Бозор ва масъулият: то чӣ андоз ҳуқуқи истеъмолкунанда ҳифз мешавад?

Президенти мамлакат Ш. Мирзиёев дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон гуфта буд: «Дар Ӯзбекистон давлат ҳаст, Конститутсия ҳаст, қонунҳо ҳастанд, ки шаҳрвандон, соҳибкорон ва сармоягузаронро дар ҳама ҳолат муътамадона ҳимоя мекунанд!..»

Бешубҳа, ин гуна гуфтор ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон низ дахл дорад. Федератсияи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарони Ӯзбекистон ва шуъбаҳои он дар минтақаҳо низ бо мақсади кӯмакрасонӣ ба аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо фаъолият дорад. Суҳбати мо бо раиси Иттиҳодияи ҳудудии федератсия дар вилояти Бухоро Ҷаҳонгир Мутаҳаров дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон – 15 март сурат гирифт.

– Муҳтарам Ҷаҳонгир Умедович, дар бораи мақсад ва вазифаҳои Федератсияи ҷумҳурӣ ва шӯъбаҳои он дар ҳудудҳо маълумот медод. Дуруст аст, ки ин нукта баъди мулоқот бо Шумо дар мақолаи «Агар маҳсулот бесифат бошад... » дар рӯзномаи «Овози тоҷик» 12 ноябри соли гузашта, шумораи 91-ум баён ёфтааст. Бо вуҷуди ин ба хотир овардани моҳияти он тасаввуротро равшантар менамояд.

– Маълум аст, ки федератсия дастгоҳи маркази сохтор буда, он ҳамаи иттиҳодияҳои минтақавӣ ва шӯъбаҳои онҳоро дар шаҳру ноҳияҳо муттаҳид месозад. Ҳадафу вазифаҳои федератсия ва шӯъбаҳои минтақавии он аз тарғиби қонунҳои ҷорӣ оид ба ҳуқуқ ва манфиатҳои истеъмолгарон дар байни аҳолӣ, назорати бозори дохилӣ, мониторинги бехатарӣ, сифати молу хидмат, зиёдтар намудани маданияти истеъмолӣ ва дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, кӯмакрасонӣ ба истеъмолкунандагон ҳангоми халалдоршавии ҳуқуқи онҳо ва ғайра иборат аст.

– Дар бораи сохт ва таркиби Иттиҳодияи минтақавии федератсия дар вилояти Бухоро таваққуф мекардед.

– Ҳоло дар вилоят 13-то шуъбаи ноҳиявию шаҳрии Ҷамъияти истеъмолгарон фаъолият дошта, дар таркиби онҳо 44-то гурӯҳи такягоҳии маҳалла, корхона,

ташкилоту муассиса амал мекунанд ва 45940 нафар аъзо ба қайд гирифта шудааст.

– Маълум мешавад, ки болоравии дониши ҳуқуқӣ ва маданияти истеъмолгарии аҳолӣ боиси самаранокии кор мешавад. Бо ин мақсад дар давоми соли 2025 дар миқёси Иттиҳодияи ҳудудӣ чӣ гуна ҷараёнҳои тарғиботию ташвиқотӣ сурат гирифт?

– Мувофиқи маълумоти чоряки охирин 2164 тадбири тарғиботию ташвиқотӣ, тавассути марказҳои радиошунавонӣ 472 бор баромад ба амал омад. Ба ғайр аз ин ба воситаи «оинаи нилгун» 43 дафъа барномаи мо пахш гардидааст.

– Вазъи кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон чӣ гуна аст?

– Ҳамаи муроҷиатҳои истеъмолгарон мавриди омӯзиш қарор гирифта, аксарияти онҳо ҳалли эҷобии худро ёфтааст. Аз ҷумла, тавассути телефони боэътимоди Прокуратураи генералӣ 12-то, ба воситаи рақами бовариноки 1091 27-то,тавассути телефон-бот 15-то ва бевосита ба ҷамъиятҳои ноҳияю шаҳрҳо 418-то муроҷиат дастрас шудааст. Ба тарзи умумӣ 474-то муроҷиат ҳалли эҷобӣ ёфта, дар натиҷа беш аз 2 миллиарду 650 миллион сӯм зарари моддӣ ба фоидаи истеъмолгарон ҳал гардид. Ба суди корҳои шаҳрвандӣ 22-то ариза-даъво пешниҳод гардида, ба ҳисоби умумӣ ба андозаи 1 миллиарду 807,9 миллион сӯм зарари моддию маънавӣ ситонида шудааст. Ба ғайри аз ин дар давоми соли 2025 ба истеъмолкунандагон 1276-то маслиҳати ҳуқуқӣ дода шудааст.

– Аз ҷониби гурӯҳҳои кории Иттиҳодияи ҳудудӣ ва шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои назоратию омӯзишӣ низ сурат мегиранд?

– Оре, дар асоси фармони федератсия аз ҷониби гурӯҳҳо 13 дафъа, мувофиқи нақшаи чораю тадбирҳои ҳокимияти вилоят 10 бор, ба ҳисоби умумӣ 23 дафъа дар соҳаҳои гуногун ба тарзи назорати ҷамоавӣ тадбирҳои назоратию омӯзишӣ ба амал омада, маълумотномаҳои дахлдор бо мақсади чорабинӣ ба идораҳои дахлдори давлатӣ пешниҳод шудааст.

Мо аз раиси Иттиҳодияи ҳудудии федератсия хоҳиш намудем, ки оид ба ҳалли масълаҳои истеъмолгарони муроҷиаткарда мисолҳо орад. Инак хостем, баъзеи онҳоро ба рӯзномахонон ҳавола кунем.

ОҚИБАТИ САВДОИ БЕҲУҶҶАТ

Маълум аст, ки солҳои охир эҳтиёҷоти мардум ба «хараробаи замон» – мотонақлиёт афзудааст. Вай бобати боркашонӣ, хусусан дар деҳот, хеле қулай аст. Сокини ноҳияи Бухоро Х.Т ба 11 миллион сӯм моторолёр харид, вале ӯ бо мақсади гирифтани авторақами нақлиёт ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод карда натавонист. Аниқтараш вай ҳуҷҷатҳои заруриро саривақт гирифта натавонист. Ниҳоят ӯ маҷбур шуд, ки ба ҷамъияти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони ноҳия муроҷиат кунад. Дар натиҷа бо дахолати кормандони ҷамъияти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони ноҳияи Бухоро муроҷиат ҳалли эҷобӣ ёфт: он маблағе, ки истеъмолгар ба воситаи нақлиёти беҳуҷҷат пардохта буд, ба вай пас гардонда шуд.

ЧАНГКАШАК ТАЪМИР ЁФТ

Истиқоматкунандаи ноҳияи Бухоро Х.Р. ба 1050000 сӯм чангкашак харид, вале он чангро накашид ва боиси нигаронии харидор гардид. Ба эътирози истеъмолгар соҳибкор эътибор надод. Вай маҷбур шуд, ки ба ҷамъияти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони ноҳия муроҷиат кунад. Ниҳоят бо дахолати масъулони кори ҷамъияти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони ноҳия чангкашак таъмир ёфта талаби харидор қонеъ гардонда шуд.

ТЕЛЕВИЗОРИ БЕСИФАТ    

Сарфи назар аз намуди пардохт: нақд, савдои нася, пардохти муддатнок, кредит қонун ҷонибдори истеъмолгар аст.

Агар соҳибкор маҳсулоти бо пардохти муддатнок фурӯхтаашро баргардонда нагирад, саҳв мекунад.

Сокини ноҳияи Қарокӯл А.Б. аз дӯкони савдои техникаи маишӣ ба 3289 ҳазор сӯм мувофиқи шартномаи имзогардида ба тарзи партохти муддатнок телевизор харид. Дар давоми истифода носозии телевизор ошкор гардида, вай дар ин хусус ба мудири дӯкон шикоят кардааст. Вақте ки муроҷиатҳояш бенатиҷа монданд, истеъмолгар ба ҷамъияти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони ноҳия рӯ овард. Кормандони ҷамъияти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони ноҳия масъаларо омӯхтанд. Дар натиҷа телевизори бесифат ба дӯкон баргардонда шуда, шартномаи «пардохти муддатнок» аз эътибор соқит гардид.

ЗАРАРИ МАЪНАВӢ БО КӮМАКИ СУД РӮЁНДА ШУД

Истеъмолгароне, ки ҳанӯз ба бинои бисёрошёнаи сохтанашуда пешакӣ пул супорида, оқибат аз манзил хушк монда, маблағи супоридаашонро гирифта наметавонанд, кам нестанд. Ф.Ч. аз ҷумлаи онҳост. Вай бо ҶММ «АЕВ» шартнома карда, фиреб хӯрд.

Мувофиқи даъво аризаи ҷамъияти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони шаҳри Бухоро ба манфиати шаҳрванд Ф.Ч. дар суди корҳои шаҳрвандии байниноҳиявии Бухоро мурофиаи судӣ ба амал омад. Манзил харидааст, ба вай дар муддати қайдгардида на квартира дастрас шудаасту на маблағи супоридашуда. Бинобар қарори ниҳоӣ суд ташкилоти сохтмонро ӯҳдадор намуд, ки дар муддати як моҳ истеъмолгаронро бо манзил таъмин карда, ба вай ба андозаи 30 миллион сӯм зарари маънавӣ супорад.

Чи хеле ки аён мегардад, Федератсияи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон ва шуъбаҳои минтақавии онҳо баҳри ҳифзи манфиатҳои истеъмолгарон дасти ёрӣ дароз мекунанд.

Амрулло Авезов, мухбири «Овози тоҷик»

дар вилояти Бухоро.                              

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: