Наврӯз — арзиши миллӣ, ифтихори асрҳо

Бо фаро расидани нафаси баҳор ба сарзамини мо, қалбҳои мо боз ҳам равшантар гардида, бедории модар-табиат ба шууру тафаккур неруи тоза бахшида, рӯҳияи ҳаракату шӯру шавқро дигаргун месозад.

 Имрӯз дар ҳар гӯшаи Ӯзбекистони нав шодии бузург — Наврӯзи олам бо омодагиҳои гарму ҷӯшон пешвоз гирифта мешавад. Қарор “Дар бораи омодагӣ ва баргузории ҷашни умумихалқии Наврӯзи соли 2026”, ки аз ҷониби Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев имзо шуд, нишон медиҳад, ки арзишҳои миллии мо то чӣ андоза боло рафта, ин ҷашни бостонӣ ҳамчун рамзи ифтихори асрҳо дар қалби мардум умедҳои навро зинда месозад.

Бешак, бесабаб шиори асосии ҷашни имсола — «Бузургдошти Наврӯз — гиромидошти инсон!» интихоб нашудааст. Зеро дар маркази сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар тамоюли «Барои қадри инсон» қарор дорад. Имрӯз таъсири ин тамоюли башардӯстона дар зиндагии ҳар як инсон: дар беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ, дар бовару умеди қавӣ ба фардо ва дар он оромишу шукргузорие, ки дар чеҳраҳои саршор аз ризоияту шукргузорӣ ба таври васеъ эҳсос мешавад.

Наврӯз — рамзи худшиносӣ ва ваҳдати миллии мост. Тавре дар қарор таъкид шудааст, мувофиқ омадани Наврӯзи имсола бо моҳи мубораки Рамазон ба дилҳо файзи хоса мебахшад. Ин ҳамоҳангӣ фазилатҳои саховат, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмиро боз ҳам боло мебарад.

Дар рӯзҳои ҷашн хабаргирӣ аз ҳоли пиронсолон, иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон, сокинони хонаҳои “Меҳрубонӣ”, “Саховат” ва “Мурувват”, инчунин шахсони ниёзманд  вазифаи инсонии мост.  Дар қарори Президент ба ин масъала таваҷҷуҳи алоҳида дода шудааст, ин нишон медиҳад, ки адолати иҷтимоӣ дар ҷомеаи мо устувор аст. Яъне ин маънои онро дорад, ки ҳеҷ як оилаи ниёзманд ва ҳеҷ як диле, ки ба меҳру таваҷҷуҳ ниёз дорад, фаромӯш намешавад — баръакс, барои он ки онҳо низ гармии ид ва шодии Наврӯзро эҳсос намоянд, пайваста иқдомҳои хайрхоҳона ва инсондӯстона амалӣ мегарданд.

Ҳамчунин, яке аз анъанаҳои зебои Наврӯз — ободонӣ, созандагӣ, сабзкорӣ, ниҳолшинонӣ ва ҳифзи муҳити зист мебошад. Тибқи қарор, тавассути лоиҳаи умумихалқии “Макони сабз” ва иқдоми “Ман ҳам ниҳол мешинонам”, мо на танҳо кишварамонро ба боғу гулистон табдил медиҳем, балки барои наслҳои оянда муҳити тозаи экологӣ фароҳам меорем. Чунин таваҷҷуҳ ба модар-замин бо моҳияти инсонпарваронаи Наврӯз ҳамоҳанг аст.

Тавре Президенти кишвар таъкид менамоянд, Наврӯз фасли навсозӣ ва эҳёст. Бо ваҳдат ва ҳамчиҳатӣ, ниятҳои нек ва орзуҳои тоза пешвоз гирифтани ин айёми муборак, инчунин зебоии ботинии моро инъикос мекунад.

Тибқи қарор, намоиши васеи урфу одат, анъана ва арзишҳои миллӣ аз ҷониби намояндагони миллату қавмҳои гуногуни сокини кишвар, дӯстӣ ва ҳамзистии осоиштаро боз ҳам таҳким мебахшад.

Бояд эътироф кард, ки дар солҳои охир, дар заминаи дигаргуниҳои таърихии Ӯзбекистони Нав, мазмуну муҳтавои Наврӯз боз ҳам ғанитар гардида, он дар ҳамаи шаҳрҳо ва деҳоти кишвар ҳамчун ҷашни умумихалқӣ бо сатҳи баланди ташкилӣ ва рӯҳияи болида таҷлил карда мешавад. Ин  эҳёи рӯҳияи миллӣ, пирӯзии хотираи таърихӣ ва арзишҳои аҷдодӣ мебошад.

Зеро дар авҷи ислоҳоти имрӯза, Наврӯз моро водор месозад, ки қадри инсонро на танҳо дар волоияти қонун, балки дар меҳру муҳаббати байниҳамдигарӣ, ҳамбастагии маҳалла ва дуои неки пиронсолон эҳсос намоем.

Тавре аз муҳтавои қарор бармеояд, Наврӯз ҳар як сокини кишварро водор месозад, ки бо эҳсоси масъулият нисбат ба сарнавишти худ зиндагӣ кунад ва бо рӯҳи созандагӣ ва шукргузорӣ нафас гирад.

Мо ҳангоми таҷлили ин ҷашни муборак, дар асл ба асли худ бармегардем ва дар нуқтаи пайванди мероси аҷдодӣ ва орзуҳои наслҳо симои миллии худро бозтоб мекунем.

Манзура Салимова,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис,
узви фраксияи ҲСД “Адолат”

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: