Ҳар шахс дар ин айём имкон дорад, ки ба худ назар афканад, нафси худро назорат кунад, ислоҳ намояд. Ин моҳ ба инсон сабр, қаноат ва худдориро меомӯзад.
Касе, ки ба ин маънӣ мерасад, қаноатро пешаву шиор ва рӯзадориро мояи ифтихор медонад. Зеро рӯза инсонро аз худхоҳӣ дур карда, ба раҳму шафқат ва эҳсоси дарки дарди дигарон раҳнамун месозад. Касе, ки ин роҳи душворро бо ихлос тай мекунад, дар ниҳоят ба покии ботин ва оромии дил расида, фаҳм мекунад, ки неъматҳои зиндагӣ амонати Парвардигоранд.
Моҳи рамазон инсонро аз тангии дил раҳо карда, ба кӯйи мурувват, меҳрубонӣ ва ҷавонмардӣ раҳнамун месозад.
Аз тулӯи субҳи содиқ то ғуруби Офтоб ният кардан, яъне дар дил мақсад кардани рӯзадорӣ барои ризои Худо, нохӯрдан ва ноошомидан, тарки ҷимоъ кардан се рукни асосии саҳеҳ будани рӯза мебошанд.
Суннатҳои рӯза амалҳое мебошанд, ки аз Паёмбар ривоят шудаанд ва иҷрои онҳо савоби зиёд дорад.
Саҳарӣ хӯрдан, яъне пеш аз субҳ ғизо хӯрдан, чун Офтоб ғуруб кунад, ифтор кардан, суннат аст.
Тавре зикр шуд, рӯза танҳо як худдорӣ аз ғизо нест, балки мактаби тарбияи рӯҳ ва ахлоқ мебошад. Ҳар мусалмон бояд кӯшиш кунад, ки рӯзаи худро бо анҷом додани фарзҳо, воҷибҳо, суннатҳо ва мустаҳаббот зебо гардонад. Бо ҳамин тартиб, инсон метавонад аз баракату фазилати ин ибодати бузург баҳраи комил бигирад.
Дар байни шабҳои ин моҳи муборак шабе ҳаст, ки аҳамият ва фазилати он аз ҳамаи шабҳои дигар бештар аст. Ин шаб Шаби қадр ном дорад – шабест, ки дар он нури Қуръони карим ба дили башарият нозил гардид.
Қуръони карим дар бораи ин шаб чунин мефармояд: «Инно анзалнаҳу фӣ лайлатил-қадр» – «Мо онро дар Шаби қадр нозил кардем».
Ва дар ояти дигар омадааст:
«Лайлатул-қадри хайрун мин алфи шаҳр» – «Шаби Қадр беҳтар аз ҳазор моҳ аст».
Ин суханони илоҳӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки арзиш ва фазилати ин шаб аз ҳаштоду се соли ибодат бештар мебошад. Аз ҳамин ҷиҳат мусалмонон шабҳои охири моҳи Рамазонро бо ибодат, дуъо ва тиловати Қуръон сипарӣ мекунанд.
Бешубҳа, яке аз бузургтарин рӯйдодҳои таърихи башар нузули Қуръони карим аст. Ин китоб, ки каломи Парвардигор мебошад, барои ҳидоят ва роҳнамоии инсоният фиристода шудааст.
Бино ба ривоятҳои уламои ислом, Қуръон аввал дар Шаби қадр аз Лавҳи маҳфуз ба Байтул-иззат нозил гардид. Баъдан дар тӯли бисту се сол оятҳои он тадриҷан ба дили Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с.а.в.) нозил шудаанд.
Нахустин ояте, ки нозил гардид, ин буд.
«Иқраъ бисми раббика-ллазӣ халақ» – «Бихон ба номи Парвардигорат, ки офарид».
Бо ҳамин каломи муборак давраи нави маърифат ва бедории инсон оғоз ёфт. Қуръон инсониятро ба дониш, адолат, раҳму шафқат ва ахлоқи нек даъват менамояд.
Дар анҷоми моҳи мубораки Рамазон мусулмонон Иди Фитрро таҷлил менамоянд. Ин рӯз рӯзи шукргузорӣ ба даргоҳи Худованд аст, ки ба бандагон тавфиқи адои рӯза ва ибодатҳоро насиб гардонидааст.
Яке аз амалҳои муҳим дар ин рӯз додани садақаи Фитр мебошад. Садақаи Фитр барои пок кардани рӯза аз камбудиҳо ва ёрӣ расондан ба мискинон муқаррар шудааст.
Дар аҳкоми фиқҳӣ миқдори садақаи фитр чунин муайян шудааст: ним соъ гандум ё орд, ё як соъ хурмо, ҷав ё мавиз.
Бино ба ҳисобҳои кунунӣ тақрибан ба 2 килограмм гандум ё орд баробар мебошад. Бисёр вақт мардум арзиши ҳамин миқдор ғизоро ба шакли пул медиҳанд.
Садақаи Фитр бар ҳар мусалмоне, ки тавоноӣ дорад, воҷиб мебошад.
Беҳтарин вақт барои додани садақаи Фитр рӯзҳои охири моҳи Рамазон мебошад. Он бояд пеш аз намози Иди Фитр дода шавад, то ниёзмандон низ тавонанд дар рӯзи ид аз неъматҳо баҳра гиранд.
Иди Фитр рӯзи шодӣ ва ҳамдигарбахшӣ мебошад. Дар ин рӯз мусалмонон субҳ барвақт бархоста, ғусл мекунанд, либоси пок мепӯшанд ва ба идгоҳ мераванд. Пеш аз рафтан ба намоз суннат аст, ки каме таом – одатан хурмо – бихӯранд.
Дар рӯзи ид мардум ба ҳамдигар салом дода, табрик мегӯянд ва дили якдигарро шод месозанд. Хусусан, дидорбинии падару модар, хешу табор ва кӯмак ба камбизоатон аз амалҳои нек ба шумор мераванд.
Иди Фитр паёми муҳими инсонӣ дорад: муҳаббат, бахшиш ва ҳамдигарфаҳмӣ.
Муҳаммадрӯзӣ ҒАНИЗОД,
ноҳияи Олтинсойи вилояти Сурхондарё.