Омӯзиши мероси адабии шоир идома дорад

Ба наздикӣ шоири зуллисонайн Нормурод Каримзода китоби «Бо чашми дил ё худ Насабномаи назмии Орифон»-ро бо эҳтиром ва самимияти зиёд ба хотири бузургдошти 145-умин солгарди мударррис ва шоири маърифатпарвар Ориф Гулхании Самарқандӣ, аз тариқи нашриёти “Tubo nashr” бо ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ рӯйи чоп овард.

Маҷмӯа аз муқаддима, се фасл, хулоса ва феҳристи адабиёт иборат буда, хонанда тавассути мутолиа метавонад бо зиндагинома ва намунаи ашъори сулолаи Гулханиҳо ошно шавад.
Доктори фалсафа оид ба фанҳои филология Дилрабо Назарова дар китоб таъкид кардааст, ки «Оиди фаъолияти адабӣ, вижагиҳои ашъор ва хидматҳои шоёни ин адиби зуллисонайн, дар адабиётшиносии тоҷик баъзе корҳои хурди таҳқиқотӣ бурда шудааст ва он идома хоҳад кард. Зеро омӯхтани осори гузаштагон пос доштани хотираи аҷдодон вазифаи муҳими авлодон ба ҳисоб меравад. Боиси хурсандист, ки Ориф Гулханӣ дар ин равия муваффақ аст. Чунки писараш Олимҷон Орифӣ ин корҳои хайри падарро вусъат дода, бо эҷод ва фаъолияти педагогӣ шуғл варзида бошад, имрӯзҳо наберааш родмарди шариф Муқимҷон Орифӣ бо тамоми ҳастиаш барои ҳифз ва идома додани таърих, фарҳанг ва анъанаҳои неки шаҷараи Гулханӣ ҷидду ҷаҳд дорад. Нигоҳ доштани Хона-музейи Гулханӣ дар кӯчаи ба номи адиб воқеъ дар шаҳри Самарқанд ва ташкил намудани боғ дар ин ҳавлӣ, ки дар гузашта мавзеи баргузории вохӯрию маҷлисҳои аҳли илму адаби Самарқанд буд, худ низ далели ин маънист».

Вақте бо китоб шинос мешавем, аён мегардад, ки осори фаъолияти эҷодии сулолаи Гулханиҳо, ки анъанаи зуллисонайнро идома додаанд, дар муҳити адабии Самарқанд ҷойгоҳи шоиста доранд. Дар бораи мероси адабии онҳо то имрӯз корҳои зиёди арзишманд анҷом ёфта, таҳқиқу тарғиби он ҳанӯз идома доштааст.

Илова бар ин, чандин акси нодири хонаводаи шоир, фарзанду наберагон дар иҳотаи арбобони давлатӣ, аҳли адабу ҳунар ҷой дода шудааст, ки мундариҷаи китобро боз ҳам рангинтару арзиши таърихии онро афзунтар менамояд.

Бо як сухан, нашри китоби «Бо чашми дил ё худ Насабномаи назмии Орифон» бозгаштест ба мероси ғании як шахсияти барҷастаи адабиёти тоҷик – Ориф Гулхании Самарқандӣ. Ин китоб намунаи воқеии пайванди наслҳо, эъзози гузаштагон, эҳтиром ба мероси адабӣ ва эҳёи анъанаҳои маънавӣ мебошад ва як манбаи пурқимату арзишманд барои дӯстдорони адабиёту муҳаққиқони фарҳанги миллӣ ба шумор меравад.

Умед дорем, ки чопи китоб пажӯҳишгарони ҷавон, адабиётшиносонро водор менамояд, то рӯзгор ва паҳлӯҳои эҷодиёти Ориф Гулхании Самарқандиро амиқтар омӯзанд, ашъори шоирро таҳлилу тадқиқ намоянд ва насли ҷавонро бо мероси адабии ин эҷодкори огоҳу маърифатдӯст бештар ошно созанд.

Далер Азизов, хабарнигори

“Овози тоҷик”.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: