Таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар диёри мо идома дорад. Баргузории Рӯзҳои маданияти Тоҷикистон дар ҷумҳуриамон, хоссан ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мамлакати мо Наврӯзро боз ҳам пуршукӯҳтар намуд.
26 март саҳн ва гирду атрофи бинои Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон аз ҳаррӯза серфайзтар ба чашм метофт. Гуфтугӯи фарҳангии ӯзбекону тоҷикон шавқбахш, сермазмун ва пурмуҳтаво сурат гирифт.
Дар доираи чорабинӣ намояндагони соҳаи фарҳанги ду кишвар барои хидматҳои арзанда дар рушди ҳамкории ҳамаҷониба ва муносибатҳои дӯстонаи ҳамсоягӣ, бахусус саҳми арзанда дар рушди муносибатҳои фарҳанги ду давлат бо орденҳои “Дӯстлик” ва “Дӯстӣ” қадрдонӣ карда шуданд.
Аз ҷумла, барои саҳми арзанда дар рушди муносибатҳои фарҳангӣ байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон роҳбари Маркази миллии мадании тоҷикони ҷумҳурӣ Гуландом Субҳонова бо ордени “Дӯстӣ”-и Тоҷикистон, ҳамзамон барои хидматҳои сазовор дар рушди ҳамкории ҳарҷониба ва муносибатҳои дӯстонаи ҳамсоягӣ байни ду кишвари ҳамҷавор, тарғиби мусиқии аҷдод, ки барои ҳарду халқ то андозае муштарак аст, роҳбари ансамбли шашмақоми “Нури ниёгон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғди Тоҷикистон Шуҳратҷон Набиев (писари Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев) бо ордени “Дӯстлик”-и Ӯзбекистон мукофотонида шуданд.
Навъе таъкид гашт, ин гуна тақдирсозиҳо ҷиҳати фаъолияти бисёрсола ва самараноки эҷодӣ, саҳм дар рушд ва тарғиби фарҳанг, иштироки фаъолона дар рӯнамоии мероси бойи фарҳангиву маънавӣ дар доираи байналхалқӣ дар баробари рӯҳбаландии бузург бахшидан ба шаҳрвандони фидоии ду кишвар ба боз ҳам мустаҳкамтар шудани риштаҳои дӯстӣ байни бародархалқҳо мусоидат хоҳад намуд.
Мо аз номи алоқамандони “Овози тоҷик” роҳбари Маркази мадании тоҷикони ҷумҳурӣ Гуландом Субҳоноваро бо мукофоти арзишманд муборакбод менамоем.
Ш. МУҲАММАД