Соли 2026 дар Ӯзбекистон Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият эълон гардид. Ин ташаббус ба таҳкими ҷомеаҳои маҳаллӣ ва ҳамбастагии иҷтимоӣ нигаронда шуда, ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди ҷомеаи мо муайян гардидааст.
Қарор дар доираи Муроҷиатномаи ҳамасолаи Сарвари давлат ба парламент эълон карда шуд.
Сарвари давлат аҳамияти маҳалларо ҳамчун шакли анъанавии худидоракунии шаҳрвандон, ки дар он сокинон масъалаҳои иҷтимоӣ ва рӯзгориро якҷоя ҳал мекунанд ва ба ҳамдигар кумак мерасонанд, таъкид кард. Ба гуфтаи ӯ, маҳз ҳамин гуна кумаки мутақобила ба ҷомеа имкон медиҳад, ки дар замонҳои душвор устуворона мубориза барад ва суботи иҷтимоиро нигоҳ дорад.
Институти маҳалла дар сарзамини Ӯзбекистон аз давраҳои бостон таҷрибаи беназир ва нотакрори миллӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун сохтори анъанавии худидоракунии ҷомеа вуҷуд дорад. Низоми худидоракунии шаҳрвандон дар Ӯзбекистон бар асоси суннатҳои бисёрасраи ҳаёти ҷамъиятӣ ташаккул ёфтааст, вале дар ҷараёни рушди низоми идораи давлатӣ ва тақсими васеътарини салоҳиятҳо тағйироти ҷиддиро аз сар гузаронидааст. Дар раванди демократиконии идораи давлатӣ яке аз вазифаҳои муҳим — марҳила ба марҳила ба созмонҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла ба чунин мақомоти нодири худидоракунӣ чун маҳалла, додани бархе аз вазифаҳо буд.
Таҷрибаи Ӯзбекистони муосир самаранокии ин институти нодири фаъолияти мустақилонаи шаҳрвандонро дар ҳаллу фасли масъалаҳои маҳаллӣ, ки бо назардошти манфиатҳои мардум, хусусиятҳои таърихии рушд, арзишҳои миллӣ ва маънавӣ, урфу одат ва анъанаҳои маҳаллӣ сурат мегирад, исбот намуд. Адолати иҷтимоӣ, мустақилият дар ҳаллу фасли масъалаҳои маҳаллӣ, кумаки мутақобилаи ҷамъиятӣ, шарикии иҷтимоӣ, ба эътибор гирифтани анъанаҳо ва урфу одатҳои маҳаллӣ — инҳо принсипҳое мебошанд, ки дар асоси онҳо маҳалла дар раванди ислоҳоти демократии васеъ фаъолона иштирок менамояд.
Истифодаи иқтидори маҳалла ҳамчун омили муҳими ҳифзи суботи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ҳамчунин таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ натиҷаҳои мусбат дода истодааст. Ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳалла барои ҳаллу фасли масъалаҳои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, мусоидат ба рушди соҳибкории хурд, беҳбуди шароити зиндагӣ ва инфрасохтори иҷтимоӣ ҳуқуқҳои муайян ба даст овардаанд.
Худидоракунии шаҳрвандон фаъолияти мустақилонаи шаҳрвандон оид ба ҳаллу фасли масъалаҳои маҳаллӣ бар асоси манфиатҳо, хусусиятҳои таърихии рушд, арзишҳои миллӣ ва маънавӣ, урфу одат ва анъанаҳои маҳаллӣ мебошад, ки аз ҷониби Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон кафолат дода шудааст.
Имрӯз маҳалла ҳамчун пайванди миёни давлат ва мардум амал карда, иҷрои барномаҳои иҷтимоӣ, кумак ба ниёзмандон, назорати тартиботи ҷамъиятӣ ва ободонии ҳудудро таъмин мекунад.
Функсияҳои асосии маҳалла аз кумак ба ниёзмандон, дастгирии оилаҳо ва тарбияи ҷавонон, иштирок дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ободонии минтақа ва баргузор кардани чорабиниҳои фарҳангӣ иборатанд. Маҳалла дар рушди соҳибкорӣ дар маҳалҳо иштирок намуда, оилаҳои камбизоатро дастгирӣ месозад ва тавассути лоиҳаҳои ташаббускорона ва тиҷорати хурд ба таъсиси ҷойҳои корӣ мусоидат мекунад.
Маҳалла дар тарбияи насли наврас фаъолона иштирок мекунад, чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ, тӯйҳо, идҳо ва маросимҳои динӣ ташкил менамояд. Ин ҳама эҳтиром ба калонсолон, масъулият нисбат ба оила ва ҷомеаро тақвият медиҳад. Дар марказҳои маҳалла китобхона бо фонди ғании китобҳо, компутерҳо, дастрасӣ ба интернет ва адабиёти электронӣ мавҷуд аст, ки дар ташкили фароғати пурмазмуни аҳолӣ ва баланд бардоштани фарҳанги китобхонии ҷавонон аҳамияти калон дорад.
[19.03.2026 14:38] Фаридун: Шӯроҳои ҷамъиятии «Оила — маҳалла — муассисаҳои таълимӣ» ва «Донишгоҳҳои волидайн» бо риояи шиори «Фарзанди мо — мо онҳоро ҳифз мекунем!», ба омӯзгорон дар таълиму тарбияи кӯдакон кумак карда, нақши волидонро дар равандҳои ташаккули шахсияти фарзандон боло мебардоранд ва кӯшишҳои мактабҳо ва оилаҳоро барои пешгирии одатҳои зараровар дар мактаббачагон муттаҳид мекунанд. Волидон, мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва маориф масъалаҳои ҷавонон, нигарониҳои ҷавонон ва оилаҳои ҷавонро мунтазам баррасӣ мекунанд ва роҳҳои ҳалли муштараки онҳоро муайян месозанд.
Солҳои охир қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон — «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрвандон» дар таҳрири нав ва «Дар бораи интихоботи раиси ҷамоати шаҳрвандон», инчунин ҳуҷҷатҳои марбут ба фаъолияти маҳалла ва сохторҳои ҷамъиятии он қабул ва ба ҳаёти ҷамъиятӣ ворид карда шуданд. Имрӯз тақрибан 10 ҳазор ҷамоати шаҳрвандон, ки дар кишвар фаъолият доранд, бештари вазифаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии муҳимро, ки қаблан аз ҷониби ҳокимиятҳои маҳаллӣ иҷро мешуданд, бомуваффақият ба уҳда доранд.
Дар моҳи июли соли 2017 нишони махсуси «Маҳалла ифтихори» таъсис ёфт, ки ба шаҳрвандони ташаббускор ва намояндагони сохторҳои ҷамъиятие, ки барои иҷрои вазифаҳои ба мақомоти худидоракунии шаҳрвандон вогузоршуда саҳми арзанда гузоштаанд, супурда мешавад. Давраи ваколати раисони маҳалла аз се сол ба панҷ сол дароз карда шуд. Илова бар ин, вазифаҳои зиёдатие, ки ба фаъолияти ҷамоатҳои шаҳрвандон мувофиқ набуданд, бекор карда шуданд, музди меҳнати моҳонаи кормандон чанд маротиба зиёд шуд ва 22 март Рӯзи кормандони низоми маҳалла эълон гардид.
«Ҳафтгонаи маҳалла» — механизми ҳамоҳангсозӣ дар сатҳи маҳалла буда, аз раиси маҳалла, ёвари ҳоким, пешвои ҷавонон, фаъоли бонувон, нозири профилактикӣ, корманди иҷтимоӣ ва нозири андоз иборат аст. Дар ташкили кор бо заноне, ки ба «Дафтари занон» шомил шудаанд, ба масъалаҳои шуғл, худмаблағгузорӣ, ҷалби онҳо ба соҳибкорӣ, пардохти ҷуброни иҷораи манзил, расонидани ёрии моддӣ, тиббӣ, ҳуқуқӣ ва равонӣ таваҷҷуҳи асосӣ дода мешавад.
Дар Конститутсияи навшуда зикр шудааст, ки ҷамоатҳои шаҳрвандон дар маҳаллаҳо ба низоми ҳокимияти давлатӣ дохил намешаванд ва масъалаҳои маҳаллиро мустақилона ҳал мекунанд. Трансформатсияи васеи низоми худидоракунӣ, ки дар солҳои охир пайгирона амалӣ мегардад, маҳз ба татбиқи ҳамин меъёрҳои конститутсионӣ равона шудааст. Ҳадаф аз он табдил додани маҳалла аз сохтори расмӣ ба иштирокчии фаъоли ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад.
Тавре ки дар Муроҷиатнома зикр шудааст, маҳалла пояи ваҳдат ва рушд аст ва ташаббусҳое, ки барои тақвияти захиравӣ ва дигаргунсозии ҳамаҷонибаи он пешниҳод шудаанд, барномаи мушаххаси амал барои давлат ва ҷомеа дар соли 2026 ва солҳои оянда ба шумор меравад. Ин ислоҳотҳо ба табдили маҳалла аз як институти суннатии худидоракунӣ ба пояи воқеии шукуфоии иқтисодии Ӯзбекистони Нав равона шудаанд.
Омонулло Муҳаммадҷонов,
профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд