Форуме, ки дӯстии ҷавононро дар худ муҷассам намуд

  • Форуме, ки дӯстии ҷавононро дар худ муҷассам намуд
  • Форуме, ки дӯстии ҷавононро дар худ муҷассам намуд

Дар Кохи эҷоди ҷавонони пойтахт маросими кушодашавии форуми созмонҳои ҷавонони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки ин чорабинӣ дар таҳкими минбаъдаи дӯстии байни ҷавонони ду кишвари ҳамҷавор ва равобити ҳамкории стратегӣ аҳамияти бузург дорад.
Дар он намояндагони Агентии кор бо ҷавонон, аъзои парламенти ҷавонон, модератороне, ки дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ натиҷаҳои баландро ба даст овардаанд, гурӯҳи ҷавононе, ки аз Тоҷикистон ташриф овардаанд, инчунин, вакилони тиҷоратӣ, ки дар соҳаи IT фаъолият мебаранд, иштирок карданд.
Дар оғози чорабинӣ дар бораи муносибатҳои ҳамкории гуногунҷабҳаи байни ду кишвар навори кӯтоҳ намоиш дода шуд. Сипас, ҷонишини раиси Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон Қодирҷон Асадов меҳмононро хайрамақдам гуфта, дар фаъолияти иштирокдорони форум комёбиҳо таманно намуд. Дар навбати худ муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Умедҷон Раҳимзода дар бораи дурнамои рушди ҳамкории ҷавонони ду кишвар изҳори назар намуд.
Дар форум ба масъалаи технологияҳои муосир диққати махсус дода шуд. Бахусус, мутахассиси тоҷикистонӣ Тоҳир Саидзода дар баромади худ дар бораи истифодаи васеъ аз зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти имрӯза сухан кард. Аз ҷумла, роҷеъ ба иловаи “Ameena”, ки истеҳсоли ширкати муҳандисии “Саидзода” мебошад, маълумот дод ва мувофиқи барномаи мазкур бо кумаки зеҳни сунъӣ созмон додани имконияти омӯзиши забонҳои ҷаҳонӣ ва халқҳои бародарро таъкид намуд. Боз яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар форум мавриди баррасӣ қарор гирифт, тарғиби тарзи ҳаёти солим буд. Намояндаи ташкилоти ғайридавлативу ғайритиҷоратии “Ҳамсол бо ҳамсол” Нигора Валихӯҷаева дар мавриди баланд бардоштани фарҳанги тиббӣ байни ҷавонон, ба тарзи солимии ҳаёт сафарбар намудани онҳо ва дар ин бора вусъат додани ҳамкории байналхалқиро таъкид намуд.
Дар анҷоми чорабинӣ иштирокдорон  бо мақсади мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ бо ҳам аз наздик шинос шуданд. Дар доираи рӯзи аввали форум меҳмонон шаҳри Тошкандро тамошо карданд ва барномаи меҳмондорӣ ташкил шуд.
Хулоса, чорабинии мазкур на танҳо барои мустаҳкам намудани робитаҳои байни ҷавонон, балки ба зинаи нав баровардани муносибатҳои дӯстонаи ҷавонони ду давлат хидмат хоҳад кард.

Форум 28 март кори худро анҷом медиҳад. 

Г. Кабирова,

хабарнигори “Овози тоҷик”.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: