Президент бо лоиҳаи фаввораи мусиқавӣ дар Тошканди Нав шинос шуд

  • Президент бо лоиҳаи фаввораи мусиқавӣ дар Тошканди Нав шинос шуд
  • Президент бо лоиҳаи фаввораи мусиқавӣ дар Тошканди Нав шинос шуд
  • Президент бо лоиҳаи фаввораи мусиқавӣ дар Тошканди Нав шинос шуд
  • Президент бо лоиҳаи фаввораи мусиқавӣ дар Тошканди Нав шинос шуд

Президент Шавкат Мирзиёев бо лоиҳаи маҷмааи фаввора, ки дар шаҳри Тошканди Нав бунёд мегардад, шинос шуд.

Дар мамлакат ба ташкили маконҳои муосири ҷамъиятӣ, масканҳои фароғатӣ ва истироҳати фарҳангӣ барои аҳолӣ диққати махсус дода мешавад. Чунин лоиҳаҳо ба зеботар намудани симои шаҳрҳо, фароҳам овардани муҳити бароҳати истироҳат барои аҳолӣ, инчунин зиёд кардани ташрифи меҳмонони дохиливу хориҷӣ мусоидат мекунанд.

Дар масоҳати қариб 8 гектари Тошканди Нав бунёди маҷмааи фаввораи мусиқиафзо ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи лоиҳа, дар ҳавзае, ки масоҳати умумии сатҳи оби он 6,3 гектарро ташкил медиҳад, дар 1,5 гектар майдон фавворае сохта мешавад, ки имкони баргузории намоишҳоро дар ҳамоҳангӣ бо об, мусиқӣ ва равшанӣ фароҳам меорад. Дар маҷмаа бунёди фаввораи азиме, ки метавонад обро то баландии 232 метр партоб намояд, инчунин платформаи шинокунанда бо диаметри 100 метр пешбинӣ шудааст.

Фаввора метавонад экрани обии 360-дараҷаро бо радиуси 185 метр ба вуҷуд оварад ва дар рӯи он тасвирҳои гуногунро намоиш диҳад.

Инчунин, истифодаи нурҳои пуриқтидори лазерӣ, композитсияҳои динамикии обӣ ва эффектҳои гуногуни визуалӣ пешбинӣ шудааст. Системаҳои насосӣ, таҷҳизоти барқӣ, проекторҳои лазерӣ ва дигар дастгоҳҳои техникӣ дар иншооти зеризаминии дуошёна ҷойгир карда мешаванд.

Дар атрофи ҳавзаи об ташкили минтақаҳои сабз ва иншооти хидматрасонӣ дар назар аст. Интизор меравад, ки ин маҷмаа ба яке аз ҷойҳои сазовори диққати Тошканди Нав табдил ёфта, симои меъмории шаҳрро ғанӣ гардонад ва барои баргузории чорабиниҳои гуногнуи фарҳангӣ, ҷашн ва фестивалҳо ҳамчун як макони дигари муосир хидмат намояд.

Роҳбари давлат ба мазмуну моҳияти лоиҳа, масъалаҳои техникӣ ва ободонии ҳамаҷонибаи минтақа таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Таъкид гардид, ки ташкили босифати хидматҳои муосири савдо, хӯрокворӣ ва хидматрасонӣ барои меҳмонон муҳим аст. Ҳамзамон, зарурати дар сатҳи баланд ва дар ҳамин макон баргузор намудани чорабиниҳои намоишӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолият таъкид шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: