26-27 марти соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар намоишгоҳи муштараки байнисоҳавии Ӯзбекистон – Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар маросими кушодашавии чорабинӣ, ки бо ташаббуси Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар маҷмааи намоишии CAEx доир гардид, вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои кишварамон Лазиз Қудратов, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир иштирок карданд.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки ҳоло муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон пайваста рушд ёфта, ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд. Боиси эътироф аст, ки робитаҳои ду кишвари бародар на танҳо дар сатҳи сиёсӣ, балки дар самтҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дипломатӣ низ густариш меёбанд.
Муҳим он аст, ки ин намоишгоҳ низ ба майдони асосие табдил ёфтааст, ки иқтидори саноатии ҳар ду кишварро муаррифӣ менамояд. Дар намоишгоҳ, ки масоҳати 1300 метри мураббаъро дар бар мегирад, аз ҷониби кишвари мо беш аз 180 ширкат аз 15 соҳа, аз ҷумла нассоҷӣ, электротехника, фарматсевтика ва автомобилсозӣ, зиёда аз 450 навъи маҳсулотро пешниҳод мекунанд. Аз ҷониби Тоҷикистон бошад, зиёда аз 30 ширкат оид ба 10 соҳа тақрибан 200 навъи маҳсулотро ба намоиш гузоштаанд.
– Дар доираи мулоқотҳои навбатии роҳбарони ду давлат марҳилаи нав оғоз меёбад, яъне корхонаи нав боз гардида, ҷойҳои нави корӣ офарида мешаванд, – иброз дошт муовини директори корхонаи муштараки “Artel Electronics” оид ба истеҳсолот Аббос Имомалиев. – Дар натиҷа гардиши маҳсулот, инчунин, навъҳои маҳсулоти истеҳсолшаванда меафзояд. Ҳоло мо 9 навъи маҳсулот истеҳсол мекунем ва дар оянда истеҳсоли 15 намуди маҳсулот ба нақша гирифта шудааст. Арзиши умумии лоиҳаи корхонаи нав 15 миллион доллари амрикоӣ буда, дар истеҳсоли техникаи маишӣ марҳилаи муҳим хоҳад буд.
Бояд гуфт, ки намоишгоҳ ба таҳкими ҳамкории саноатии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон нигаронида шудааст. Тибқи барномаи чорабинӣ вохӯриҳои B2B ва G2B доир гардиданд, имкониятҳои содиротӣ муаррифӣ шуданд, инчунин оид ба бастани шартномаҳои қатъии тиҷоратӣ ва созишномаҳои дарозмуҳлати ҳамкорӣ байни субъектҳои хоҷагидории ду мамлакат музокирот анҷом ёфтанд.
Гӯзал САТТОРОВА,
мухбири ӮзА.