Лоиҳаҳои нав чӣ хел натиҷа медиҳанд?

Ҳар сол нимаи аввали моҳи март барои ҶС «Ӯзбекгидроэнерго» давраи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар самтҳои гуногун маҳсуб меёбад.

Дар ин айём роҳбарияти ширкат доир ба корҳои солона маълумот ироа мекунанд. Тавре ки дар Маркази омодасозии контенти назди Маъмурияти Президент  гуфта шуд, манбаъҳои энергияи барқароршаванда дар самти рушди мунтазами низоми энергетикӣ, ки яке аз омилҳои асосии иқтисодиёти кишвар аст, нақши калидӣ дорад. Дар ин замина иқтидорҳои мавҷуда дар баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ аҳамияти махсус пайдо мекунанд.
Дар ҳақиқат, дар ин самт тавассути корҳои бузурги сохтмонӣ, ки аз ҷониби ҶС «Ӯзбекгидроэнерго» сохтмони иншооти нави гидроэнергетика ва навсозии иқтидорҳои мавҷуда анҷом дода мешаванд ва он натиҷаҳои назаррас ба даст меоварад. Иқтидорҳои иловагии на танҳо барои нигоҳ доштани сатҳи устувори истеҳсол, балки барои афзоиши мунтазами он замина фароҳам меоранд.
Ин дафъа мавзӯи «Натиҷаҳои асосии фаъолияти «Ӯзбекгидроэнерго» дар соли 2025 ва лоиҳаҳои нави умедбахш» мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуд. Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки бо қарори вижаи Президент соли 2017 Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекгидроэнерго» таъсис дода шуд. Он рушди мунтазами бахши гидроэнергетика, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда ва бунёди иқтидорҳои навро дар меҳвари фаъолият қарор додааст.
– Дар замони таъсиси ҶС «Ӯзбекгидроэнерго» дар ҷумҳурӣ 36 неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 1604 мегаватт фаъолият мекарданд. Дар натиҷаи лоиҳаҳои сармоягузории амалӣ дар солҳои охир, иқтидори умумӣ ба 2400 мегаватт расид. Имрӯз шумораи неругоҳҳои барқи обӣ аз 100 адад гузаштааст, – гуфт муовини раиси Раёсати ҶС Фаррух Нуруллоев.
Дар давраи гузашта 13 неругоҳи барқи обии мавҷуда навсозӣ ва 64 иншооти нав ба истифода дода шуданд. Барои татбиқи ин лоиҳаҳо дар маҷмӯъ 1,3 миллиард доллари ИМА сармоягузорӣ шудааст. Инчунин таъкид гардид, ки то охири соли 2025 корхонаҳои ҶС 6,5 миллиард кВт/соат неруи барқ истеҳсол карданд. Дар доираи барномаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 237 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ сурат гирифт. Дар айни замон, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 700 миллиард сӯм гузаштааст.
Ба гуфтаи маъмурият ҳоло рақамикунонӣ ва автоматикунонӣ дар обанборҳо ва иншооти гидроэнергетикӣ ба таври васеъ татбиқ карда мешавад. Аз ҷумла, Маркази ягонаи вазъият таъсис ёфтааст ва имконияти назорати онлайнии захираҳои об тавассути зиёда аз 4700 дастгоҳи автоматии назорат ва ченкунӣ фароҳам оварда шудааст. Барои омода кардани лоиҳаҳои умедбахш, дар ҶС «фабрикаи лоиҳавӣ» таъсис дода шуда, ҳоло корҳои ташкилӣ ва амалӣ тақрибан дар 50 лоиҳа бо иқтидори умумии 3,2 гигаватт анҷом дода мешаванд.
Ногуфта намонад, ки дар маҷмӯъ, соҳибкорон зиёда аз 20 неругоҳи хурди барқӣ бо иқтидори умумии тақрибан 30 МВт сохтаанд ва зиёда аз 20 лоиҳа дар ҳоли сохтмон қарор доранд. Дар оянда, бо иштироки соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ, тақрибан 3000 неругоҳи хурди барқӣ сохта мешаванд.

Ҳӯлкар ҶӮРАЕВА,
сармутахассиси дафтари матбуоти
ҶС «Ӯзбекгидроэнерго».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: