Президенти Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон меояд

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 26-27 март бо сафари давлатӣ дар кишвари мо қарор хоҳад дошт.

Дар доираи сафар музокироти сатҳи олӣ, инчунин ҷамъомади нахустини Шӯрои олии байнидавлатӣ таҳти раёсати роҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар рӯзномаи чорабиниҳо масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҷой доранд.

Ба таҳкими муколамаи сиёсӣ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва байниминтақавӣ, рушди кооператсияи саноатӣ ва ҳамбастагии мутақобила дар бахши нақлиётӣ, таъмини амнияти обиву энергетикӣ, инчунин идомаи мубодилаҳои густурдаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ диққати махсус зоҳир мегардад.

Роҳбарони давлатҳо аз рӯйи масъалаҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ҳамкорӣ дар доираи форматҳои бисёрҷониба мубодилаи афкор хоҳанд кард.

Инчунин, ба роҳ мондани як қатор лоиҳаҳои нави муштарак пешбинӣ гардида, имзои маҷмӯи муҳими санадҳои дуҷониба, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба нигаронида шудаанд, дар назар аст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: