Дар мамлакатамон эълон гардидани “Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият” аҳамияти бузурги иҷтимоӣ ва маънавӣ дорад.
Зеро маҳалла дар фарҳанги мардуми мо аз қадимулайём на танҳо макони зист, балки мактаби тарбия, маркази ҳамдигарфаҳмӣ ва рамзи ҳамбастагии мардум маҳсуб меёбад. Дар ҳамин муҳит инсон ба воя мерасад, одобу ахлоқ меомӯзад ва арзишҳои миллӣ дар қалбаш ҷой мегиранд. Ободии маҳалла ободии ҷомеа аст, гуфтаанд.
Ин гуфтаҳо ҳақиқати амиқро дар бар мегиранд. Зеро ҳар қадаре, ки маҳаллаҳо обод ва аҳли он муттаҳид бошанд, ҳамон қадар ҷомеа низ пешрафта ва устувор мегардад.
– Маҳалла танҳо ҷойи зиндагӣ нест. Ин макони ҳамдигарфаҳмӣ, дастгирӣ ва тарбияи насли нав мебошад. Вақте мо худ барои ободии маҳалла саҳм мегузорем, онро мисли хонаи худ дӯст медорем. Агар мардум бо ҳамдигар ҳамкорӣ кунанд, бисёр мушкилот ба осонӣ ҳал мешавад, – мегӯяд ҳангоми суҳбат раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Тӯрон”-и шаҳри Чирчиқ Насиба Салоҳиддинова. – Албатта, ободонии маҳалла кори дастҷамъона аст.
Дар бисёр маҳаллаҳо сокинон бо ташаббуси худ ба корҳои ободонӣ машғул мешаванд. Масалан, дар арафаи иди умумхалқии Наврӯз барои ҶШМ “Тӯрон” бинои нав ба истифода дода мешавад, ҳудуди биноҳои серошёна асфалтпӯш, ҷӯйборҳову кӯчаҳо тоза ва ба тартиб дароварда мешаванд. Барои асфалтпӯш ва иваз кардани латокҳо 62 млн. сӯм маблағ роҳандозӣ шудааст. Дарахтони атрофи кӯчаҳо сафед карда шуда, 200 бех ниҳоли дарахтони манзаравӣ шинонда мешаванд.
– Вақте мо якҷоя кор мекунем, маҳаллаи мо рӯз то рӯз зеботар мешавад. Ин ҷо на танҳо мо, балки фарзандони мо низ зиндагӣ мекунанд. Чи тавре ки гуфтаанд: “Ба як бача ҳафт маҳалла падару модар”. Чунин ташаббусҳо на танҳо муҳити зистро беҳтар мекунанд, балки эҳсоси масъулият ва дӯстиро байни сокинон тақвият медиҳанд, – мегӯяд истиқоматкунандаи маҳаллаи номбурда Гулноза Султонова.
Ғамхорӣ нисбати ниёзмандон
Яке аз анъанаҳои нек дар маҳаллаҳо дастгирии одамони ниёзманд мебошад. Дар рӯзҳои ид ё ҳангоми тангдастию душвориҳо сокинон ба оилаҳои камбизоат, пиронсолон ва беморон кӯмак мерасонанд.
Масалан, ҷавонони маҳалла ба як пиразани танҳо – Умедамомо ҳар ҳафта ба корҳои рӯзгораш кумак мекунанд: ҳавлиро тоза мекунанд, маҳсулоти зарурӣ меоранд ва аз ҳолу аҳволаш бохабар мешаванд. Пиразан бо чашмони пур аз меҳр мегӯяд:
– Маҳалла мисли оилаи бузург аст. Ман худро танҳо ҳис намекунам.
Ҳамсояҳо ҳамеша аз ҳоламон хабар мегиранд, ки ин беҳтарин нишонаи инсондӯстӣ аст.
Ин гуна муносибат нишон медиҳад, ки дар ҷомеаи мо эҳтиром ба бузургсолон ва ғамхорӣ нисбат ба якдигар арзиши муҳим дорад.
Ҷавонон – умеди оянда
Дар рушди маҳалла саҳми ҷавонон низ назаррас аст. Онҳо дар чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд.
Масалан, гурӯҳи ҷавонони маҳаллаи “Тӯрон” майдончаи варзиширо тоза ва тармим карданд. Ҳоло он ҷо кӯдакон ва ҷавонон бо шавқ ба варзиш машғул мешаванд.
– Мо мехоҳем маҳаллаамон барои ҳама ҷои зебо ва бароҳат бошад. Агар ҳар як ҷавон каме саҳм гузорад, натиҷаи хуб ба даст меояд, – мегӯяд фаъоли ҷавонони маҳалла Охунҷон Ортиқбоев.
Оре, ҷавонон неруи созандаи ҷомеа мебошанд. Имрӯз онҳо дар бисёр маҳаллаҳо ташаббусҳои ҷолибро роҳандозӣ мекунанд. Ташкил кардани чорабиниҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва корҳои хайр аз он ҷумлаанд.
Ба қарибӣ гурӯҳи ҷавонони маҳалла барои кӯдакони хурдсол Рӯзи иди модарон барномаи фарҳангӣ ташкил карданд. Онҳо барои кӯдакон бозиҳои шавқовар, мусобиқа ва намоиши ҳунарҳо баргузор намуданд. Ин гуна чорабиниҳо на танҳо фазои дӯстиро дар маҳалла тақвият медиҳанд, балки ба кӯдакон ҳисси шодӣ ва иттиҳод мебахшанд.
Ҳифзи анъанаҳо – вазифаи муҳими маҳалла
Маҳалла ҳамчунин макони ҳифзи фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ мебошад. Дар ин ҷо чорабиниҳои фарҳангӣ, вохӯриҳо ва маҳфилҳои тарбиявӣ баргузор мегарданд. Дар чунин чорабиниҳо калонсолон таҷрибаи зиндагии худро ба ҷавонон нақл мекунанд.
– Мо бояд анъанаҳои неки худро ба насли ҷавон омӯзонем, то онҳо низ арзишҳои миллиро эҳтиром намоянд. Имрӯзҳо дар қатори дигар маҳаллаҳо дар маҳаллаи мо низ омодагирӣ ба ҷашни пуршукӯҳи Наврӯз дар авҷ аст, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд бобои Неъматулло.
Бешубҳа, пешрафти ҷомеа аз ободии маҳаллаҳо оғоз меёбад. Вақте сокинон бо ҳамдигар ҳамкорӣ мекунанд, муҳити дӯстона ва созанда ба вуҷуд меояд. Ин муҳит барои зиндагии ором ва рушди ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад. «Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият» имконияти хубест барои таҳкими ҳамдилӣ, беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ва рушди устувори ҷомеа. Агар ҳар як шаҳрванд худро масъули ободии маҳалла ҳис кунад, пас маҳаллаҳо ба макони боз ҳам зебо, обод ва пешрафта табдил меёбанд.
Саодат Бекназарова,
хабарнигори “Овози тоҷик”.