Муҳаққиқ, роҳбар, мутарҷим

Дар арафаи Наврӯз ба зодрӯзи яке аз адабиётшиносҳои кишвар, Бобуршиноси номӣ Ҳасан Қудратуллоев 85 сол пур мешавад. Вай чун инсони шариф, дӯст ва рафиқи шафиқ, устоди муаззам низ ба дилу дидаи аҳли зиё роҳ ёфта буд.

Ҳасанака баъди хатми факултаи филологии Донишгоҳи давлатии Самарқанд (1965) муддате дар дабистонҳои таълими умумии вилоятҳои Самарқанду Фарғона ба ҳайси омӯзгори забону адабиёти тоҷик, ҳамчунин ба сифати корманди радио ва рӯзноманигор фаъолият намуд. Аз соли 1968 ҳаёти худро ба илм бахшид – қисмат ӯро ба Институти забон ва адабиёти Академияи улуми Ӯзбекистон пайваст. Дар ин даргоҳ ба сифати муҳаққиқ ба омӯзиши нозукиҳои илми адабиётшиносӣ пардохт, чун пажӯҳишгар ташаккул ёфт.

Чанд сол муқаддам дар суҳбате ба ман як забоншиноси ӯзбек гуфт, ману Ҳасанҷон ҳамшаҳрем, донишгоҳро якҷо хатм карда, пасупеш ба Тошканд омадем, дар як даргоҳи илм ба фаъолият шурӯъ сохтем. Вай ба ӯзбекӣ чандон балад набуд, дар забономӯзӣ кӯмак мекардам, муттасил меомӯхт. Дере нагузашта аз сафи пешбарҳо ҷой гирифт, акнун лозим меомад ман аз вай омӯзам...

Ҳасан Қудратуллоев дар нимаи аввали солҳои ҳафтодуми қарни сипаришуда дар Энсиклопедияи миллии ӯзбек ҳамчун муҳаррири илмӣ ва мудири шуъба кор кард. Ҳамкорӣ бо як қатор олимон ва донишмандони соҳа имконият дод тафаккури илмиашро равнақ бахшад. Дар ин миён тавассути саҳифаҳои  матбуоти даврӣ  марбут ба фаъолияти илмиву адабии якчанд классики адабиёти форсиву туркӣ мақолаҳо эълон намуд. Дар гузоришоти ӯ ҷараёни адабии Мовароуннаҳру Хуросон  дар асрҳои понздаҳу шонздаҳ, муаммоҳои меъёрии талаботи адабӣ-эстетикии давр амиқ таҳлил карда шуданд. Дар мақолаҳои тадқиқотиаш ҳомигӣ ва сарпарастии Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ ва Заҳириддин Бобур ба аҳли илму санъат аз нуқтаи назари иҷтимоиву таърихӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ-пажӯҳишии мавсуф роҳҳои эҷодии Ғиёсиддин Хондамир, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Камолиддин Беҳзод ва ҳамтоёни онҳо тадқиқу таҳқиқ гардиданд. Вале диққати асосиро ӯ ба омӯзиши ҳарҷонибаи осори мондагору рӯзгори печидаи шоҳ ва саркардаи бузург, шоири мутафаккир Заҳириддин Муҳаммад Бобур нигаронд. Алалхусус монографияҳои калонҳаҷми ӯ «Нуқтаи назари адабӣ-эстетикии Бобур» (1983) ва «Армони Бобур» (2005) аз ҷониби доираҳои илмӣ ва ҷомеаи адабӣ баланд арзёбӣ гардиданд.

Ҳасан Қудратуллоев ду муддат (солҳои 1976-1980, 1983-1986) дар Афғонистон ба ҳайси мутарҷим фаъолият намудааст. Ба шароити мураккаби давр нанигариста, вай дар диёри ҳамсоя ҷустуҷӯҳои илмиро давом медод. Баробари тарҷумонӣ ҳаёти илмиву адабии Афғонистон дар давраҳои гуногунро мавриди тадқиқ қарор медод. Мақолаҳои зиёди илмиву адабиаш дар саҳифоти расонаҳои иттилоотии Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Афғонистон рӯйи нашр медиданд. Вай баробари иштирок дар ҳаёти адабии кишвари ҳамсоя дар анҷуманҳои Академияи фанҳои Афғонистон маърӯзаҳо мехонд.

Ҳасан Қудратуллоев дар луғатшиносии соҳавии диёри ҳамсоя низ саҳм гирифтааст. Бо эҳтимоми ӯ соли 1986 дар Кобул «Луғати ирригатсионии русӣ-дарӣ» аз чоп баромад, ки 11 ҷузъи чопист.

Донишманди маъруфи илми адабиётшиносӣ чун мутарҷими адабӣ низ ном бароварда буд. Вай як қатор мақолаҳои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Садриддин Айнӣ, ҳамчунин порчаҳо аз осори ҷудогонаи Хондамирро аз тоҷикӣ ба ӯзбекӣ баргардондааст. Тарҷумаи қиссаҳои Фитрат «Баёноти сайёҳи ҳинд» ва «Давраи ҳукмронии Амир Олимхон» аз тоҷикӣ ба ӯзбекӣ низ ба қалами ӯ мутааллиқанд. Тарҷумаҳояш аз нигоҳи савия баҳои баланд гирифтаанд.

Баробари фаъолияти илмиву пажӯҳишӣ Ҳасан Қудратуллоев дар корҳои ташкиливу роҳбарӣ ҳам қобилияти хуб дошт. Вай солҳои 1989-1993 дар Институти ирригатсия ва муҳандисҳои механизатсиясозии кишоварзии Тошканд ба ҳайси мудири кафедра, солҳои 1993-2010 дар Вазорати таълими халқи ҷумҳурӣ мудири шуъба, роҳбари секторҳои аттестатсия, акрредитатсия ва литсензиядиҳӣ, соли 1995 директори Маркази методии таълими ҷумҳурӣ, солҳои 1995-1996 ба сифати сармушовири Девони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самаранок фаъолият бурд. Дар ислоҳи таълими халқи ҷумҳурӣ, ривоҷу равнақи маданият ва арзишҳои миллиамон ҳиссаи босазо гузошт.

Ӯ, ҳамчунин, солҳое, ки дар Институти давлатии педагогии вилояти Тошканд чун ректор ифои вазифа дошт (1996-2003) дар татбиқи амалии «Барномаи миллии омодасозии кадрҳо», тайёр намудани мутахассисони соҳибмалака ва пешбурди маорифи халқ хидмати шоиста намуд. Баъди сабукдӯшӣ аз ректорӣ ва бозгашт аз Ангрен ба Тошканд, вай фаъолияти самаранокашро дар сохтори таълими халқ идома дод. Солҳои 2003-2010 дар Институти марказии бозомӯзӣ ва такмили малакаи ходимони таълими халқ ба номи Авлонӣ чун проректори корҳои таълимиву илмӣ, баъдтар дар Вазорати таълими халқ ҳамчун роҳбари Маркази матбуот фаъолият кард. То охири умр ба сифати профессори кафедраи ИМБТМХТХ ҷумҳурӣ ба номи Алвонӣ ба шунавандагон дарс дод ва ба пешаи шарифи омӯзгорӣ содиқ монд.

Фарзанди фарзонаи Самарқанди бостон Ҳасан Қудратуллоев яке аз фарзандони сазовори миллат буд. Бо ташаббусу кӯшишҳои ӯ моҳи майи соли 2008 дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ маркази мадании ҷумҳурии тоҷикон номнавис гашт. Дар давраи раисиаш марказ ҷиҳати ҳифз, тавсеъа ва таблиғи сухану забону арзишҳои миллиамон корҳои шоён намуд.

Дар маросими муаррифии Маркази мадании тоҷикони ҷумҳурӣ (ноябри соли 2008) як қатор чеҳраҳои саршиноси фарҳанг, адабиёт ва илми Ӯзбекистон иштирок намуданд. Ин низ далел бар он буд раиси онвақта Ҳасан Қудратуллоев чун донишманди варзида ва ходими ҷамъиятӣ соҳиби чӣ қадар обрӯ ва эътибор аст.

Яке аз муҳаққиқони мумтоз ва таблиғгари адабиёти классикӣ, олим ва мураббӣ, ташкилотчии моҳири таълими халқ, доктори фанҳои филологӣ, профессор, узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, лауреати Мукофоти байналхалқии ба номи Бобур, академики Академияи «Дунёи антиқ»-и Олмон Ҳасан Самадович Қудратуллоевро ба сифати донишманд дар Тоҷикистон низ хуб мешинохтанд. Бо олимони тоҷикистонӣ пайваста ҳамкориҳо менамуд.    

...Устод зуд-зуд ба идораи «Овози тоҷик» меомаданд, мақолаҳо меоварданд, дар чорабиниҳое, ки рӯзнома мегузаронд, иштирок мекарданд. Дар суҳбате гуфта буданд, ки ним аср инҷониб ин даргоҳ барояшон азиз аст.

М.ШОДИЕВ

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: