Майдони нави футбол — қадаме ба сӯи тарзи ҳаёти солим

  • Майдони нави футбол — қадаме ба сӯи тарзи ҳаёти солим
  • Майдони нави футбол — қадаме ба сӯи тарзи ҳаёти солим

Дар кишвари мо ба обутоби ҷисмонии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид ба онҳо эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

 Ба ин мақсад дар ноҳияи Когони вилояти Бухоро низ як қатор корҳо доир ба рушди инфрасохтори варзиш татбиқ мегарданд.
Аз ҷумла, майдони футболе, ки дар маҳаллаи Нурафшон воқеъ гардидааст, дар доираи лоиҳаи «Буҷети ташаббусӣ»-и мавсими дуюми соли 2025 бо малбағи 1 миллиарду 500 миллион сӯм куллан таъмир карда шуд. Дар рафти корҳои таъмир ба 1000 нафар тамошобин курсиҳои нав гузошта шуданд, барои давидан ва гардиш роҳравҳо бунёд гардиданд. Фурӯзонакҳои нав ва нуқтаҳои шуодиҳӣ ба ҳусни майдон афзуданд. Ҳамчунин, ба андозаи 22х44 метр майдони футболи бо майсаи сунъӣ пӯшидашуда ва майдончаи воркаут барпо гардид.
Дар ҳоли ҳозир дар ин маскан таҳти роҳбарии 150 нафар мураббӣ муттасил машғулот гузаронда мешавад.

Аксбардор: Т.ИСТАДОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: