Махзани илму дониш

Мувофиқи қарори Президенти мамлакат «Дар бораи чорабиниҳо оид ба рушди маданияти китобхонӣ ва баланд бардоштани шавқи аҳолӣ ба мутолиаи китоб», аз 15-уми январи соли 2026, дар кишварамон тарғиби васеи маданияти мутолиа, афзоиши нашру тарҷумаҳои нав, баланд бардоштани таваҷҷуҳи аҳолӣ, бахусус ҷавонон, ба китоб, инчунин таъмир намудани китобхонаҳо ва таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо адабиёти соҳавию касбӣ ҳамчун вазифаи афзалиятнок муайян гардидааст.

Бале, китобхонаҳо барои инсоният хазинаи маънавиянд. Назар ба маълумоти таърихӣ, дар Юнони Қадим китобхонаи аввалинро Арасту (асри IV пеш аз милод) ташкил кардааст. Дар оғози асри VII милодӣ дар китобхонаҳои шоҳон мамлакатҳои Шарқ маҷмӯи сафолу пергаментҳо нигоҳ дошта мешуданд, ки дар натиҷаи истилои арабҳо онҳо ба коми оташ рафтаанд.

Муғулҳои ҷоҳили чингизӣ китобхонаҳои зиёди моро несту нобуд кардаанд. Танҳо дар Бухорои Шариф китобхонаи бемислу ғанӣ се рӯз сӯхта, ба хокистар табдил ёфтааст.

Фаромӯш набояд кард, ки алломаҳои Шарқ, чун Ибни Сино, Форобӣ, Муҳаммад ал- Хоразмӣ, Аҳмад ал-Фарғонӣ, Берунӣ, Умари Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Улуғбек, Алишер Навоӣ ва дигар симоҳои бузург аз китобхонаҳои нодири замони худ пурсамар истифода бурда, дар ҷамъ овардани асарҳои беназир саҳми арзанда гузоштаанд. Зеро вазифаи китобхонаҳо баланд бардоштани сатҳи маънавии мардум ва мусоидат ба омӯзиши мустақилонаи онҳост.
Китобхонаҳои илмӣ, хосатан, ба олимон, пажӯҳишгарон, донишҷӯён ва мутахассисони соҳаҳои гуногун хидмати шоиста мекунанд.
Яке аз чунин махзанҳои илму дониш дар Самарқанд Маркази ахбору китобхонаи илмӣ-фундаменталии назди Донишгоҳи давлатии ба номи Шароф Рашидов мебошад.
– Шодравон, арбоби шоистаи фан, соҳиби ордени «Буюк хизматлари учун», академик Ботурхон Валихоҷаев, – гуфт директори китобхона Аброр Рустамов, – бо далелҳои раднопазир исбот кардаанд, ки дар асрҳои IX-X дар Самарқанди бостонӣ қариб бист мадрасаи олӣ вуҷуд дошта, дар тасарруфи онҳо китобхонаҳои оммавӣ низ фаъолият бурдаанд.
Донишгоҳи мо аз мадрасаи олии нуҷумшинос Мирзо Улуғбек сарчашма гирифтааст. Бо ин далел 21-уми сентябри соли гузашта донишгоҳ 610-солагии худро тантанавор таҷлил намуд.
Китобхонаи илмӣ-фундаменталӣ бо фармони нахустин ректори Донишкадаи педагогӣ А. Меркулович соли 1927 дар бинои факултети биология таъсис ёфтааст. Он замон ҳамагӣ се нафар ходим фаъолият бурда, фонди китобхона аз китобҳои чопи Маскав, Қазон, Саратов ва Боку иборат буд. Бо гузашти вақт хазинаи китобхона ғанӣ гардид.
– Ҳоло дар Маркази ахбори донишгоҳ 679 ҳазор номгӯй, зиёда аз ду миллиону 800 ҳазор нусха адабиёти гуногун мавҷуд аст. Дар шуъбаи шарқшиносӣ қариб 9 ҳазор нусха дастхат нигоҳ дошта мешаванд, ки ба шоиру донишмандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Имом Ғаззолӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ ва дигарон мансубанд. Маҳз дар ҳамин шуъба бо роҳбарии академик Ботурхон Валихоҷаев ташхисхона таъсис ёфта буд, ки дар он мутахассисон ва пажӯҳишгарон корҳои илмӣ мебаранд.
Вазифаи мо – ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва тарғиби мутолиаи китоб. Мақсади асосиамон тарбияи насли наврас дар рӯҳи замон ва мусоидат ба омӯзиши мустақилонаи онҳо мебошад. Бо пешрафти илму фан мо фонди китобхонаро пайваста бой мегардонем.
Хидматрасонӣ низ ба талаботи замон мутобиқ аст. Дар урфият мегӯянд: «Шунидан кай бувад, монанди дидан». Шумо метавонед бо ходими соҳибтаҷриба Ҷамила Содиқова, ки беш аз 40 сол боз ба хонандагон хидмат мерасонад, китобхонаро давр занед ва баъд таассуроти худро нависед.
Ин пешниҳод ҷолиб буд: Ҷамила Содиқова – роҳбалад ва ман мушоҳидакор. Маълум шуд, ки дар муассисаи мазкур 42 нафар мутахассис ба китобдӯстон хидмат мерасонанд.
– Дар бино 11 толори мутолиа ва 6 шуъбаи китобтақсимкунӣ дорем, – гуфт Содиқова. – Аксарияти мизоҷон донишҷӯёни муассисаҳои таълими олии Самарқанданд. Онҳо аз соати 8-и саҳар то 10-и шаб дар толорҳои хониш саргарми китобхонианд.
Ба сабаби рушди илму техника донишҷӯён ба маълумоти гуногун ниёз доранд. Аз ин рӯ, мо ба рақамисозии фонд рӯ овардем. Агар пештар барои дарёфти асари даркорӣ вақти зиёд сарф мешуд, ҳоло ҳамагӣ чанд дақиқа кифоя аст.
Ҳангоми ворид шудан ба толори васеъ, равшан ва хушҳаво мизу курсӣ қариб пур буд. Писарон ва духтарон саргарми мутолиа ва навиштан буданд, кормандон бошанд, оромона ба саволҳои хонандагон ҷавоб медоданд.
– Китобдорони қироатхона Раъно Ҳаитова ва Гӯзал Сувонова аз нигоҳи мизоҷон мефаҳманд, ки ба онҳо чӣ лозим аст, – гуфт Содиқова. – Мо ҳатто бо имову ишора ҳамдигарро мефаҳмем.
Ҳангоми ворид шудан ба шуъбаи нигаҳдории китобҳо ҷевонҳои пур аз асарҳои нависандагони ҷаҳон ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, чинӣ ва куриёӣ диққати моро ҷалб карданд.

– Чаро асарҳои тоҷикӣ каманд? – бо ҳайрат пурсидем мо. – Магар талабгор нест?

– На, масъала дигар аст, – гуфт Содиқова. – Дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон мошин-мошин рӯзнома, маҷалла ва китоб меомад. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳод ин ҳамкорӣ қатъ гардид. Ҳоло баъзе адибони самарқандӣ гоҳ-гоҳ китобҳои худро ҳадя мекунанд. Боз як масъала – хонандагони тоҷик каманд. Чанде пеш як қисми китобҳои тоҷикӣ ба Донишкадаи забонҳои Осиёи Марказӣ, ки дар назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба фаъолият сар кард, супорида шуданд.
Вале солҳои охир риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистону Эрон мустаҳкам гардидаанд. Чанд нафар кормандони мо ба китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, инчунин ба китобхонаҳои шаҳри Норак, Хуҷанд ва Панҷакент сафар кардаанд. Ҳамкасбони тоҷик низ меҳмони мо буданд.
– Ҳамчунин ҳамкорӣ бо Русия, Туркия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Фаронса, Италия, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо ба роҳ монда шудааст, – хулоса кард директори китобхона Аброр Рустамов. – Баъзе асарҳои заруриро тавассути интернет дастрас мекунем. Мақсади асосӣ мардумро китобхон кардан аст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик». 
Вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: