Тибқи хабари Раёсати таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Навоӣ 23 нафар толибилмони мактаби тахассусонидашудаи рақами 11-уми шаҳри Навоӣ ба натиҷаҳои баланд ноил шуда, пеш аз мӯҳлат донишҷӯ гардиданд.
Бино ба иттилои манбаъ, 23 нафар толибилми ин мактаб ҳанӯз дар давраи таҳсил дар мактаб соҳиби мақоми донишҷӯ гардиданд. Аз онҳо 2 нафар толибилми синфи 10 буда, боқимонда хонандагонии синфи 11 мебошанд.
Директори мактаб Гулнора Ҷумъаниёзова зимни суҳбат гуфт:
– Дар мактаби мо 155 нафар хатмкунанда таҳсил мегиранд. Ҳоло 23 нафар толибилмони мо пеш аз муҳлат донишҷӯ шуданд. Ният дорем, ки то анҷоми соли таҳсил шумораи онҳо ба 40 нафар расонида шавад. Ин хонандагони мо аз 4-5 фани таҳсилоти ҳамагонӣ сертификатҳои миллӣ ба даст овардаанд.
Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи мактаб аз 23 нафаре, ки донишҷӯ шудаанд, 20 нафар ҳадди ниҳоии хол – 189, 1 нафар – 188 ва 2 нафар 186 хол гирифтаанд. Ин нишондиҳанда аз рӯйи теъдоди хонандагоне, ки пеш аз муҳлат донишҷӯ шудаанд, яке аз беҳтарин натиҷаҳо дар вилоят ба ҳисоб меравад.
Сертификати миллӣ санҷише мебошад, ки барои муайян кардани сатҳи дониши довталаб аз фанҳои таҳсилоти умумӣ пешбинӣ шудааст. Дар доираи он аз фанҳои гуногун имтиҳонҳои сертификатӣ баргузор мегарданд. Ба шахсоне, ки дар натиҷаи тест ҳадди ақал 60 фоизи холҳои максималиро ба даст меоранд, сертификат дода мешавад ва он барои се сол эътибор дорад.
Тибқи тартиби амалкунанда, довталабоне, ки аз фанҳои таҳсилоти умумӣ сертификати миллии дараҷаи А+ ё А доранд, аз ин фан холи максималӣ мегиранд. Довталабоне, ки сертификати дараҷаи В+, В, С+ ё С доранд, аз фанҳои ҳатмӣ холи баландтарини муқарраршударо мегиранд.
Агар, толибилмони мактабҳои дигари вилоят ин раванди ташаббускорро пайгирӣ мекарданд, нур болои нур мегардид.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.