Таронаи ҳамҷаворӣ

Ба як аҳду паймон

Ду мулку ду давлат,

Қариндил, қаринҷон

Ду халқу ду миллат.

Ду донак ба як пӯст ҳастем мо,

Бародарсифат дӯст ҳастем мо.
 

Ба ҳам чун биёем,

Нафаҳмад касе нек:

Кадом аст тоҷик,

Кадом аст ӯзбек.

Ду донак ба як пӯст ҳастем мо,

Бародарсифат дӯст ҳастем мо.
 

Ба як ранг моро

Бувад боғу гулшан,

Зи нури яке маҳ

Шаби мост равшан.

Ду донак ба як пӯст ҳастем мо,

Бародарсифат дӯст ҳастем мо.
 

Диҳад сарбаландӣ

Яке кӯҳ моро,

Дили мо хӯрад об

Зи як ҷӯю дарё.

Ду донак ба як пӯст ҳастем мо,

Бародарсифат дӯст ҳастем мо.
 

Бувад лафз дигар,

Вале як дили мо,

Ду лафз аст фаҳмо

Ба ҳар манзили мо.

Ду донак ба як пӯст ҳастем мо,

Бародарсифат дӯст ҳастем мо.
 

Замин – як, само – як,

Макон – як, саро – як.

Само – як, Худо – як,

Сухан – як, нидо – як:

Ду донак ба як пӯст ҳастем мо,

Бародарсифат дӯст ҳастем мо.
 

Ба ин аҳду паймон

Қаринтар бигардем,

Накӯ дӯст ҳастем,

Бародар бигардем.

Ду донак ба як пӯст ҳастем мо,

Бародарсифат дӯст ҳастем мо.

Низом ҚОСИМ, 
Шоири халқии Тоҷикистон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: