Бузкашӣ дар Бойсун

Дар маҳаллаи зебоманзари «Хӯҷабулғон»-и ноҳияи Бойсун, ки дар доманаи адирҳо ҷойгир аст, ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯз мусобиқаи анъанавии бузкашӣ ва пойгаи аспсаворон баргузор гардид.

Дар ин  мусобиқаҳо  даҳҳо нафар чапандоз-паҳлавонҳо ва дӯстдорони  варзиши аспсаворӣ иштирок намуданд.

 Маълум аст, ки бузкашӣ бозии миллии халқҳои Осиёи Марказӣ  мебошад. Таърихи пайдоиши ин сабқат хеле қадимист ва маънои аз ибораи «гурги кабуд» бармеояд. Дар гузашта мардум бо аспҳои хуб гургро таъқиб мекарданд, баъдтар ба ҷойи гург, ба сифати ашёи бозӣ, ҷасади бузи забҳшуда истифода шуд.

Дар мусобиқа ду даста иштирок мекунанд. Ҳар як даста аз 5 нафар чапандоз ва як бозингари захиравӣ иборат аст. Мусобиқа дар майдоне, ки дарозияш 400-500 метр ва паҳноияш 30 метр аст, баргузор мегардад. Дар маркази майдон даврае бо диаметри 3 метр кашида мешавад ва пеш аз оғози бозӣ ҷасади бузро дар васати ҳамин давра мегузоранд. Бо садои довар бозӣ оғоз меёбад.

Чапандозони ҳар як даста бояд  бо саъю ҳаракат пешдастӣ карда, ҷасади бузро то дарвозаи парчамдори худ мебаранд ва дастае, ки ин корро пештар анҷом медиҳад, ғолиб ҳисобида мешавад.

Барои бозӣ 15 дақиқа вақт дода мешавад. Агар дар ин муддат ғолиб муайян нашавад, 15 дақиқаи иловагӣ таъин мегардад. Агар чапандоз аз ҳудуди майдон берун равад, довари канорӣ “аут” эълон мекунад ва бозӣ аз ҳамон ҷо идома меёбад.

Агар чапандозе қоидашиканӣ кунад, 5 дақиқа аз майдон хориҷ карда мешавад ва ба ҷояш бозингари дигар бозиро идома медиҳад...

Ин намуди варзиш, ки маҳорати паҳлавононро намоиш медиҳад, дар анъанаҳои миллии мо ҷойгоҳи муҳим дорад. Дар ҷараёни мусобиқа тамошобинон бо кафкӯбиҳо ба рағбати паҳлавонон меафзоянд.

Бузкашӣ танҳо бозии фароғатӣ нест. Он машғулияти ҷиддиест, ки мардонагӣ, ҷасорат, чолокӣ ва далериро ташаккул медиҳад.

Дар мусобиқаи Бойсун зиёда аз 200 нафар чапандоз аз вилоятҳои  Сурхондарё ва Қашқадарё ширкат ҷустанд. Дар  поёни чорабинӣ ба ғолибон ҷавона (гови нар), гӯсфанд, такка ва мукофотҳои пулӣ  тақдим гардиданд.

Сурайё НОРМАНӢ.

Вилояти Сурхондарё  

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: