Марказҳои миллӣ - гаҳвораи арзишҳои умумибашарӣ

  • Марказҳои миллӣ - гаҳвораи арзишҳои умумибашарӣ
  • Марказҳои миллӣ - гаҳвораи арзишҳои умумибашарӣ
  • Марказҳои миллӣ - гаҳвораи арзишҳои умумибашарӣ

Дар кишвари бисёрмиллати мо ҷиҳати ҳифзи анъанаҳои миллӣ, урфу одат ва арзишҳои миллии тамоми миллат ва халқиятҳо, таъмини бардавомии онҳо шароити зарурӣ офарида шудаанд.

Аз ин боис дар мамлакатамон намояндагони миллатҳои гуногун дар муҳити якдилӣ, ҳамҷиҳативу ҳусни тафоҳум умр ба сар мебаранд.
Алъон дар вилояти Самарқанд фаъолияти 11  маркази миллии маданӣ ба роҳ гузошта шудааст.  Дар онҳо бинобар нигоҳ доштан ва равнақ додани мероси маънавии ғановатманди миллатҳо имкониятҳои васеъ мавҷуд. Хусусан, дар хонаи Дӯстии шаҳри Самарқанд барои марказҳои мадании миллӣ хонаҳои хидматӣ ҷудо карда шуда, дар осорхонае, ки фаъолият мебарад, либосҳои миллӣ ва ашёи таърихии 11 халқ маҳфуз дошта мешавад.

Аз ҷумла, Маркази миллӣ-мадании тоҷикон ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд соли 2004 ташкил гардида, дар даврае, ки гузашт, дар роҳи ҳифзи урфу одатҳои миллӣ, дастрас гардондани онҳо ба авлоди оянда ва мустаҳкам намудани дӯстии байни миллатҳо фаъолияти самаранок пеш бурда мешавад.
Назар ба таъкиди роҳбари марказ Шуҳрат Самадов, тоҷикону ӯзбекон аз қадим ақрабо ва дӯсти наздик буда, забон,урфу одат ва арзишҳояшон ҳамоҳангӣ касб намудааст. Аз ин боис, дар фаъолияти марказ низ таҳкими якдиливу ҳамҷиҳатӣ вазифаи устувор қарор гирифтааст.
Айни замон дар мамлакатамон чорабиниҳои ҷаш-ни умумихалқии Наврӯз идома дорад. Аъзои марказ низ барои ба тарзи анъанаҳои хоси миллӣ қайд кардани Наврӯз ҳамаҷониба омодагӣ дидааст. Наврӯз ба сифати рӯзи бузурги муттаҳидкунандаи халқҳо, эъзози арзишҳо ва ҳамҷиҳатиро таҳкимбахшанда васеъ таҷлил мешавад.

Дар суратҳо: дар Маркази миллӣ-мадании тоҷикон ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд.

Суратгир: А. Исроилов (ӮзА).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: