Чин (Хитой) дар кайҳон роботи мутобиқшавандаро барои пур кардани сӯзишворӣ озмоиш кард

Ширкати Sustain Space-и Чин робот-манипулятори мутобиқшавандаро, ки метавонад ба моҳвораҳо дар кайҳон сӯзишворӣ пур кунад ва ба онҳо хизмат расонад, дар мадор бомуваффақият озмоиш намуд.

Дар ин бора хабаргузории Синхуа хабар дод.
Рӯзи 16 март ракетаи Kuaizhou-11 моҳвораи Yuxing-3 06-ро, ки бо ин таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз буд, аз маркази партоби Сюцюан ба кайҳон баровард. Дар ҷараёни озмоишҳо дастгоҳ се сенарияи пур кардани сӯзишвориро иҷро кард: автоматӣ, заминӣ ва бо роҳнамоии визуалӣ.
Робот - манипулятор,ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Донишгоҳи Синхуа таҳия шудааст, аз як “дасти” холӣ ва мутобиқшаванда иборат аст, ки дорои механизми махсуси пайвастшавӣ мебошад ва метавонад бо пайвасткунакҳои сӯзишворӣ дар мадор дақиқ васл шавад. Бар хилофи манипуляторҳои анъанавии сахт, ин дастгоҳ метавонад ба осонӣ хам шавад ва шаклашро тағйир диҳад, ки ба он имкон медиҳад дар ҷойҳои маҳдуд кор кунад ва амалиётҳои мураккабро анҷом диҳад.
Менеҷери лоиҳа Ван Сюэцян қайд кард, ки ин технология дурнамои васеъро пешниҳод мекунад, зеро роботҳои ин синф на танҳо метавонанд моҳвораҳоро пур кунанд ва таъмир кунанд, балки партовҳоро низ тоза кунанд.
Ширкат ин озмоишро як қадами муҳим барои саноати кайҳонии тиҷоратии Чин меномад. Ин аввалин таҷриба нест: моҳи январи соли 2025 Чин моҳвораи Шиҷян-25-ро барои озмоиши технологияҳо барои пур кардани сӯзишворӣ ва дароз кардани мӯҳлати хидмати киштиҳои кайҳонӣ ба фазо партоб кард, хабар медиҳад Казинформ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: