ё пешгирӣ аз заъф
Синдроми Даун бемории модарзодӣ буда, бо дараҷаҳои гуногуни заъфи ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдакон тавсиф мешавад.
Аз маълумоти муътамад бармеояд, ки ин касалӣ дар яке аз ҳар 650 кӯдак мавҷуд аст. Беморӣ соли 1866 ба шарафи духтури англис Ҷон Даун, ки нишонаҳои ин синдромро аввалин шуда кашф карда буд, номгузорӣ шудааст. Аз афзоиши миқдори хромосомаҳо ба вуҷуд омадани он соли 1959 аз ҷониби генетики фаронсавӣ Жером Лежен собит гардид.
Дар натиҷаи тадқиқоти чандинсола вобастагии синдроми Даун аз синну соли модар муайян карда шуд. Яъне мушаххас гардид, ки синни миёнаи модари кӯдакони бо ин синдром таваллудшуда 33 сол аст. Аммо кӯдакони гирифтори синдроми Даун аз модарони 19 сола низ таваллуд мешаванд.
Аз соли 2006 инҷониб, 21 март ҳамчун Рӯзи кӯдакони гирифтори синдроми Даун қайд карда мешавад. Ин сана беҳуда интихоб нашудааст.
Мо бо мутахассиси соҳа – шифокори Беморхонаи марказии бисёрсоҳавии табобати кӯдакони вилояти Намангон, руҳшинос Эркинҷон Бозоров оид ба синдроми Даун, аломатҳои он, роҳҳои пешгирӣ ва табобати беморӣ суҳбат кардем.
– Дар маркази тиббии скринингии вилоят мутахассисони соҳаи генетика бо воситаҳои махсуси техникӣ занони ҳомиларо аз тафтиш мегузаронанд. Асосан дар ҷараёни санҷишҳо мавҷудияти ин беморӣ маълум мешавад.
Дар чунин беморон паталогияҳои зерин: атрезияи дувоздаҳангушта (басташавӣ), варам кардани гурдаҳо, кӯтоҳ шудани дасту пойҳо, норасоии инкишофи панҷаҳо, нуқсонҳои модарзодии дил, гипотелоризм (кам шудани масофаи байни чашмҳо), фишори косахонаи сар мушоҳида мешаванд, – мегӯяд Эркинҷон Бозоров.
– Оё ин беморӣ имрӯз низ вуҷуд дорад?
– Айни замон бинобар рушди тиббиёт муайян кардани синдроми Даун ҳанӯз дар бачадон имконпазир аст. Вале ба сабаби дар баъзе беморхонаҳо набудани технологияҳои замонавӣ, мутахассисони бомалака ё аз сабаби сари вақт аз муоинаи тиббӣ нагузаштани занони ҳомила он то ҳол мушоҳида мешавад.
– Муолиҷаи чунин модарон оё имконпазир аст?
– Беморони ба синдроми Даун гирифтор дар тӯли тамоми ҳаёташон ба муоинаи махсуси тиббӣ эҳтиёҷ доранд. Дар ҳамаи кӯдакон дараҷаҳои гуногунии ақибмонии рӯҳӣ ҳаст. Кӯдакони гирифтори ин беморӣ тамоми умр чун кӯдак мемонанд. Онҳо зоҳиран ҳамеша шоду хандонанд, вале ба саробон эҳтиёҷ доранд. Аз ин ҷост, ки онҳоро «кӯдакони хуршедӣ» меноманд ва онҳо 30-40 сол умр мебинанд.
– Чунин беморон оё таҳсил гирифта метавонанд?
– Оре, баъзеи онҳо метавонанд хонанд, нависанд ва вазифаҳои одиро иҷро кунанд. Баъзеи дигар ин корҳоро танҳо таҳти назорати калонсолон иҷро мекунанд. Онҳо метавонанд дар гурӯҳҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ, ки дар муассисаҳои таълими томактабӣ ташкил шудаанд, таҳсил кунанд. Баъдтар дар мактабҳои махсус мувофиқи барнома оид ба ақибмонии рӯҳӣ таълим мегиранд. Мақсад аз таълими беморони синдроми Даун ба онҳо омӯзондани сабақи худкифоӣ ва баъдан кумакрасонӣ барои дар ҷомеа ҷойи худро пайдо кардани онҳост.
– Оё ба онҳо ба ҳаракатҳои ҷисмонӣ машғул шудан, бо ҳамсолони худ бозӣ кардан ё дар мусобиқаҳо иштирок намудан мумкин аст?
– Фаъолияти ҷисмонии онҳо хеле маҳдуд ва сода аст. Аз ҷумла, бозӣ дар иҳотаи ҳамсолон қобили қабул нест, зеро онҳо муносибатҳоро дарк намекунанд ва дар нақши тамошобини одӣ мемонанд.
– Ба модарони оянда ё ҳомила чӣ маслиҳат медиҳед?
– Онҳо, пеш аз ҳама, бояд ба гигиенаи тиббӣ риоя ва мувофиқи он амал кунанд. Сабаби пайдошавии бемории синдроми Даун, асосан ба тозагиву озодагӣ вобаста аст. Аз ин рӯ, ҳар ҷуфт, яъне зану шавҳар бояд ба қоидаҳои тозагӣ қатъиян риоя кунанд.
– Барои суҳбати пурмазмуну муфид ташаккур.
– Саломат бошед.
Суҳбаторо Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.