Дар ин рӯзҳои фасли баҳор дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Фарғона тантанаҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи оламафрӯз беш аз пеш доман густурдааст. Имсол амфитеатри Экошаҳри мавзеи «Ӯзбекистони Нав» ба таҷлили ҷашни Наврӯзи оламафрӯз мизбонӣ намуд ва он таҳти шиори «Бузургдошти Наврӯз – бузургдошти Ҳазрати инсон» ба вуқӯъ пайваст.
Дар он аз чаҳор гӯшаи вилоят, аз ҷумла вакилони ташкилоту муассисаҳо, маҳаллаву корхонаҳо, марказҳои миллӣ-фарҳангӣ, шахсоне даъват шуда буданд, ки барои равнақу тараққӣ ёфтани мамлакати соҳибистиқлоламон ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.
Ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров иштирокчиёни онро бо фарорасии иди баҳору Наврӯзи хуҷастапайк самимона шодбош гуфт. Маросимро баромади сарояндагони маъруфи кишвар ва дастаҳои ҳунарӣ боз ҳам шукӯҳ ва таровати бештар ато намуданд.
– Ман аз он ифтихор мекунам, ки шаҳрванди Ӯзбекистон барин кишвари соҳибистиқлол ҳастам. Фарзандону наберагонам дар фазои сулҳу оромиш ба воя мерасанд ва аз шароиту имкониятҳои фаровон истифода мебаранд, – мегӯяд яке аз иштирокчиёни тантана Садоқат Ҳамроева, – дар Ӯзбекистони Нав ба қадру манзалати зан эътибори ҷиддӣ дода мешавад ва дари тамоми имкониятҳо ба рӯи ӯ боз аст, то ки таҳсил кунаду машғули кору касби дилхоҳ ва дӯстдоштааш шавад.
Дар деҳаи Шоҳимардони ноҳияи Фарғона ҷашни Наврӯз ба сайли мардумӣ табдил ёфт ва он бо рӯҳияи баланду идона ба таври васеъ таҷлил карда шуд. Дар ин ҷашнвора арзишҳо, расму оин ва анъанаҳои миллии мардуми маскуни он барои меҳмонони зиёд, ки ба он ҷо даъват шуда буданд, намоиш дода шуданд. Сурудҳои дилнишин, рақсҳои миллӣ, бозиҳои мардумӣ ин ҷашни баҳориро хеле шукӯҳи хос бахшиданд.
Дар гӯшаи дигари вилоят – ноҳияи тоҷикнишини Сӯх бошад, шукӯҳи нафаси тозаи Наврӯзи оламафрӯз зиёда аз ҳашт ҳазор нафарро ба майдони марказии ноҳия фаро хонда буд ва ин иди мардумӣ бо шукуҳ ва шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.
– Тантанаҳои наврӯзӣ ба пиру барно болу пар, хосатан ба кӯдакону наврасонамон хурсандиву хушҳолӣ овардааст. Наврӯзи навбаҳорон на танҳо рамзи эҳёи табиат, балки рамзи дӯстӣ ва бародарии халқҳо низ мебошад. Ҳар як маҳалла ва хонаводаро шодию нишот фаро гирифтааст, ки аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон сарчашма мегирад, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ҳушёр Абдулазиз Абдуҷабборов.
Дарвоқеъ, намояндагон аз кишварҳои ҳамҷавори Тоҷикистону Қирғизистон дар чорабиниҳои идонаи сӯхиён иштирок мекарданд. Онҳо бо ифтихор аз наздикии фарҳангҳо ва робитаҳои дӯстонаву бародаронаи Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистон бо фараҳ ва шодӣ ёдовар мешуданд.
– Наврӯз ба мардуми мо имкон медиҳад, ки ҳамдигарфаҳмӣ, меҳрубонӣ ва ваҳдати миллӣ ҳукмрон бошад, дӯстии байни халқҳо мустаҳкам гардад ва ҳамаи мо дар фазои рафоқат кору зиндагӣ кунем. Барои чунин шароити созгор бо эҳтироми хос ба роҳбари Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев арзи самимияту сипос менамоям, – мегӯяд яке аз меҳмонҳои тоҷикистонӣ Музаффарҷон Шодиев.
Дар шаҳри Қӯқанди латиф, ноҳияҳои Учкӯприк, Бувайда, Ёзёвон, Олтиариқ, Риштон, Бағдод, Қува, шаҳрҳои Марғелону Қувасой ва соири шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ҷашну тантанаҳои наврӯзӣ бо шукӯҳ таҷлил карда шуданд, вале иду тантанаҳо ҳоло дар саросари маҳаллаҳо, гузару ҳавлиҳои мардум бо як маром ва шукӯҳи тоза идома доранд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.