Дар ҳар деҳа аввалин маскане, ки сатҳи фарҳанг, маърифат ва ояндаи онро нишон медиҳад, мактаб мебошад. Агар мактаб обод, фаъол ва пур аз дониш бошад, деҳа низ рушд меёбад. Аз ин ҷост, ки мардум мегӯянд: «Мактаб оинаи деҳа аст».
Мактаб на танҳо бинои таълимӣ, балки маркази маърифат, тарбия ва умеди оянда мебошад. Дар ҳамин ҷо насли наврас қадамҳои аввалини худро ба ҷаҳони дониш мегузорад, ҷаҳонбиниаш шакл мегирад ва роҳи зиндагии худро интихоб мекунад.
Мактаб мисли чароғест, ки дар торикии ҷаҳолат равшанӣ меандозад. Дар синфхонаҳои он кӯдакон хондану навиштан, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми калонсолонро меомӯзанд. Омӯзгорон бо меҳнати пурзаҳмати худ на танҳо дониш медиҳанд, балки инсон тарбия мекунанд.
Донишманди бузурги Шарқ Абуалӣ ибни Сино гуфтааст: «Илм беҳтарин сарватест, ки инсонро ба камол мерасонад».
Ин сарват маҳз дар мактаб ба даст меояд. Агар кӯдак аз хурдӣ муҳити хуби таълимӣ дошта бошад, ояндаи ӯ низ равшан мегардад.
Ё ин ки Абдулқодири Бедил фармудааст:
Ман ҳам аз касби илм хурсандам,
Лек бо мақсадест пайвандам.
К-аз усули мадориҷи ҳикмат,
Оламеро барорам аз ғафлат.
Имрӯз рушди таълими халқ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ба ҳисоб меравад. Бо дастгирии ҳукумат мактабҳои нав бунёд гардида, муассисаҳои таълимии кӯҳна таъмиру навсозӣ мешаванд. Синфхонаҳо бо компутер, тахтаҳои электронӣ ва таҷҳизоти муосир таъмин мегарданд.
Ин ҳама тадбирҳо барои онанд, ки хонандагон дар шароити беҳтар таҳсил намуда, донишҳои замонавиро аз худ кунанд. Чунон ки роҳбари давлат дар суханрониҳояш борҳо таъкид кардааст: «Ояндаи ҳар як давлат ба сатҳи дониш ва маърифати ҷавонони он вобаста аст».
– Падарам мегуфт, ки солҳои пеш бинои мактаби деҳаамон хеле фарсуда шуда буд. Зимистон синфхонаҳо сард, тобистон гарм мешуданд. Аммо бо вуҷуди ин, омӯзгорон бо меҳру муҳаббат ба хонандагон дарс медоданд, – мегӯяд хатмкардаи мактаби миёнаи рақами 33-юми ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё, ҳоло устоди Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки ба номи Алишер Навоӣ Парвиз Иззатуллоев. – Ҳар гоҳ, ки ба деҳа меравам, албатта, аз мактаби азизам дидан мекунам. Мактаби деҳаи мо низ симои замонавӣ гирифтааст. Ба деҳаи кӯҳиамон ғурур ва ифтихор мебахшад. Таълим пурра ба забони тоҷикӣ мебошад.
– Парвиз яке аз шогирдони фаъоли ҳамин мактаб буд. Ӯ аксар вақт пас аз дарс ба китобхона мерафт ва соатҳои зиёд китоб мехонд. Омӯзгоронаш қобилияти ӯро дида, ҳамеша дастгирӣ мекарданд. Соли 2007 баъди хатми мактаб донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд гардид. Солҳои 2011-2013 бахши магистратураи донишгоҳ, солҳои 2020-2023 докторантураро бо муваффақият хатм кард. Имрӯз дар кафедраи «Назарияи тарҷума ва амалиёт» омӯзгори муваффақ аст. Ҳар вақте ба деҳаи худ ояд, аввал ба мактаб медарояд, бо омӯзгорони собиқаш вохӯрда, ба хонандагон маслиҳат медиҳад. Мо бо ин гуна шогирдонамон фахр мекунем, – мегӯяд директори мактаби номбурда Имомназар Абдуллоев.
Ин гуна мисолҳо бисёранд. Аз мактабҳои деҳот ҳазорҳо ҷавонон ба камол расида, имрӯз дар соҳаҳои гуногун – тиб, илм, сохтмон ва идоракунӣ фаъолият доранд.
Агар мактаб тан бошад, омӯзгор рӯҳи он аст. Маҳз омӯзгор аст, ки ба хонандагон на танҳо дониш, балки роҳу равиши зиндагиро меомӯзад.
Дар бисёр деҳаҳо омӯзгорон солҳои дароз бо садоқат кор мекунанд. Онҳо шогирдони зиёдеро ба камол расондаанд. Баъзеашон наслҳои пайдарпай – аввал падар, баъд фарзанди ӯро таълим додаанд.
Чунин меҳнату садоқат сабаби пешрафти ҷомеа мегардад. Зеро ҳар як шахси муваффақ дар зиндагӣ, пеш аз ҳама, шогирди омӯзгоре аст.
Барои сокинони ҳар як деҳа мактаб ҷойгоҳи махсус дорад. Дар рӯзҳои ид, чорабинӣ ва мусобиқаҳои фарҳангӣ мактаб ба маркази ҷамъомади мардум табдил меёбад.
Модарон бо ифтихор аз дастовардҳои фарзандонашон мегӯянд, падарон аз пешрафти мактаб шод мешаванд. Ҳар як дастоварди хонандагон – ғолибият дар озмун, мусобиқа ё имтиҳон – барои тамоми деҳа мояи ифтихор мегардад.
– Ояндаи деҳа аз мактаб оғоз мешавад, – мегӯяд омӯзгори собиқи мактаб Иноятулло Иззатуллоев, – пешрафти деҳа танҳо аз сохтмони роҳ ё биноҳои нав вобаста нест. Пешрафти ҳақиқӣ аз маърифати мардум сарчашма мегирад.
Агар мактаб рушд кунад, насли соҳибмаърифат ба воя мерасад. Ин ҷавонон дар оянда метавонанд деҳаи худро обод намоянд, корхонаҳо созанд, мактабҳои нав бунёд кунанд ва зиндагии мардумро беҳтар гардонанд.
Дарҳақиқат, мактаб қалби маънавии ҳар як деҳа мебошад. Аз фаъолияти он симо, фарҳанг ва ояндаи ҷомеа вобаста аст. Аз ҳамин рӯ, нигоҳубини мактаб ва дастгирии омӯзгорон вазифаи ҳар як узви ҷомеа мебошад.
Зеро мактаб оинаест, ки дар он на танҳо имрӯз, балки фардои деҳа низ инъикос меёбад.
Парвиз бо чунин суханон ба суҳбатамон хотима гузошт:
– Дар мактаби мо барои бошукӯҳ ва табъи болида пешвоз гирифтани иди зебои баҳор – Наврӯзи оламафрӯз омодагии хуб диданд.
Гирду атрофи он, ҷӯйбору кӯчаҳо тоза карда шуданд. Дар боғи мактаб ниҳолҳои манзаравию меванок шинонда шуд.
Наврӯзи кӯҳсор шукӯҳу шаҳомати ба худ хос дорад. Мардуми деҳа асосан дар саҳни мактаб ҷамъ омада, баромади хонандагону омӯзгоронро бахшида ба иди Наврӯз, эҳёи табиат ва ободу зебоии диёр тамошо мекунанд. Якдигарро бо ид шодбош мегӯянд. Сипас сайри Наврӯзро дар гузарҳои худ идома медиҳанд. Модарону бонувони деҳа таомҳои болаззати миллиро омода намуда, ба дасторхони идона мегузоранд. Аз фурсат истифода бурда, устодон, дӯсту бародарон ва ҳамаи ҳамдеҳагонамро бо ҷашни Наврӯз шодбош мегӯям. Ва сатрҳои шоирро ба модарони азиз армуғонӣ менамоям:
Ҳавои кӯҳсорон будӣ, модар,
Навои обшорон будӣ, модар.
Гули рӯят ба ёдам то абад монд,
Баҳорону баҳорон будӣ, модар.
Саодат Бекназарова,
хабарнигори «Овози тоҷик».