Зинаи нави муносибатҳои бародарона

Халқҳои ӯзбек ва тоҷикро таърихи умумӣ, суннатҳои ҳаммонанди маънавӣ, эҳтироми тарафайн, ҳамсоягиҳои неки бисёрасрина пайванд мекунанд.

Солҳои охир муносибатҳои байни ду давлат дар пояи тамоилҳои эҳтироми дуҷониба, шарикии стратегӣ муттасил ривоҷ меёбанд. Туфайли иродаи сиёсии роҳбарони давлатҳо муносибати байни кишварҳоямон ба зинаи сифатан нав бардошта шуд.
Дар рушди риштаҳои бародарӣ ба комёбиҳои бемисл муваффақ гардидем, робитаҳои дуҷониба ба дараҷаи назаррас фаъолтар шуданд. Ба имзо расидани муоҳидаи байни Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон оид ба нуқтаи пайвасти ҳудудҳои давлатии се кишвар барои беҳтар шудани муносибатҳои ҳамсоягии нек роҳи васеъ кушод.
Барои мустаҳкам намудани муносибатҳои ҳамсоягии нек, эътимоди тарафайн ва ҳамаҷониба дастгирӣ намудани инкишофи барқарори минтақа баённомаи муштарак қабул карда шуд. Муоҳидаҳои баимзорасида барои ҳаллу фасли масоили бисёрсолаи сарҳад, мустаҳкам намудани истиқрор ва шарикӣ дар Осиёи Марказӣ қадами муҳим гардиданд.
Суръати устувори мусбӣ дар савдои тарафайн ба эътирофи махсус сазовор мебошад.
Робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар низ солҳои охир хеле фаъолтар гардиданд. Сафарҳои тарафайни ҳайатҳои парлумони ду мамлакат хусусияти доимӣ касб намуда, иртибот дар доираи гурӯҳҳои дӯстонаи парлумонҳо фаъолона инкишоф меёбанд.
Мувофиқи таклифи роҳбари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон омад, ки он дар муносибати байни халқҳои ӯзбек ва тоҷик баробари саҳифаи нав кушодан, баҳри беш аз пеш мустаҳкам шудани дӯстии бисёрасрина, ҳамсоягии нек ва эҳтироми тарафайн боз як қадами муҳим гардид.
Ба хусус таҳти сарварии роҳбарони ду давлат ҷамъомади нахустини Шӯрои олии байнидавлатӣ баргузор шуд, ки нафақат ба мувофиқ сохтани рӯзномаи ҷорӣ, балки ташаккул додани истиқболи ҳамкориҳои дарозмуҳлат, ба зинаи сифатан нав бардоштани ҳамкориҳои дуҷониба имкон фароҳам овард.
Самтҳои нави ҳамкории ҳамаҷониба муҳокима шуданд, роҳҳои имкониятҳои ҳанӯз истифоданашуда таҳлил гардиданд. Баҳри мустаҳкам кардани ҳамкории барои ҳар ду ҷониб муфид, ки ба таҳкими ҳамкориҳои судманди Ӯзбекистону Тоҷикистон суръати баланд мебахшанд, як қатор қарорҳои муҳим қабул шуданд. Ин дар навбати худ, ба пешрафти иқтисодӣ, зиёд кардани ҳаҷми савдо, афзун намудани корхонаҳои муштарак имкон медиҳад.
Аз тариқи эътимоди тарафайн ва ҳамҷиҳатӣ дӯстии байни ду халқ беш аз пеш мустаҳкам гардида, истиқрори ҳудудӣ таъмин мешавад. Аз ҳама муҳимаш ҷамъомади мазкур ва қарорҳое, ки дар он қабул шуданд, ҳамкориҳои тарафайни Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро ба зинаи нав мебардоранд. Ин бошад, барои пешрафти иқтисодии ҳар ду давлат, фаровонҳолии аҳолӣ ва тараққиёти минтақавӣ таъсири мусбат мерасонад.
Дар ҷамъомад савдои тарафайнро то соли 2030-юм ба 2 миллиард доллар расондан пешбинӣ гардид. Ин барои зиёд кардани ҳаҷми содирот ва воридот, кушодани бозорҳои нав ва васеъ намудани истеҳсолот такони хуб мегардад. Маълум аст, ки тиҷорат афзояд, корхонаҳо маҳсулоти бештар истеҳсол мекунанд. Ин, дар навбати худ, боиси фароҳам омадани ҷойҳои нави корӣ ва афзудани даромади аҳолӣ мегардад.
Ҳамкориҳо дар энергетика, идораи захираҳои об, нақлиёт ва бисёр соҳаҳои дигар ҳамаҷониба баррасӣ шуданд ва истиқболи онҳо мушаххас гардиданд.
Дар давоми ташриф роҳбарони давлатҳо дар маросими ба кор андохтани лоиҳаҳои бузурги кооператсионӣ низ иштирок карданд, дар натиҷа 10 лоиҳаи муштарак ба кор гузошта шуд. Пӯшида нест, ки ин бобати боз ҳам васеъ кардани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар суръати нав  мебахшанд.
Умуман, ташрифи мазкур нафақат барои мустаҳкам кардани муносибатҳои дуҷониба, балки боз дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ таъмин сохтани сулҳу салоҳ, истиқрор ва тараққиёти мунтазам низ аҳамияти махсус дорад.

Имомназар Турсунов, депутати Палатаи қонунгузории

Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: