Суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими кушоиши Маркази тамаддуни исломӣ дар Ӯзбекистон

Ҳамватанони азиз!

Меҳмонони муҳтарам!

Бори дигар шумо, ҳамаи онҳоро, ки дар маросими имрӯза аз студияҳои минтақавӣ иштирок мекунанд, собиқадорони муҳтарам, олимон ва уламо, вакилони васеъи ҷамъият, тамоми халқамонро бо моҳи муқаддаси Рамазон аз таҳти дил табрик менамоям. Шукри Парвардигор, ки ин рӯзҳои дурахшонро дар фазои сулҳу субот истиқбол менамоем!

Дар моҳи Рамазон, ки рамзи некӣ ва шафқат мебошад, мо ҳама бо ҳам ба бисёр корҳои нек даст мезанем.

Ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, Агентии миллии ҳимояи иҷтимоӣ, Ассотсиатсияи маҳаллаҳо, фонди хайрияи ҷамоатии «Вақф»-и Идораи мусулмонон, марказҳои «Инсон» дар маҳалҳо, соҳибкорон ба солхӯрдагон ва эҳтиёҷмандон, ногироён, оилаҳои камтаъмин дастгирии маънавӣ ва моддӣ мерасонанд.

Дастаҳои тиббӣ ба ноҳияҳои дурдаст ва душворгузар рафта занон, кӯдакон, собиқадоронро муоина намуда, бемориҳои вазнинро ҷарроҳӣ мекунанд.

Дар чунин рӯзҳои наҷиб баргузор намудани маросимҳои ифтор низ ба анъанаи нек табдил меёбад. Ҳамаи ин бешубҳа, ба баланд бардоштани арзиши инсон, дар ҷамъият мустаҳкам гардидани фазои сулҳу ваҳдати умумимиллӣ хидмат менамояд. Иштироки намояндагони миллат ва конфессияҳои мухталифи маскуни мамлакатамон дар ифтори имрӯза аз ин гувоҳӣ медиҳад.

Дар шароити хеле нигаронкунандаи имрӯза мо боз амиқ дарк менамоем, ки сулҳ то чӣ андоза арзиши воқеан бузург ва нодир мебошад ва боигарии аз ҳама бузургамон он аст, ки аҳолии беш аз 38 миллионнафараи мамлакатамон чун оилаи дӯст ва ягона зиндагӣ мекунад.

Дар чорабиниамон инчунин намояндагони ҳайатҳои дипломатӣ дар Ӯзбекистон ширкат доранд. Мо инро чун зуҳури эҳтиром ба арзишҳои динамон, инсонпарварӣ ва таҳаммулпазирӣ, ба сиёсати шаффофи давлатамон истиқбол менамоем ва барои онҳо таманноҳои худро изҳор мекунем.

Ҳамватанони муҳтарам!

Дар ин рӯзи Рамазони муқаддас мо иштирокдори маросими кушоиши расмии маҷмааи нодир – Маркази тамаддуни исломӣ дар Ӯзбекистон мегардем, ки ба воситаи зарфияти бузурги зеҳнӣ ва меҳнати шуҷоатноки халқамон ба вуҷуд оварда шудааст.

Ҳамаи шуморо самимона, аз таҳти дил бо ин рӯйдоди таърихӣ табрик менамоям, ки дар он орзу ва ормонҳои наслҳои зиёди ниёгонамон амалӣ гардида ва ҳамзамон он ба ҷашни илм, маънавият ва маърифат табдил ёфтааст.

Сохтмони чунин маҷмааи нотакрор ва боҳашамат, ки таҷассуми равшани таърихи пуршарафи сеҳазорсолаамон ва маданияти боямон, имконоти бузурги Ӯзбекистони Нав мебошад, барои тамоми мардуми мо муборак бошад.

Дӯстони муҳтарам!

Барои дар мамлакат ба вуҷуд овардани пойгоҳи давлати рушдёфта, ҷамъияти озод мо чун мақсади асосӣ рушди илм ва таълимро муайян намудаем. Чунки дини муқаддасамон маҳз ба ҳамин ҳидоят менамояд.

Аз ин боис, дар Тоқи Улуғбек дар Маркази тамаддуни исломӣ мо ояти «Иқра»-ро аз Қуръон сабт намудаем! Воқеан, дар ин паёми илоҳӣ моҳияти дини ислом таҷассум ёфтааст.

Тавре шумо медонед, нуҳ сол қабл аз ин мо дар бораи сохтмони маҷмааи мазкур қарори махсус қабул намудем ва ба кори амалӣ шурӯъ кардем. Ташаббуси некамон, ки дар сессияи 72-юми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон, хусусан олами Ислом дастгирӣ ёфт.

Мо ба татбиқи чунин лоиҳаи боҳашамат ҷиддан омодагӣ гирифтем, ҳар як ҷузъиёташро андешидем, пажӯҳишҳои илмии ҳаматарафа бурдем.

Ва ҳоло, тавре мебинед, дар шафати маҷмӯи Ҳазрати Имом, ки аз қадим маркази маънавии Тошканд ба шумор меравад, мисле ки шаҳри шарқона бо ҳусни нотакрори меъморӣ, лабрез аз рӯҳи миллӣ ба вуҷуд омад.

Дар Марказ дар фазои ягонаи ирфонӣ ҳамзамон аз дурдонаҳои таърихи қадим ва тамаддуни Ӯзбекистон дидан намуда, ба зарфияти зеҳнӣ ва мадании халқи Ӯзбекистон бовар ҳосил мегардад.

Дар ин ҷо ҳар як кас, хусусан ҷавонон, арзишҳои ҳақиқии дини Исломро дарк намуда метавонад, мефаҳмад, ки меросдорони кадом мероси бузург ба шумор меравем.

Иштирокдорони муҳтарами маросим!

Сарзамини қадимаи мо, ки дар чорроҳаи тамаддун ва маданиятҳои гуногун ҷой гирифтааст, аз даври бостон дар инкишофи Роҳи бузурги абрешим нақши муҳим доштааст. Дар замони тоисломӣ низ он чун маркази илм ва маърифат машҳур буд.

Бо паҳн гардидани Ислом дар сарзамини қадимаи Туркистон мактабҳои калони ҳадис ва калом, ҳуқуқи ислом, тасаввуф ташаккул ёфта, даҳҳо мутафаккирони бузург асарҳои нодири худро таълиф намуданд. Асарҳои олимон бо ихтироъҳои худ дар соҳаҳои илмҳои дақиқ ва табиӣ боиси тааҷҷуб мегардиданд. Аҷиб аст, ки ин китобҳои беназир, ки имрӯз ба тамоми ҷаҳон маълум мебошанд, бо суханони муқаддаси «Бисмиллоҳ раҳмонир раҳим» оғоз меёфтанд ва аз он гувоҳӣ медоданд, ки  муаллифони онҳо аз  муҳтавои дини муқаддасамон нерӯ ва илҳом мегирифтанд.

Бо мақсади ҳарчи амиқтар омӯхтан ва оммавӣ гардондани онҳо дар тамоми ҷаҳон, қарор гардид, ки ин сармояи маънавии на танҳо мамлакатамон, балки арзиши маънавии тамоми минтақаамон зери унвони умумии «Тамаддуни исломӣ» муаррифӣ гардад.

Албатта дар замони мураккаби имрӯза ба вуҷуд овардани чунин маҷмааи бузург, ки ҷавобгӯйи баландтарин талаботи замонавӣ бошад, мураккаб буд. Ҳамзамон, дар як вақт бо сохтмони Марказ мо корҳои тадқиқотии илмӣ анҷом додем ва дар давраи гузашта бисёр осори нодири мероси қадимаамонро бозёфт намудем, ки қаблан номаълум буданд.

Бинобар эътирофи экспертҳои байналхалқӣ, мо дар Ӯзбекистон мактаби хоси омӯзиши илмӣ ва оммавигардонии мероси тамаддуни исломиро тавонистем ба вуҷуд оварем. Ба ҷаҳон намоиш додем, ки мо чӣ гуна молики имконоти бузург ва зарфияти зеҳнӣ ҳастем. Ва воқеан бо ин ифтихор дорем.

Маҷмааи нодир дар масоҳати қариб 10 гектар ҷойгир буда, майдони умумии мавриди истифодаи бино 50 ҳазор метри мураббаъро ташкил менамояд.

Дар ин ҷо толорҳои намоишгоҳии «Давраи тоисломӣ дар сарзамини Ӯзбекистон», «Эҳёи Якум ва Дуюм», «Ӯзбекистони Нав – пойдевори Эҳёи Сеюм» ташкил гаштааст. Дар бораи ҳар яке аз ин самтҳо бешубҳа бисёр гап задан мумкин аст.

Дар бобати ташаккул ва ғанӣ гардондани экспозитсияи музей корҳои зиёд анҷом дода шудааст. Танҳо соли гузашта он бо 1,5 ҳазор экспонат, аз ҷумла бо 800 дастхати қадима, бозёфтҳои археологӣ ва харитаҳои таърихӣ ғанӣ гардонда шудааст.

Инчунин бо утоқҳои музоядаи хориҷӣ, коллексионерҳои калон ва арт-дилерҳо ҳамкорӣ барқарор гардида, ба мамлакат 743 дона нусхаи аслии экспонат оварда шуд. Қаблан чунин кори пурвусъат ба амал наомадааст.

Бояд таъкид кард, ки ҳар яке аз ин экспонат рамзи гузаштаи бузургамон, маданият ва худшиносии миллиамон мебошад. Онҳо аз зеҳни баланд, меҳнати офарандагӣ, истеъдоди нодир ва маҳорати халқамон, ки бо истодагарӣ тамоми озмоишҳои замонро пушти сар менамояд, гувоҳӣ медиҳанд.

Дар ҷое, ки таърих сухан мегӯяд, дар ҷое, ки аз он сабақ мебардоранд, албатта дониш, маориф ва шукуфоӣ ба вуҷуд меояд ва ҳар касе, ки дар асоси он роҳи худро интихоб менамояд, ҳеҷ гоҳ гумроҳ намегардад!

Макони асосии кашиши Марказ, гуфтан мумкин аст, ки қалби он, бешубҳа толори Қуръони муқаддас ба шумор меравад. Яке аз 6 қадимтарин Қуръони ҷаҳон – Қуръони Усмон дар ин ҷо ҷои муносиби фахрии худро ишғол намуд. Дар толор инчунин дастхатҳои нодири Қуръон, ки мутааллиқ ба давраҳои гуногун мебошанд, ҷамъоварӣ гардидаанд.

Дар ин рӯзи дурахшон мо аз Парвардигор хоҳиш менамоем, ки шарофате, ки аз онҳо мехезанд, ба мустаҳкам намудани сулҳ ва субот, таъмини фараҳмандӣ дар мамалкат мусоидат намоянд.

Дӯстони азиз!

Маркази тамаддуни исломӣ танҳо соли 2025 ҳазорон меҳмонони хориҷиро қабул намуд ва ин нишон медиҳад, ки дар тамоми ҷаҳон ба он таваҷҷуҳ зиёд мебошад.

Бояд таъкид кард, ки дар байни онҳо роҳбарони давлатҳо, парламент ва ҳукуматҳо, депутатҳо, сенаторон ва лордҳо, вазирон ва сафирон, олимон ва арбобони ҷамъиятӣ, роҳбарони ташкилотҳои динӣ буданд.

Дар кори лоиҳакашӣ, сохтмони Марказ ва муҷаҳҳазсозии он бо технологияи иттилоотии замонавӣ, инчунин мутахассисони баландмалака аз Фаронса, Чин, Британияи Кабир, ИМА, Аморати Муттаҳидаи Араб, Русия, Туркия, Олмон, Испания, Итолиё, Малайзия, Озарбойҷон, Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва чандин кишварҳои дигар фаъолона иштирок намуданд.

Ба лоиҳакашони моҳир, бинокорон ва муҳандисон, муҳаққиқон ва уламо, шарикон ва экспертҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Ҷамъияти ҷаҳонӣ оид ба омӯзиш, нигоҳдорӣ ва оммависозии мероси мадании Ӯзбекистон, ба ҳамаи онҳое, ки дар сохтмони маҷмаа саҳми муносиб гузоштанд, миннатдории самимӣ изҳор менамоям.

Ба соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ, арбобони маданият ва варзиш, ки дар сохтмони чунин иншооти муҳташам мадади ҳомигӣ расондаанд, алоҳида изҳори миннатдорӣ мекунам. Аз ҷумла, аз ҳамватани муҳтарамамон, сарпараст  ва тоҷири маъруф Алишер Бурҳонович Усмонов барои дар қатори аввалинҳо зоҳир намудани ташаббус ва вогузор намудани маблағ, ғоя ва экспонатҳои нодири таърихӣ самимона сипосгузорам.

Халқамон ҳиммат ва саховати самимиро баланд қадр менамояд. Мо ҳеҷ гоҳ саҳми шуморо дар чунин кори бузург фаромӯш нахоҳем кард. Ба шумо раҳмати калон!

Ҳамватанони муҳтарам!

Ман ҳамеша орзу доштам, ки саҳифаҳои номаълуми дастхат ва ё экспонатҳое, ки марбути таърихамон бошанд, дар кадом гӯшаи ҷаҳон набошанд, онҳоро пайдо намуда, ба Ватан баргардонам. Ба сохтмони Маркази тамаддуни исломӣ шурӯъ намуда, ман маҳз чунин вазифаро гузоштам.

Ҳоло, шукри Парвардигор, мо тавонистем онро ба амал татбиқ намоем. Ва мо албатта ин корро идома медиҳем.

Барои пайдо намудан ва омӯхтани дастнависҳои нодир, ки дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон мебошанд, экспедитсияҳои байналхалқии нави илмиро ташкил менамоем. Барои ин маблағ ва имконоти ногузирро пайдо мекунем. Ба ин кор олимони ватанӣ ва хориҷӣ, марказҳои пешқадами илмии ҷаҳонро ҷалб менамоем.

Бо мақсади ташкили фаъолияти байналхалқии Марказ мо барои дар ин ҷо кушодани идораҳои чунин ташкилотҳо, мисли АЙСЕСКО, ИРСИКА, Маркази омӯзиши исломии Оксфорд, Ассотсиатсияи омӯзиши таърих ва санъати замони Темуриён дар Фаронса, Турксой ташаббус зоҳир намудем. Акнун мо тамоми шароити ногузирро барои пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо онҳо фароҳам меорем.

Дар Марказ инчунин Идораи мусулмонони Ӯзбекистон қароргоҳи нави худро соҳиб гардид, ки дар бобати нигоҳдории арзишҳои дини муқаддасамон, рушди соҳаи маънавияту маърифат саҳми муносиб мегузорад.

Фикр мекунам, ки дар ин макони маърифат ташкил намудани кор оид ба омӯзиши амиқи мероси исломӣ, такмили малакаи арбобони дин, имом-хатибон, рушди ҳамкории байналхалқӣ мувофиқи мақсад хоҳад буд.

Дар ояндаи наздик дар қароргоҳи СММ мо инчунин тақдимоти Маркази тамаддуни исломӣ дар Ӯзбекистон, марказҳои байналхалқии илмиву тадқиқотии Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Имом Мотуридиро баргузор менамоем. Хулоса, ин Марказ барои фаъолияти маънавиву маърифатиамон пойгоҳи аслӣ мегардад. Маҳз дар ин ҷо таҳсили донишҷуёни солҳои болои Академияи байналхалқии исломии Ӯзбекистон ба амал меояд, устодон дар ин ҷо дониш ва малакаи худро такмил медиҳанд. Марказ барои ҷавонон пойгоҳи мустаҳками маънавӣ бояд гардад, ба зуҳур гардидани Хоразмӣ, Берунӣ ва Улуғбекҳо, Фарғонӣ ва Ибни Сино, Бухорӣ ва Тирмизиҳо мусоидат намояд. Барои он ки Марказ ин рисолати таърихиро иҷро намояд, мехоҳам ба намояндагони соҳаҳои илм ва маънавият – олимон ва муҳаққиқони муҳтарам, шоирон ва нависандагон, арбобони дин ва уламо, коргардон ва рассомон, журналистон, ҷавонони эҷодкор муроҷиат намоям.

Шумо бештар аз ҳама мефаҳмед, ки то чӣ андоза ҳар як экспонат дар Маркази тамаддуни исломӣ беназир аст. Дар бобати оммавигардонӣ, муаррифии онҳо ба халқамон, ҷомеаи ҷаҳон мо пеш аз ҳама ба шумо такя менамоем. Бигузор тадқиқотҳои илмӣ, асарҳои адабиёти бадеӣ, санъати кино ва театр, расм ва барномаҳоямон, ки аз ин мероси нодир илҳом мебаранд, дар тамоми ҷаҳон чун садои таърих ва маданияти сеҳазорсолаи халқамон танинандоз гардад. Бигзор онҳо Ӯзбекистони Навро чун мамлакати сулҳдӯст ва некхоҳ, дониш ва маориф шарафманд гардонда, ба тарбияи ҷавононамон хидмат намоянд!

Муҳтарам иштирокдорони маросим!

Дар замони худ Мир Алишер Навоӣ орзуи онро дошт, ки нури хирад ва донише, ки Мирзо Улуғбеки бузург афрӯхтааст, хомӯш нагардад.

Ва имрӯз азми мо бо суханони ҷовидонаи шоир ва мутафаккир ҳамоҳанг аст.

Бигузор Маркази тамаддуни исломӣ ҳамеша барои сулҳ, фараҳмандӣ ва тараққиёт дар мамлакат ва тамоми ҷаҳон хидмат намояд!

Бигзор халқи мо хушбахт бошад, ки ӯ эҷодкори чунин комёбиҳои бузург мебошад!

Парвардигор Ватани зебои моро дар паноҳаш нигоҳ дорад!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: