Пас аз анҷоми ҷаласаи якуми Шӯрои олии байнидавлатӣ, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози лоиҳаҳои бузурги ҳамкорӣ иштирок намуданд.
Сарони давлатҳо ба татбиқи 10 лоиҳаи муштарак оғози расмӣ бахшиданд.
Сухан дар бораи таъсиси корхонаҳо барои истеҳсоли мебел ва маҳсулоти чармӣ, тавсеаи истеҳсоли техникаи маишӣ, сохтмони иқтидорҳои нассоҷӣ дар Тоҷикистон, бунёди маҷмааи истиқоматӣ ва иншооти савдо дар шаҳри Тошканд, инчунин ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти консервӣ дар вилояти Фарғона меравад.
Илова бар ин, объектҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар вилояти Андиҷон, шарбатҳои мева ва брикетҳои металлӣ дар вилояти Сурхондарё ба истифода дода шуданд.
Ҳамчунин маросими тантанавии номгузории яке аз кӯчаҳои Тошкенти Нав ба номи шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон изҳори итминон намуданд, ки татбиқи ин лоиҳаҳо ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.