Симои номварони таърих

Нӯшервони одил ва Бузургмеҳр

Қорун ҳалок шуд, ки чиҳил хона ганҷ дошт,

Нӯшервон намурд, ки номи накӯ гузошт.

Шайх САЪДӢ.

Нӯшервон – Хусрави Анӯшервон – шоҳаншоҳи сулолаи Сосониён, мулаққаб ба Додгар, ки бистуякумин шоҳи сосонӣ буда, солҳои 531-579 ҳукумат рондааст, дар адабиёти бадеӣ (паҳлавӣ) ҳамчун шоҳи одилу раиятпарвар ва оқилу донишманд машҳур гардидааст. Асарҳои оид ба дини зардуштӣ, ки ба забони паҳлавӣ (форсии миёна) иншо шудаанд, номи ӯро ба одилӣ шуҳрат карданд. Туфайли тарҷумаи асарҳои паҳлавӣ ба забони арабӣ симои Нӯшервони одил ба осори муаррихони исломӣ низ ворид гардидааст. Симои ӯ ҳамчун шоҳи адолатпарвар, аз ҷумла дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Хамса»-и Низомӣ, «Қобуснома»-и Кайковус... тасвир шудааст.

Мувофиқи нақлу ривоятҳо Бузургмеҳр шахси оқилу доно ва бомаърифату хирадманд,  ҳамеша ҷонибдори адолат ва ободии мулк будааст. Ӯ (вафоташ соли 590) дар аҳди сосониҳо умр ба сар бурда, вазири Нӯшервони одил будааст ва аз худ рисолае дар боби ахлоқу ҳикмату тарбия боқӣ гузоштааст.

Афсона, нақлу ривоят, қиссаю ҳикоятҳои хурди панду ахлоқӣ, латифаҳои зиёде мансуб ба Нӯшервон ва вазири ӯ – Бузургмеҳр ба эҷодиёти шифоҳӣ ва хаттии Арабу Аҷам роҳ ёфтаанд.

Инак, ба сифати намуна ҳикояте аз пурсиши Нӯшервон ва посухи Бузургмеҳр:

Овардаанд, ки Нӯшервон аслан одил набуда, балки золим будааст. Дар аҳди салтанати ӯ раият пароканда, мулк табоҳ мегардад. Бузургмеҳр вазири Нӯшервон таъйин ва аз пайи тараққию ободии мулку осудагии халоиқ мешавад.

Нӯшервон бо Бузургмеҳр ба мақсади шикор сафар мекунанд ва дар роҳ бисёр деҳаҳои вайрону харобро дида, дар ҳайрат мемонанд. Ҳангоми гузаштан аз як деҳаи хароб мебинанд, ки дар болои девори фарсудае ду ҷуғз бо ҳам мунозараю муноқаша доранд.

Нӯшервон ба вазир мефармояд:

– Ту забони мурғонро медонӣ, бигӯ, ки инҳо чӣ мегӯянд?

Бузургмеҳр пас аз гӯш кардани гуфтугӯйи мурғон ба Нӯшервон рӯй меоварад:

– Яке аз ҷуғзҳо писару дигараш духтар дорад. Соҳиби писар мехоҳад бо ҷуғзи духтардор аҳди хешӣ (қудоӣ) бандад. Соҳиби духтар ба ин розӣ нест ва шарт мегузорад, ки бар ивази хешӣ ба ман дувоздаҳ деҳаи харобгардидаро маҳр медиҳӣ. Соҳиби писар розӣ шуда мегӯяд, ки агар дар мамлакат Нӯшервон подшоҳу Бузургмеҳр вазир бошанд, дувоздаҳ не, балки дувоздаҳ ҳазор деҳаи вайронаю харобро медиҳам.

Нӯшервон, ки тафсилоти суҳбати мурғонро аз вазир шунид, мегӯяд:

– Зулму беадолатии ман танҳо ба халоиқ не, балки ба парандаҳои дашт ҳам асар кардааст. Аз он замон Нӯшервон аз зулм даст кашида, одилиро пеша кардааст ва то ҳадде амониро барқарор намудааст, ки гургу меш аз як ҷӯй об мехӯрдаанд. Баъд аз он ӯро Нӯшервони одил номидаанд.

Таҳияи Собир ЭРГАШЕВ,

омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Фориш.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: