Наврӯзи деҳаи мо

Ҳар сол бо фаро расидани рӯзҳои гарми баҳорӣ табиат ҷомаи сабз ба бар мекунад, гулҳо мешукуфанд ва қалби инсонҳо аз нишоту хурсандӣ ва орзуву умедҳои тозаву нав лабрез мегардад. Дар чунин як фазои фараҳбахш сокинони деҳаи зебои Эҷи ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ низ Наврӯзро бо меҳру муҳаббат ва рӯҳияи баланди идона истиқбол мегиранд.

Дар арафаи ин ҷашни зебо деҳаамон, гӯё рангу таровати дигаре мегирад, сокинонаш хонаву кӯчаҳоро поку тамиз намуда, барои пешвоз гирифтани баҳор омодагӣ мебинанд. Ҳар як хонадон мекӯшад, ки дасторхони идонааш пурнозу неъматтар бошад. Занон  бо меҳру муҳаббат таомҳои гуногуни миллӣ, аз ҷумла палав, мошкичирӣ, мошхӯрда, кудошӣ (таоме, ки аз каду пухта мешавад), кашк (таомест аз ҷуворимакка бо дӯғ), ширак (таоме аз бодоми талх), ширгуринҷ (ширбиринҷ), самбӯсаҳои алафӣ, гуринҷи бадӯғ (таоми биринҷӣ бо дӯғ), тулмоч (угро бо дӯғ), барак (тушбера), нахӯдшӯрбо ва ғайраҳо омода мекунанд. Ҳамчунин бо навъҳои мухталифи пухтаниҳо, пичак (аз исфаноҷ ва ҳулбӯ), самбӯсаҳои танӯрӣ ва дигар нозу неъмат дасторхонро оро медиҳанд.

Яке аз анъанаҳои хуби деҳаамон он аст, ки аз таомҳои пухтаашон ба масҷиди деҳа мебаранд. Дар он ҷо мардум ҷамъ омада, бо ҳам суҳбат мекунанд, аз ҳолу аҳволи якдигар бохабар мешаванд ва аз неъматҳои рӯйи дасторхон баҳра мебаранд. Ин анъана рамзи меҳрубонӣ, ҳамҷиҳатӣ ва ҳамбастагии аҳли деҳ аст, ки идро пурмаънӣ ва гарму самимитар мегардонад.

Наврӯз бештар дар мактаби деҳа бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор мегардад. Ҳар як синф бо риоя ба суннати «ҳафт син» ва «ҳафт шин» дастурхони идона паҳн мекунад. Дар байни хонандагон озмунҳои сураткашӣ, шеъру таронахонӣ ва мобайни синфҳо мусобиқаҳои гуногун барпо мешаванд. Дар ин сабқатҳои идона синфҳо бо ҳам қувваозмоӣ карда, маҳорати худро нишон медиҳанд.

Бозиҳои шавқовари халқӣ низ қисми ҷудонашавандаи ҷашни Наврӯз мебошанд. Гӯштингирӣ, чӯрғонбозӣ (бо ду чӯб, яке дароз дуюмӣ кӯтоҳ: дар мо акаку дукак низ мегӯянд), ресмонкашӣ, хармур (бозии бачагона, бахусус писарбачаҳо бозӣ мекунанд),чормағзбозӣ, тухмбозӣ, сангчабозӣ (бозии духтарона) ва ғайра фазои идонаро боз ҳам шавқовару хотирмон мегардонанд. Ҳамчунин мусобиқаҳои байтбарак, саволу ҷавобҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун баргузор мешаванд ва иштирокдорон дар онҳо донишу истеъдоди худро нишон медиҳанд.

Алқисса, Наврӯзи деҳаи мо танҳо як ҷашн нест, балки тимсоли дӯстӣ, меҳрубонӣ ва ҳамдилии мардум ҳам аст, зеро ба қалби аҳли деҳа гармӣ, умеду орзуҳои тоза эҳдо мекунад.

Дилноза РАҲМАТОВА.

Вилояти Навоӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: