Шаҳрвандони Ӯзбекистон дар идҳои Рамазон ва Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд?

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тартиби рӯзҳои истироҳат вобаста ба идҳои Рамазон ва Наврӯз шарҳ дода шуд.

Дар робита ба идҳо рӯзҳои зерин ҳамчун истироҳат муқаррар шудаанд:
20 март (ҷумъа) —Иди  Рамазон, рӯзи истироҳат барои ҳама;
21 март (шанбе) — Наврӯз, рӯзи истироҳат барои ҳама;
22 март (якшанбе) — рӯзи истироҳат;
23 март (душанбе) — рӯзи истироҳат барои кормандоне, ки ҳафтаи кории 5-рӯза доранд (интиқол бо сабаби мувофиқ омадани рӯзи ид бо рӯзи истироҳат).
Барои кормандоне, ки ҳафтаи кории 6-рӯза доранд, 23 март рӯзи корӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, бо ҳафтаи кории 5-рӯза, шаҳрвандони Ӯзбекистон 4 рӯз пай дар пай — аз 20 то 23 март истироҳат мекунанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: