Чун Помиру Тиёншон,
Ду халқи кӯҳсонӣ.
Чун як хону чу як нон,
Ду халқи ба як ҷонӣ.
Бо меҳру бо муҳаббат,
Чун як пилку абрувон,
Қисмат наметавон кард,
Аз ҳам чу чашму мижгон.
Будӣ дар они санҷиш,
Ду ҷони як мушт, инак
Дар аҳду айёми нек
Ҳастӣ кунун муборак!
Дар кохи дӯстгонӣ
Шеъру дастон ягона.
Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Давру даврон ягона.
Монд аз Навоӣ, Ҷомӣ
Некӯ ҳарфу каломат
Чун бародари ҳамхун
Салому ассаломат.
Чун пешвоёни қавм,
Як ҷону як танастанд.
Ду халқу қавму кишвар
Хуш дар як Меҳанастанд.
Чун Помиру Тиёншон,
Боядат ҷони подор.
Бояд дилҳои бедор!
Бояд дилҳои бедор!
Шуҳрати ин дӯстӣ,
Бар асрҳо мерасад,
Бас корвонҳои он
Бар наслҳо мерасад.
Дар кохи дӯстгонӣ
Боғу бӯстон ягона,
Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Давру даврон ягона
Сироҷиддин Саййид,
Шоири халқии Ӯзбекистон
Тарҷумаи Паймон.