Камарбанди сабзу хуррами Самарқанд

  • Камарбанди сабзу хуррами Самарқанд
  • Камарбанди сабзу хуррами Самарқанд

Бо фарорасии фасли баҳор дар доираи лоиҳаи «Макони сабз» дар вилояти Самарқанд корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ вусъат пайдо мекунанд.

 Хусусан, дар минтақаҳои гуногуни вилоят – дашту саҳро, ду тарафи роҳу тангкӯчаҳо, гузару маҳаллаҳо, соҳили руду ҷӯйборҳо шинондани ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану манзаравӣ ба таври муташаккилона идома дорад.
Дар шоҳроҳи А-378, ки ноҳияҳои Нуробод ва Пастдарғамро ба ҳам мепайвандад, бо роҳи ҳашар беш аз 10 ҳазор  бех ниҳол дар асоси қоидаҳои агротехникӣ  шинонда шуд. Дар ин кори хайру нек мардуми  деҳаҳои кӯҳистонӣ – Оқсой, Меҳнаткаш, Элбек, Сазағон ва ғайра ширкат варзиданд.
Ҳокими вилоят Адиз Бобоев низ дар ҳашари умумихалқӣ  чанд бех ниҳолҳои дарахтони манзаравӣ шинонд, ӯ таъкид намуд, ки нигоҳубин ва парвариш вазифаи муҳими сокинони маҳаллӣ мебошад.
Дар ноҳияҳои Пахтачӣ, Самарқанд, Тайлоқ низ чунин иқдоми нек оғоз ёфт. Ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану манзаравӣ, гулбуттаҳо аз ҷониби хоҷагиҳои ҷангал ва фермерӣ таъмин карда шуданд.
Имсол парвариши 13,2 миллион бех ниҳол ба  нақша гирифта шуда, идораи  Садорати  карантин ва ҳифзи растанӣ  бар зидди  ҳашаротҳои зараррасон мубориза мебаранд.
Қарор аст, ки рӯзҳои  ҳашари умумихалқӣ, тамоми мардуми вилоят бо ниҳолшинонӣ ва гулпарварӣ машғул мешаванд. Ин иқдом барои фароҳам овардани камарбанди сабзи атрофи Самарқанд  ва  зеботар гардидани муҳити зист мусоидат хоҳад кард.

Бахтигул Ғаниева,

роҳбари хидмати матбуоти садорати карантин ва ҳифзи растании вилояти Самарқанд.

Аксбардор Б. Зоҳир .

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: