Дар саросари кишварамон мувофиқи фармоиши Девони Вазирон 13-14 марти соли равон таҳти шиори “Ободии кишвар пеш аз ҳама, аз маҳалла оғоз меёбад!” ҳашари васеи умумихалқӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намангониён низ фаъолона иштирок намуданд, маҳалҳои истиқоматӣ, кӯчаву хиёбон, зиёратгоҳу қабристон ва майдонҳои бозии кӯдакон ба тартиб дароварда шуд, дарахтонро сафед карда, шохҳояшонро буриданд.
Дар доираи лоиҳаи умумимиллии “Макони сабз” дар атрофи маҳалла ва хонаҳои аҳолӣ ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороишӣ шинонда шуд, дар ҷойҳо оид ба шинондани дарахтони зебоманзару ва меванок ва васеъ кардани майдонҳои сабз корҳои амалӣ ба анҷом расид.
Хусусан, дар ноҳияи Поп шинондани ниҳолҳо дар боғи интенсивии 100 гектар бо рӯҳияи ҳашар сурат гирифт. Попиён, асосан ҷавонон, дар ин корҳои амалӣ фидокорӣ нишон доданд. Лоиҳа бо ҳамкории Вазорати коҳиши камбизоатӣ ва шуғли аҳолӣ, Агентии ҷумҳуриявии рушди агросаноатӣ амалӣ гардида, 66,6 ҳазор ниҳоли зардолуи навъи “Микадо”, ки аз Туркия оварда шуда аст, шинонда шуд.
Ҳоло дар минтақаи боғ корҳои омодасозии замин, ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ идома дорад.
Ин лоиҳа на танҳо минтақаро сабзтар мекунад, балки барои бо кор банд кардани аҳолӣ, қадами муҳим барои ҳифзи табиати солим на танҳо барои имрӯз, балки барои наслҳои оянда мебошад.
Дар ноҳияи Тӯрақӯрғон низ корҳои нек – бобати барпо намудани боғҳои интенсивӣ ва ободонии минтақаҳо анҷом дода шуданд. Дар даштҳои васеи ҶММ-и “Шоҳидон нурли диёри” корҳои нек бо суръат идома доранд.
Маҷмааи “Калвак Агрохизмат” 230 гектар замин дорад. 112 гектараш ҳамчун боғ бунёд шудааст. Имсол боз 20 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда мешавад. Ғайр аз ин, дар масоҳати 6 гектар замин корҳои лоиҳакашӣ барои хидматрасонии ҳамаҷониба сохтани маркази логистика идома дорад.
Боғбонони ҶММ-и “Шоҳидон боғбон бобо” низ дар 40 гектар замин боғ ташкил карда, ниҳолҳои гуногуни меванок парвариш мекунанд.
Ҳар сол дар фасли баҳор дар ин минтақаҳо боғҳои атрофро оро медиҳанд. Маҳсулоти гуногуни харидоргир, ки аз ниҳолҳои содиротӣ ба даст оварда мешаванд, бозорҳои ҷаҳонро оро медиҳанд.
Тӯрақӯрғониён на танҳо бо боғбонӣ, балки бо гулпарварӣ низ машҳуранд. Дар ин ҷо бозори дарахтони ороишӣ, мевадиҳанда ва ниҳоли гулҳои гуногун дар маркази диққат аст. Дар бозоре, ки дар шоҳроҳи калони ноҳия ташкил карда шудааст, тоҷирон ҳар сол дар мавсим даромади хуб ба даст меоранд. Аз ҷумла, навъҳои нави гулҳои аз Чин воридшуда, дарахтони ороишӣ, мевадиҳандаи ҷопонӣ ва растаниҳои буттагӣ, ки барои тарроҳии ландшафт истифода мешаванд, фурӯхта мешаванд.
– Мо 10 нафарем. Аз охири моҳи январ то нимаи моҳи апрел бо ниҳолҳои дарахтону гулҳои гуногун тиҷорат мекунем ва моҳонаи ҳар яки мо аз 10 миллион сӯм мегузарад, – мегӯяд сокини маҳаллаи Озод Муҳриддин Ҷӯрабоев.
– Кӯчаҳои обод, боғҳои сарсабз ба ҳусни кишварамон меафзоянд. Аз тозагӣ дили одам равшан мегардад. Аз ҳама муҳимаш, ин амалҳои нек барои ҷавонон намунаи ибрат аст, – мегӯяд сокини маҳаллаи Боғи Ирами ноҳияи Чуст Латофатхола Раҳматуллаева. – Ҳар як ниҳоли имрӯз шинонидашуда маънои ҳавои тозаи фардо, ҳосили фаровон ва ояндаи шоистаи фарзандонамонро дорад.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири “Овози тоҷик” дар вилояти Намангон.
Суратгир: Н. Ҳайдаров (ӮзА).