Ноҳияи Фориш аз нигоҳи ҳудуд тақрибан нисфи вилояти Ҷиззахро ташкил менамояд ва масоҳаташ аз вилояти Андиҷони водии Фарғона бузургтар аст. Вай соли 1935, азбаски он вақт Ҷиззах ҳанӯз вилоят набуд, дар таркиби вилояти Сирдарё таъсис ёфтааст. Ноҳия соли гузашта навадсолагии худро таҷлил кард.
Дар қаламрави он корхонаҳои базалт, семент аллакай ба истеҳсоли маҳсулот оғоз кардаанд, чандин корхонаи нави саноатӣ сохта мешаванд. Дар назар аст, ки баъди ба кор андохтани блокҳои Нерӯгоҳи атомӣ тайи панҷ-даҳ соли наздиктарин ноҳия аз нигоҳи иқтисодӣ пурқувват мегардад, аммо дар ҳоли ҳозир масъалаҳои ҳалталаб мавҷуданд. Ҳаллу фасли онҳо бо маслиҳату машварати фаъолон, пирони корозмудаву рӯзгордида имконпазир хоҳад буд.
Бо ҳамин мақсад ба қарибӣ ҳоким Соҳиб Саломов, ки ба ин вазифаи масъулиятнок ҳамагӣ чанд моҳ пеш таъин гардидааст, бо як гурӯҳ фаъолони Шӯрои пирони ноҳия суҳбат орост ва баробари баррасии роҳҳои ҳалли масъалаҳои муҳим, дар бораи нақшаву барномаҳои оянда низ ҳарф зад.
Фориш беш аз навад ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Қариб бист ҳазори он дар маркази ноҳия – шаҳраки Боғдон кору зиндагӣ мекунанд. Бо оби ошомиданӣ таъмин сохтани ин аҳолӣ аз масъалаҳои муҳим аст. Ғайр аз ин варзишгоҳи он ба таъмиру тармим ниёз дорад. Баъди пурра таъмир кардани он ҳаргуна чорабиниҳои идона, аз ҷумла, ҷашнҳои Наврӯз, Истиқлолро метавон дар ин майдони варзишӣ баргузор кард. Зеро гузарондани чунин тадбирҳо дар сайргоҳи «Қизилқир» рӯзҳои борон мушкилӣ ба миён меоварад.
Дар бадали солҳо роҳҳои мошингард, хоса шоҳроҳи Ҷиззах – Фориш, ҳамчунин аз роҳи аз Фориш то қаламрави ноҳияи ҳамсояи Нурато хеле ношоям гардидааст. Реҷаи сохтмони 114 километраи роҳи Ҷиззах – Фориш – Қизилча алъон дар ҳоли тасдиқ ва иҷро аст.
Дар ҷамъомад пирони ноҳия Ҷӯрабой Раҳимов – аз деҳаи Моҷарм, Урушбой Нурқулов аз маҳаллаи «Осмонсой» оид ба ҳалли масъалаҳои дар идораву муассисаҳо ҳар чӣ бештар бо кор таъмин намудани мутахассисони маҳаллӣ, коҳиш додани бекорӣ, сабук сохтани андоз аз заминҳои наздиҳавлӣ ва тутзор кӯмак пурсиданд.
Дар тарабхона барои 400 нафар пирон ва фаъолони ноҳия дастурхони эҳсон ба муносибати Иди фитр ва ҷашни Наврӯз густурда шуд.
Собир Эргашев,
Анорбой Назаров,
ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах.