Худованд, ба мо муяссар гардид, ки ин ҳадафро амалӣ намоем. Ва мо ҳатман ин корро идома хоҳем дод, – гуфт сарвари давлат.

Қайд гардид, ки барои ошкор ва омӯзиши дастнависҳои нодир, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нигоҳ дошта мешаванд, экспедитсияҳои нави байналмилалии илмӣ ташкил карда мешаванд. Ба ин самт олимони ватанӣ ва хориҷӣ, инчунин марказҳои пешрафтаи илмии ҷаҳон ҷалб хоҳанд гардид.

Таъкид гардид, ки бо мақсади густариши миқёси фаъолияти Марказ, дар он дар асоси ҳамкории байналмилалӣ намояндагиҳои чунин созмонҳо, ба мисли АЙСЕСКО, ИРСИКА, Маркази омӯзиши исломии Оксфорд, Ассотсиатсияи омӯзиши таърих ва санъати давраи Темуриён дар Фаронса, ТУРКСОЙ ташкил карда шудаанд. Пешбинӣ шудааст, ки барои таҳкими ҳамкорӣ бо онҳо тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.

Қайд гардид, ки дар Марказ ҳамчунин Идораи мусалмонони Ӯзбекистон низ қароргоҳи нави худро пайдо кардааст. Зарурати ба роҳ мондани фаъолияти густурда барои омӯзиши амиқи мероси исломӣ, баланд бардоштани малакаи ходимони динӣ, имом-хатибон ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ таъкид шуд.

Дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст, муаррифии Маркази тамаддуни исломӣ дар Ӯзбекистон ва марказҳои байналмилалии илмӣ-тадқиқотии Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ ва Имом Мотурудӣ дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардад.

Президент махсус таъкид намуд, ки ин марказ ба пояи устувори фаъолияти маънавию маърифатӣ табдил хоҳад ёфт. Маҳз дар ҳамин ҷо донишҷӯёни курсҳои болоии Академияи байналмилалии исломии Ӯзбекистон таҳсил хоҳанд кард ва омӯзгорон сатҳи дониш ва тахассуси худро баланд мебардоранд. Аз ҳама муҳимаш, марказ бояд ба такягоҳи устувори маънавӣ барои ҷавонон табдил ёфта, ба пайдоиши Хоразмӣ, Берунӣ ва Улуғбекҳои нав, Фарғонӣ ва Ибни Сино, Бухорӣ ва Тирмизӣ мусоидат намояд.

Дар ин робита, сарвари давлат ба олимону муҳаққиқон, шоирону нависандагон, ходимони дин ва уламо, коргардонон ва рассомон, рӯзноманигорон ва ҷавонони эҷодкор муроҷиат намуд.

– Бигзор таҳқиқоти илмӣ, асарҳои адабӣ, санъати кино ва театр, расмҳо ва барномаҳои шумо, ки аз ин мероси нодир илҳом гирифта, офарида шудаанд, ҳамчун садои таъриху фарҳанги сесадсолаи миллати мо дар тамоми ҷаҳон танинандоз гарданд. Бигзор онҳо Ӯзбекистони навро ҳамчун кишвари сулҳу некӣ, дониш ва маърифат муаррифӣ намуда, ба тарбияи ҷавонони мо хизмат намоянд! – гуфт Президент.

Дар анҷом Президент изҳори боварӣ намуд, ки Маркази тамаддуни исломӣ дар Ӯзбекистон ҳамеша ҳамчун платформаи сулҳ, некӣ, дониш ва маърифат боқӣ мемонад ва барои халқи мо ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.

Дар маросими ифтор оятҳо аз Қуръони карим тиловат гардида, бо ихлосу ниёиш ба даргоҳи Худованди мутаъол дуо карданд, то рӯза ва ибодатҳои дар моҳи мубораки Рамазон анҷомдодаро қабул намояд ва Ватани азизу мардуми моро ҳамеша дар паноҳи худ нигоҳ дорад.

 

 

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: