Намоишгоҳи китобҳо барои иштирокдорон хеле хотирмон буд.
Ба наздикӣ дар Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон рӯнамоии китобҳои «Тожикистон ӯзбек адабиётининг антологияси» («Антологияи адабиёти ӯзбеки Тоҷикистон»), «Қозоғистон ӯзбекларининг номоддий маданий мероси» («Мероси фарҳангии ғайримоддии ӯзбекони Қазоқистон»), «Ёркитоб», «Яхши бола қандай бӯлади?» («Кадом бача хуб аст?), ки бо ҳамкорию ҳамдастии Бунёди ҷамъиятии «Ватандошлар» ва Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон рӯйи чопро дидаанд ва маросими сарфароз гардондани ғолибони озмуни «Ижодий ишлар» («Корҳои эҷодӣ»), ки ба муносибати зодрӯзи Алишер Навоӣ ва Заҳириддин Муҳаммад Бобур рӯйи кор омадааст, баргузор гардид.
Гирдиҳамоӣ, баъд аз гулгузорӣ дар пояи пайкараи Алишер Навоӣ, бо суруди миллии Ӯзбекистон шурӯъ шуд. Намоишгоҳи китобҳо барои иштирокдорон хеле хотирмон буд. Дар рӯнамоии китобҳо адибон, зиёиён ва дастандаркорон баромад карданд.
Вақте раиси Иттиҳоди нависандагон, Шоири халқии Ӯзбекистон Сироҷиддин Сайид риштаи суханро ба даст гирифт, бо се забон: ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва қазоқӣ мизбонон ва меҳмононро хайра мақдам гуфт. Изҳор дошт, ки роҳбари мамлакат, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба адабиёт ва аҳли адаб ҳамеша ғамхорӣ зоҳир менамояд. Яке аз намунаҳои рӯшани эътибору ғамхорӣ бинои муҳташаму камназири Иттиҳоди нависандагон ва боғу Хиёбони адибон аст, ки мову шумо дар он бо орзуҳои неку наҷиб гирди ҳам омадаем.
– Чанд сол аст, ки бо ҳамзабононамон дар хориҷи дуру наздик ҳамкории пурсамар дорем, – гуфт раиси раёсати Бунёди ҷамъиятии «Ватандошлар» Одилҷон Сатторов. – Нашри китоби пурмуҳтавои «Тожикистон ӯзбек адабиёти антологияси», «Қозоғистон ӯзбекларининг номоддий маданий мероси», «Ёркитоб», «Яхши бола қандай бӯлади» ва баргузории озмуни «Ижодий ишлар» дар байни мактабиён ва донишҷӯёни ӯзбеки се кишвар: Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, ба муносибати зодрӯзи ду мутафаккири бузург – Алишер Навоӣ ва Заҳириддин Бобур, натиҷаи ҳамкориҳои судманд мебошад. Мо тасмим гирифтаем, ки доираи ҳамкориро бо ҳамзабонони хориҷӣ тавсеа бахшем.
Адиби тоҷикистонӣ Ӯринбой Усмонов дар баромади хеш ин падидаи фарҳангиро табрик кард ва ба Бунёди ҷамъиятии «Ватанпарвар» ва Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон барои дастгирии ин иқдоми нек арзи сипос намуд.
– Дар Тоҷикистон 300 шоири соҳибкитоб бо сухани муқаффо сарукор дорад. Мо сари ин масъала бисёр андешидем, ки киҳоро бояд интихоб намоем, – гуфт ӯ. – Бино ба маслиҳат тасмим гирифтем, ки дар баробари шоирони тоҷикистоние, ки фаъолияти кориашонро дар Ӯзбекистон идома додаанд, шеърҳои шоирони варзида ва ҷавони Тоҷикистонро ба китоб ворид намоем. Пешниҳоде доштам, – гуфт нотиқ дар идомаи суханаш, – ӯзбекон дар бисёр кишварҳои ҷаҳон зиндагӣ ва эҷод мекунанд. Бояд маҳсули хомаи онҳоро ҷамъоварӣ ва антологияҳои нав ба навро ба дасти чоп супурд. Кашфи истеъдодҳо ба рушди адабиёт заминаи мусоид фароҳам меоварад.
– Дар вилояти Ӯши Қирғизистон ӯзбекони зиёде ба сар мебаранд ва шоиру нависандагонашон низ кам нест, – изҳор дошт раиси Ҷамъияти дӯстии Қирғизистону Ӯзбекистон Зуҳриддин Исомиддинов. – Мо се маротиба «Антологияи адабиёти ӯзбеки Қирғизистон»-ро ба дасти нашр супурдем. Пешниҳоди Ӯринбой Усмоновро дастгирӣ мекунам. Мо бояд антологияи адабиёти ӯзбеки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳои дунёро чоп намоем.
Дар доираи рӯнамоии китобҳо маросими бо диплом ва туҳфаҳои гаронбаҳо сарфароз гардондани ғолибони озмуни «Ижодий ишлар» ҷолибияти худро дошт. Озмун дар байни хонандагон ва донишҷӯёни се ҷумҳурӣ: Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор шуда ба се бахш: қироати шеър, санъати тасвирӣ ва намоиши саҳна ихтисосонида шудааст.
Бале, дар пешрафти ҳама кор, аз ҷумла истеъдодҳои ҷавон, рағбатноксозӣ нақши калидӣ дорад. Фикр мекунам, иштирокдорони озмун ва ҷавононе, ки дар ин маросим ба сифати ғолиб сарфароз гардонда шудаанд, ба адабиёт ва фарҳанги миллӣ дилбастатар хоҳанд шуд.
Дар поёни гирдиҳамоӣ сурудҳои ҷаззоби овозхони ҷавон Тӯлқин Файзиев ва рақси раққосаҳои хушхиром хотири иштирокдоронро болида сохт.
А. СУБҲОНОВ, хабарнигори
«Овози тоҷик».