Эл Жей Барнетт (нависандаи англис)
Фиребхӯрда
– Стив, ошиқ шудам!
– Табрик, маро хурсанд кардӣ, Оливер!
– Сипос, дӯстам, аммо сарам гаранг.
– Барои чӣ?
– Дӯстдоштаам соҳиби оила аст.
– Оиладор? Зани танҳо набуд магар, ки аз домани зани шавҳардор доштӣ?
– Ҳаминро гӯ, кори дил-дия дӯстам, акнун ҳайронам чӣ кор кунам.
– “Чашми ошиқ кӯр” гуфтаанд. Оё зан туро дӯст медорад?
– Бешубҳа!
– Ин тавр бошад, ҳоҷати дудила шудан нест. Хоҳиши ҳар ду як бошад, якҷоя зиндагӣ кунед, дӯстам.
– Шавҳараш чӣ?
– Шавҳараш? Дар як дег ду калла намеҷӯшад. Инро ӯ мефаҳмад ва бо мурури вақт ба тақдир тан медиҳад. Шӯрпешона то кай бо фиреб зиндагӣ мекунад?
– Оё шавҳараш розӣ мешавад?
– Илоҷи дигар надорад. Ба як болин сар мондам гуфта, маҷбур нест, ки як умр бедилона зиндагӣ кунад. Дӯстдоштаатро хушбахт кун.
– Бехавотир.
Субҳи рӯзи дигар Стив аз хоб бедор шуда дид, ки завҷааш дар паҳлӯяш нест. Дар болои болишт номае мехобид ва дар он чунин навишта буд: “Маро дигар маҷӯй, барнамегардам. Дигар касро дӯст медорам...”
Стив фаҳмид, ки ҷуфти ҳалолаш дигар шахсро дӯст медорад ва он фиребхӯрдаю шӯрпешона худи ӯст.
Фред Мансо
(нависандаи англис)
Партофташуда
Сара аз бачаҳои кӯча, ки ӯро “партофташуда” гӯён таъна мезаданд, сахт ранҷида буд. Рӯзе аз момои 75-солааш пурсид:
– Момоҷон, падару модарам дар куҷо?
– Онҳо ба шаҳр барои кор рафтанд, – ҷавоб дод пиразан бо дили озурда.
– Момоҷон, оё ман партофташудаам?– пурсид Сара бо чашмони гиряолуд.
– Кӣ гуфт? Гапи беҳуда. Навзоди аз ҷониби падару модари кӯчагарду сабукпой ба кӯча партофташударо “партофташуда” меноманд. Падару модари ту духтарашонро дӯст медоранд, барои он ки ту боақлу доно ва хубу солим ба воя расӣ, онҳо бояд кор кунанд.
– Момоҷон, ман албатта духтари донову зебо мешавам. Ба онҳо гӯед, ки зудтар баргарданд, – мегуфт духтарак.
– Хуб мегӯям, акнун чашмонатро пӯш, хоб кун.
Пиразан аз фарзандони дури бемеҳраш, ки дар он тарафи баҳр зиндагӣ мекарданду оилаашонро тамоман аз ёд бароварда буданд, сахт ранҷида буд. Ӯ набераашро бо кӯрпа печонда дар паҳлӯяш хобид.
Дар чашмони пиразан, ки ба шифт дӯхта буд, ашк ҳалқа зад. Пиразан ҳар шаб барои сиҳату саломат ба воя расондани Сараи ҳаштсола аз Худо умри дароз металабид...
Аз ӯзбекӣ тарҷумаи С. Рӯзиева