“Наврӯзи олам – риштаи ҳамбастагӣ!”

  • “Наврӯзи олам – риштаи ҳамбастагӣ!”
  • “Наврӯзи олам – риштаи ҳамбастагӣ!”
  • “Наврӯзи олам – риштаи ҳамбастагӣ!”
  • “Наврӯзи олам – риштаи ҳамбастагӣ!”
  • “Наврӯзи олам – риштаи ҳамбастагӣ!”
  • “Наврӯзи олам – риштаи ҳамбастагӣ!”

Дирӯз таҳти чунин унвон дар толори Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон мулоқоти се насл баргузор гардид.

Дар чорабинӣ, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанг ва синамои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон доир шуд, шоиру нависандагон, аҳли фарҳанг, равшанфикрон, эҷодкорони ҷавон ва намояндагони васоити ахбори умуми ду кишвари дӯсту бародар иштирок карданд.

Дар мулоқоти адабӣ вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков, вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва дигарон ба сухан баромада, дар бораи таҳкими минбаъдаи равобити адабии Ӯзбекистону Тоҷикистон, масъалаҳои роҳандозии лоиҳаҳои муштарак ва татбиқсозии онҳо ҳарф заданд. Ҳамзамон, роҷеъ ба рушди кунунии адабиёти миллӣ, ҳамоҳангии анъана ва равишҳои муосир, нақши каломи бадеӣ дар тарбияи насли наврас, инчунин, оид ба равобити дӯстона ва ҳамкориҳои адабии шоиру нависандагони тоҷику ӯзбек, аз ҷумла, қаробату рафоқати ду шоҳсутуни адабиётҳо – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, дӯстии устодони сухан Садриддин Айнӣ ва Абдулло Қодирӣ, Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғулом, Лоиқ Шералӣ ва Эркин Воҳидов ва дигар эҷодкорон андешаҳои худро баён карданд.

Бо азму иродаи бузурги сиёсиву инсонии сарварони ду давлат  ба марҳилаи нави рушд баромадани муносибатҳои фарҳангиву адабӣ ва то ба кунун идома ёфтани чунин анъанаҳои нек бо қаноатмандӣ зикр гардид.

Дар идома директори иҷроияи Бунёди байналмилалии ҷамоатии ба номи Алишер Навоӣ Олимҷон Давлатов, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Муҳаммадуллоҳ Табарӣ, Шоири халқии Ӯзбекистон Абдулло Шер, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ва чанд нафар эҷодкори ҷавон роҷеъ ба аҳамияти ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тараннуми дӯстии халқҳо, сарчашмаҳои таърихии он, оин ва анъанаҳои ҷашни аҷдодӣ, инчунин, бобати дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек сухан гуфтанд. Дар васфи ҷашни баҳорӣ ва дӯстиву рафоқат шеърҳо қироат карданд.

Таъкид гардид, ки Наврӯз ҷашни эҳёи табиат, покию саодат, зебоиву нафосат, ватандӯстию инсонпарварӣ, орзуву умед, меҳру муҳаббат, садоқату вафо ва фарохдиливу ҳамҷиҳатӣ аст. Фалсафаи Наврӯз хусусияти созандагӣ ва сарҷамъӣ дорад.

– Мо метавонем дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро, ки аз решаҳои таърихӣ сарчашма мегирад, ба се чиз – китоб, хона ва дил монанд кунем, – иброз дошт Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло. – Агар як қисми китобро ҷудо карда, қисми дигарро мутолиа кунем, мазмуни онро ба таври комил дарк нахоҳем кард. Ё агар як тарафи хонаро вайрон созем, он дигар моҳияти сарпаноҳ будани худро аз даст медиҳад. Ҳамчунин, агар як тарафи дил аз кор бозмонад, ҷон аз бадан меравад. Аз ин рӯ, мо бояд ин дӯстиро ҳифз намоем ва талош кунем, то он чун китоби комил, хонаи обод ва дили зинда ҷовидона пойдор бимонад.

Дар анҷом раиси иттифоқ ба адиби тоҷикистонӣ Неъмат Мамасаидов гувоҳномаи узвият ба Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистонро супорид. Баромади санъаткорони ду кишвар ба чорабинӣ шукӯҳу файзи хоса бахшид.

Иштирокдорон аз намоишгоҳи акс ва китобҳо таҳти унвони “Дӯстии адабӣ – дӯстии абадӣ” ва осорхонаи иттифоқ боздид ба амал оварданд.

Ёдовар мекунем, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, фан, таълим, сайёҳӣ ва варзиш, ки 16 январи соли 1994 имзо шудааст, барои ҳамкории фарҳангии байни ду давлат заминаи ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Инчунин, соли 2018 миёни Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон меморандуми ҳамкорӣ низ имзо шудааст.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД,

мухбири “Овози тоҷик”.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: